Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.

Коррупсия имрӯз чӣ дар адабиёти илмӣ ва чӣ дар сатҳи муносибатҳои сиёсии давлат дар ҷомеа мавриди баҳсу мунозираи илмиву ҳаётӣ қарор гирифтааст.

Мафҳуми коррупсияро дар маънии пора, ришва, порадиҳӣ ва ришвахӯриву ришвадиҳӣ, ришвадиҳӣ дар шакли туҳфа ва ғайраҳо маъмул медонанд ва истифода мебаранд.

Воқеан, дар баъзе мавридҳо ибораи фасод, фасодкорӣ ва фасодзадагии одамон дар ҷомеа ва ҳатто худи давлат ва ҷомеа низ мавриди истифода қарор дода мешавад. Тибқи муқаррароти сархати якуми моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, таҳти №1714 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» зери мафҳуми коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин, ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.

Пешгирӣ аз корҳои коррупсионӣ - маънои андешидани маҷмуи чораҳо ва тадбирҳоест, ки барои маҳдудсозӣ, камсозӣ ё пурра аз байн бурдани амалҳои фасоди давлатӣ ва маъмурӣ равона шудааст.

Коррупсия бо як ниҳод маҳв намешавад он, муборизаи умумиҷамъиятиро талаб менамояд.

Барои пешгири намудан аз корҳои коррупсионӣ бояд муборизаи умумиҷамъиятиро талаб намоем ва аз роҳҳои асосии пешгирии коррупсия истифода намоем:

  1. Баланд бардоштанӣ назорати ҷамъиятӣ ва расонаӣ, васл кардани ҷомеа ба муборизаи корҳои коррупсионӣ.
  2. Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ахлоқии кормандони давлатӣ, чунки шахсони мансабдор метавонанд аз вазифа ва мароми худ ба корҳои коррупсионӣ даст зананд.
  3. Ташкили низоми шаффоф дар идоракунии шакли давлатӣ.
  4. Таъмини дастрасии шаҳрвандон ба маълумоти фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба корҳои коррупсионӣ.
  5. Қонунгузории сахт оид ба қатъ намудани амалҳои коррупсионӣ.
  6. Аз ҳама самти асосии пешгирии корҳои коррупсионӣ ин сохтори сатхи зиддикоррупсионӣ мебошад, ки вазифаи муҳимро мебозад.

Дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои суиистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд.

Агар садди роҳи инро нагиранд коррупсия ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал гашта, дар натиҷа иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ, бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ, оварда мерасонад. Маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода бурда намешаванд, бахусус ҳангоми тақсимоти давлатии қарзҳо ва фармоишҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо, ки дар ниҳояти кор проблемаҳои буҷавии кишварро афзун менамояд. Нархҳои фурӯши чакана ва яклухт аз ҳисоби хароҷотҳои иловагии коррупсионӣ, яъне санҷишҳои назоратии беасос гарон мегарданд, ки ин ба бадшавии ҳолати моддии истеъмолкунандагон, иқлими сармоягузорӣ ва пастравии истеҳсолот сабаб шуда, ба болоравии сатҳи камбизоатии қисми зиёди аҳолӣ мусоидат намуда, ба тақсимоти дороиҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад. Инчунин дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Дар фарҷом ҳамин нуқтаро зикр кардан зарур аст, ки ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.

Дар умум, бояд пеш аз ҳама мо ҷавонону наврасон дар шакли умумиҷамъиятӣ бар зидди коррупсия мубориза барем ва давлату миллати худро аз корҳои хавфноку ношоям ва фасод муҳофизат намоем.

Мутриба Умарзода -

донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-25010402, кори бонкии ДДМИТ