КИТОБ БЕҲТАРИН ЁВАР ВА МАСЛИҲАТГАРИ ИНСОН
14 феврал Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) дониста мешавад. Ин рӯз шуруъ аз соли 2012 дар зиёда аз 100 давлати ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин санаи маърифатӣ дар муассисаи фарҳангии мамлакат барномаю маҳфилҳо доир мешаванд. Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гардидааст, балки ин рӯз пешниҳодшудаю ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад.
Бе китоб кӯр аст инсон, бе китоб хурд аст инсон,
Дар ҳар давру ҳар замон, бо китоб зӯр аст инсон.
Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул башад, чизеро талаф намедиҳад, баръакс бунёди луғавиаш бою ғанӣ мегардид. Китоб ба инсон беҳтарин розҳову роҳҳо, маълумотҳо ва маъхази зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари беминнати кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.
Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Дар баробари боз намудани саҳифаи аввали китоб дари илму дониш, хираду фарҳанг, маърифату саодат боз мегардад ва бевосита моро ба олами маънавӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон, ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабутареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Аз мутолиаи ин байти пурмазмун бармеояд, ки танҳо шахси донишманд метавонад асрори ҷаҳонро омӯзад, метавонад бо дониши бузурги худ хубро аз бад, некро аз зишт, камбудию норасоиро аз афзунию бартарӣ тафовут диҳад. Барои омӯхтани илм истифода кардан аз ганҷинаи бепоён ва дурри гарон китоб истифода бурдан, ниҳоят бамаврид аст, зеро китоб инсонро дар олами ҳастӣ роҳ нишон медиҳаду соҳибэҳтиром ва соҳибобрӯ мегардонад.
Китобро дар омӯхтани илму адаб арзандатарин ва пояндатарин маъхаз мешуморанд. Бузургон таъкид кардаанд: “Мутолиаи китоб роз аст, онро ҳамеша амалӣ кардан асос аст. Агар ту як умр ба ҳамин кор машғул шавӣ, магӯй, ки хато кардаӣ, зеро як ҳаёт ба ҳамин кор машғул шудаам, бо сабабе, ки мехоҳам инсон бошам”.
Аз ин ҷо бармеояд, ки инсон аз тамоми ҷузъҳои табиату ҷамъият маҳз тавассути ақлу фаросат ва заковати бузурги худ фарқ мекунад. Лек заковату ақли бузург бе мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд. Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам, маъхази бузурги илм китоб аст. Китоб дар ҳаёт чун омӯзгори ҳақиқии инсонҳо буда, армуғони бузургеро мемонад. Китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму андӯҳ озод мегардад.
Манзура ҲАСАНОВА,
мудири кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng