КАДРҲОИ ҶАВОН - КАФИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
Дар шароити ҷаҳони муосир рушди устувори ҳар як давлат бе тайёр ва дастгирӣ намудани кадрҳои ҷавон ғайриимкон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва ташаккули кадрҳои ҷавони соҳибкасб таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин самт яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа, ояндаи давлат ва кафили пешрафти он мебошанд. Бо назардошти ин, Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки кадрҳои ҷавон бояд дорои дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ бошанд. Маҳз бо чунин ҷавонон метавон давлатдории миллӣ ва истиқлоли кишварро ҳифз ва таҳким бахшид.
Бо ташаббуси Сарвари давлат дар кишвар даҳҳо барнома ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки ба дастгирии ҷавонон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос равона шудаанд. Барномаҳои давлатии рушди маориф, илму техника, сиёсати ҷавонон, ҳамчунин, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ далели равшани ин ғамхорӣ мебошанд. Имрӯз ҷавонон дар мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва илм фаъолона кору фаъолият доранд.
Яке аз иқдомҳои муҳим - фароҳам овардани шароити таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Бо дастгирии давлат ҳазорон ҷавон дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил намуда, баъдан барои хизмати содиқона ба Ватан ҷалб мегарданд. Ин сиёсати дурандешона ба ташаккули кадрҳои ҷавони рақобатпазир дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Илова бар ин, Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро ба худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҳидоят мекунанд. Таъмини ҷойи кор, дастгирии ташаббусҳои соҳибкоронаи ҷавонон ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди қобилиятҳои онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Хулоса, метавон гуфт, ки кадрҳои ҷавон дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон заминаи боэътимод барои ташаккули насли нави мутахассисони варзида ва ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Масъулияти ҷавонон бошад, истифодаи дурусти ин имкониятҳо ва хизмати софдилона ба Ватан аст.
Маҳтоб ҲАМИДОВА -
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng