Имрӯз зеҳни сунъӣ ба яке аз воситаҳои калидӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, амният ва дигар самтҳои муҳими кишвар табдил ёфтааст. Истифодаи он ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, сарфаи оқилонаи захираҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои ба аҳолӣ пешниҳодшаванда мусоидат мекунад. Ҳамзамон, технологияҳои муосир барои суръат бахшидан ба рушди давлату давлатдорӣ мусоидат менамояд. Маҳз ҳамин раванд шароит фароҳам овард, то инсоният тавассути технологияҳои муосир ба илму афкори донишмандони асрҳои пеш дастрасӣ пайдо намуда, ҳамзамон, дар заминаи таҳлилу баррасӣ онҳоро такмил ва коркард намоянд. Зеҳни сунъӣ ин фанновариест, ки тариқи технологияи компютерӣ қобилияти иҷро кардани вазифаҳое мебошад, ки танҳо инсоният метавонист онҳоро ба тарзи фикр ва омӯзиш иҷро кунанд. Ба чунин вазифаҳо шомиланд: шинохтани садо, акс, матн, қабули қарор ва ҳатто пешгӯии рӯйдодҳо. Ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ ин омӯзонидани қобилиятҳои “фикр кардан” ва “омӯхтан” аст. Аслан, зеҳни сунъӣ ба кам кардани истифодаи қувваи меҳнат тавассути технологияи навини компютер оварда мерасонад. Меҳнат ҳамчун раванд бештар тавассути технологияи рақамӣ ва компютер идора ва амалӣ мегардад.

Дар садсолаи охир рушди илм ба ташаккулии технологияҳои гуногун замина фароҳам оварда бо истифода аз технологияҳои муосир коркарди иттилоот, тавлидот ва паҳн намудани он дар ҷомеа ба роҳ монда шуда, андеша ва назарияҳои илмӣ сол то сол такмил ёфта истодааст. Технологияҳои ривоҷёфтаи муосир барои суръат бахшидан ба рушди давлату давлатдорӣ мусоидат менамояд.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин давлатест, ки 29-уми сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди зеҳни сунъи”-ро қабул намудааст. Иҷроиши ин Стратегия то соли 2040-ро дар бар гирифта, масъулияти таъмини иҷрои онро Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бар душ дорад.

Коршиносони ҷомеаи мо иқдоми гирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, бовар доранд, ки Тоҷикистон қадами асосиро ҷиҳати рушди рақамикунонии иқтисод мегузорад.

Истифодаи неруи зеҳнии дар фаъолияти олимону пажуҳишгарон ҳамеша натиҷаи хубу боарзиш медиҳад. Зеҳни сунъӣ як навъ ихтирои инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои кулли башар як чизи хеле муҳим ва зарурӣ гардидааст. Олимону муҳаққиқон истифода аз зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳо хеле зарур ва муҳим меҳисобанд. Дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба соҳаҳои гуногун натиҷаи босамар додааст.

Дар бозори меҳнат ба ғунҷоиши зеҳнии инсонҳо, ки бо илмҳои муосир шакл гирифтааст, эҳтиёҷ бештар мегардад. Зеро имрӯз бо истифода аз зеҳни сунъӣ, компютерҳои истифодашаванда ғунҷоиши коркарди миллионҳо мегабайт иттилоотро дар як сония дорад, ки ақли инсон дорои чунин ғунҷоиш нест. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули технология ба инсонҳои донишманд бештар такя карда мешавад, аммо дар ҳама давлатҳо дар самти омода намудани мутахасисони сатҳи баланд мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Тамоми таҳқиқот ва омӯзишу пажуҳишҳое, ки олимону муҳаққиқон онро анҷом медиҳанд, дар оянда имкон медиҳад то зеҳни сунъӣ бо истифода аз онҳо аз ҳар ҷиҳат аз инсон бартарӣ дошта бошад. Зеро зеҳни сунъӣ бо истифода аз ин дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ҳифзу таҳлили миқдори зиёди иттилооту маълумот ғунҷоиши анҷом додани амалҳое, ки инсон дар амалӣ намудани он оҷиз аст, соҳиб мегардад. Чунин як ғунҷоишҳо имкон медиҳанд, то дар бисёр соҳаҳои фаъолият зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд.

Мақсади зеҳни сунъӣ таҳияи алгоритмҳо ва амалҳое мебошад, ки метавонанд зеҳни инсонро тақлид кунанд ва вазифаҳои гуногунро ҳал кунанд. Ба вуҷуд овардани системаҳои зеҳни сунъӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ба инсонҳо осон ва табиӣ мебошанд. Системаҳои зеҳни сунъӣ барои мошинҳо ва алгоритмҳо бо истифода аз усулҳои дарёфт ва таҳлил маълумот, омӯзиш ва истилоҳот, қароргирӣ ва дигар вазифаҳои иншоотӣ имконпазир аст.

Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои марбут ба он дар ҷаҳони муосир як қисми ҷудонашавандаи рушди илмӣ ва технологӣ мебошанд. Ин технологияҳо дар ҳолати кунунӣ бо суръат рушд мекунанд ва таъсири амиқе ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонӣ доранд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун на танҳо барои пешрафти технологӣ, балки барои рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти асоси дорад. Дар соҳаи тиҷорат ва молия, истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳлили рафтори истеъмолкунандагон ва пешгӯии раванди бозор, он метавонад шароити беҳтаре барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва стратегияи иқтисодӣ муҳайё кунад, ки дар натиҷа ин ҳолат ба суръат ва самаранокии рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтор ҳам бо истифода аз нақлиёти худидорашаванда ва системаҳои интеллектуалӣ барои идоракунии роҳҳо ва ҳаракати одамон ва борҳо дар бораи таҳлили маълумотҳои нақлиётӣ барои беҳтар кардани системаи нақлиёт таъсири амиқ хоҳанд дошт.

Соли 1956 дар Коллеҷи Дармути ИМА муҳаққиқи амрикоӣ Ҷон Маккарти дар конференсия бахшида ба механикунонӣ аввалин шуда, истилоҳи «зеҳни сунъӣ»-ро истифода намуд. Соли 1958 барномаи зеҳни сунъӣ бо номи «Лисп» пешниҳод гашт, ки муаллифи он Ҷон Маккарти буд.

Дар даврони Шуравӣ академики Академияи илмҳои ИҶШС (СССР) Поспелов Г.С. навишта буд: «Ба таври оммавӣ ворид намудан ва истифодаи мошинаҳои электронии ҳисоббарор ва роботҳо дар хоҷагии халқ, низоми идоракунӣ, раванди лоиҳакашӣ ва сохтори низоми нави техникӣ зеҳни сунъиро дар мадди аввал гузошта, ба бунёди низоми саноати интеллектулӣ оварда расонид». Ҳамин тавр, дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввалин компютер бо номи «Агат» дар асоси микропротсессори APPIE ихтироъ шуд. Маҳз, пайдоиши компютерҳо ба рушди зеҳни сунъӣ роҳ кушоданд. Ба он таҳқиқоти математик ва криптогарфи англис Алан Тюринг-бо номи «Бозии интеллектуалии шоҳмот» асос гузошт.

Аз рӯи пешгӯиҳои Рэймонд Курствейл то соли 2029 зеҳни сунъӣ тести Тюринро мугузарад, ки аз шуури инсонӣ фарқ карда намешавад. Тести Тюринг соли 1950 аз ҷониби Алан Тюринг барои фарқ кардани зеҳни сунъӣ аз шуурнокии одам пешниҳод гашта буд. Дар баробари ин яке аз масоили мураккаб ин таъмини амнияти иттилоотӣ ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад, чунки фарқияти байни зеҳни сунъӣ аз ақли инсонӣ хеле душвор мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намудааст, ки дар ин замина, аллакай якчанд корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 2023 дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку зимни суханронӣ изҳор намуданд: «Дар марҳалаи дар пеш истода дар амал татбиқ намудани зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи Барнома бошад. Дар чорчӯбаи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, ки соли гузашта қабул гардидааст, кишвари мо дар ин самт иқдомоти мушаххас андешида истодааст. Пешниҳод дорем, ки дар пойтахти Тоҷикистон Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад. Истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ҷузъи таркибии рушди иқтисоди кишварҳои мо мебошад. Мо дар Тоҷикистон барои марҳала ба марҳала рақамӣ кардани ҳамаи соҳаҳои иқтисод, идораи давлатӣ ва тиҷорат саъю талоши зарурӣ ба харҷ дода истодаем. Консепсия ва Барномаи рушди «иқтисоди рақамӣ» қабул шудаанд. Пешниҳод дорем, ки дар чорчӯби барномаи “СПЕКА” ҳамкории ҷонибҳо барои рақамикунонии мубодилаи гуногунвасилаи маълумот ва санадҳо оид ба самтҳои транзитӣ дар долонҳои минтақавии нақлиётӣ фаъол карда шавад».

Дар баробари ин, барои рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат соли равон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд.

Дар Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ихтисоси “зеҳни сунъӣ” таъсис дода шудааст ва омӯзгорони соҳа оид ба зеҳни сунъӣ аз такмили ихтисос гузаштанд.

Муминзода Сабурҷон Маҳмад,

ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғурта