Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ғамхории бевоситаи Сарвари давлат ҷиҳати таъмини зиндагии осоиштаву шоистаи мардум пайваста талош менамояд. Намунаи ин гуна ғамхориҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 мебошад, ки баъдан дар таҳрири нав қабул гардид.

Қонуни мазкур, пеш аз ҳама, баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳар як шаҳрванди кишвар равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки бе шакк метавон онро қонуни миллӣ ном бурд.

То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар ва нигаронкунанда буд. Аз сабаби паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон ҷашн гирифта шаванд, ба маъракаҳои серхароҷот табдил ёфта, ба сабади истеъмолии хонаводаҳо зарари ҷиддӣ ворид менамуданд. Ин ҳама натиҷаи зоҳирпарастӣ ва таассуб ба ҳамдигар буд, ки гӯё ба як шоу табдил ёфта буд. Бисёр оилаҳо бо андешаи ботили «ман аз ҳамсоя ва ё хешу таборам чӣ камӣ дорам?» пояшонро аз кӯрпаашон фаротар дароз намуда, бо қарзу қавола маъракаҳои ҳангуфти серхароҷот мегузаронданд ва билохира аз бонкҳову ёру ошно қарздор шуда, ба хонасалотӣ мерасиданд.

Хушбахтона, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», он боиси фароҳам омадани файзу баракат дар хонадонҳо гардида, муҷиби коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат гардид.

Мусалламан, ҳама он дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Пешвои миллат ҷиҳати некуаҳволии мардум мавриди амал қарор мегиранд, дар ниҳоят бар суди шаҳрвандони мамлакат анҷом мепазиранд. Аз ин рӯ, тасмиму ибтикороти Сарвари давлат ҳар фарди дилогоҳу худшинос ва сипосгузор аз ин сиёсати оқилонаи иҷтимоиро водор месозад, ки дар қатори дигар қарору қонунҳои гуманистӣ, дастгириву ҷонибдорӣ ва мусоидат ба амалишавии қонуни мазкурро боз ҳам бештару хубтар намуда, баҳри риоя гардидани он саҳми босазои худро гузорад.

Салмон МАҚСАДУЛЛОЗОДА,

донишҷӯи соли дуюми факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ