Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба эътидол омадани вазъи ҷанги шаҳрвандӣ, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.

Ба ҳамин тартиб, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуда, ҳамасола дар сартосари Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Барои Тоҷикистони тозаистиқлол, ки бо ҷанги дохилӣ, яъне ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида буд, зарурати таъсисдиҳии Қувваҳои Мусаллаҳ пеш омад, ки он тавоноии таъмини Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва оромиву осудагии мардумро дошта бошад.

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шуруъ намуд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (солҳои 1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

Бо мурури замон, Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз неруҳои пурқудрат табдил ёфт, ки гувоҳи равшани кӯшишу ғайрати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу амният, осоиштагии ҳаёти мардум, мустаҳкам кардани марзу буми кишвар буд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи соҳибистиқлолӣ буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият намоему дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Давоми солҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштаанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромию осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азизамон собитқадамона рушду такомул ёфта истодааст.

Бо дастгирии бевоситаи Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи таъсисёбиии Қувваҳои Мусаллаҳ неруи бузурги низомӣ, артиши қудратманди Тоҷикистони азизамон саҳми босазо гузоштаанд. Аз ин хотир, бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии кишвар ҳамасола бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз фурсат, ба фарорасии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, сохторҳои низомӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати меҳнатии донишгоҳро табрику муборакбод мегӯем!

Биё, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,

Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем.

Канораш гарму роҳатбахш чун домони мо дархост,

Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем!

Умеда БОЛТАЕВА,

сардори шуъбаи 2-юми ДДМИТ