Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад, ки ба рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди мардум ба давлат таъсири манфӣ мерасонад. Коррупсия одатан ҳамчун истифодаи нодурусти мансаб ё ваколат барои манфиати шахсӣ фаҳмида мешавад ва метавонад дар ҳама сатҳҳои ҷомеа, аз идораҳои хурд то сохторҳои баландпоя вуҷуд дошта бошад. Оқибатҳои коррупсия хеле хатарноканд буда, он пеш аз ҳама, ба иқтисодиёт зарари калон мерасонад: маблағҳои давлатӣ нодуруст истифода мешаванд, сармоягузорӣ коҳиш меёбад ва имкониятҳои баробар барои соҳибкорон аз байн мераванд. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ афзоиш ёфта, нобаробарии иҷтимоӣ шиддат мегирад. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ бошад, коррупсия эътимоди мардумро ба давлат ва адолат коҳиш дода, боиси ноумедӣ ва бетарафии шаҳрвандон мегардад.

Коррупсия амали номатлуби ҷомеа маҳсуб мегардад, дар мухолифат бо он нақши тарбияи сиёсию ҳуқуқӣ ҳамчун омили муҳими ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ зиёд аст. Бояд зикр намуд, ки рафъи чунин амали номатлуби ҷомеа аз арзиши хоси иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию маънавӣ бархӯрдор мебошад, чунки коррупсия дар роҳи инкишоф ва рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеаи муосир монеаи басо ҷиддӣ мебошад.

Имрӯзҳо масъалаи муқовимат бо коррупсия яке аз мубрамтарин мушкилоти ҷомеаи кунунӣ мебошад, зеро дар низоми идоракунии давлатӣ доираи амалҳои коррупсионӣ ба миқёси таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ расидааст. Зарурати таҳлилу тадқиқи сабабу хусусиятҳои пайдоиши коррупсия ба яке аз масоили умда, мубрам ва доғи рӯз табдил ёфтааст.

Ҳар як шаҳрванд бояд масъулияти шахсии худро дарк карда, аз додани ришва худдорӣ намояд ва нисбат ба ин масъала бетараф набошад. Танҳо бо ҳамкории давлат ва ҷомеа метавон коррупсияро коҳиш дода,  заминаи рушди одилона ва устувори кишварро фароҳам овард. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии коррупсия баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон мебошад. Агар мардум ҳуқуқҳои худро донанд ва аз ришва додан худдорӣ намоянд, имконияти коррупсия кам мешавад. Ҳамчунин, назорати ҷамъиятӣ, озодии матбуот ва шаффофияти фаъолияти идораҳои давлатӣ дар мубориза бо ин кирдор нақши муҳим доранд.

Илова бар ин, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои мустақил ва созмонҳои ҷамъиятӣ бояд боз ҳам фаъолтар гардад. Вақте ҷомеа дар бораи амалҳои коррупсионӣ огоҳ аст ва ба онҳо вокуниш нишон медиҳад, фазои беҷазоӣ коста мешавад.

Барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ҳуқуқии мардум махсусан ҷавонон, тавассути барномаҳои таълимӣ, маъракаҳои иттилоотӣ ва расонаҳо метавонад ба шаклгирии фарҳанги зидди коррупсионӣ дар ҷомеа мусоидат кунад. Дар баробари ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ВАО бояд ҳамчун абзорҳои назоратӣ ва таҳлилгар дар ин мубориза фаъол бошанд. Ҷомеае, ки дар он мардум ба амалҳои коррупсионӣ вокуниш нишон намедиҳад ва барои адолат талош меварзад, зери таъсири фасод камтар қарор мегирад.

Хулоса, коррупсия яке аз мубрамтарин мушкилоти ҷомеа ба шумор меравад. Риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, амалӣ намудани он аз ҷониби ҳамагон ҳатмӣ мебошад. Маҳз тавассути ҳамкорӣ ва мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имконият пайдо мекунад, ки сабабу омилҳои ҷинояткориро муайян карда, фаъолияти муташаккилонаи худро ба бартараф намудани чунин сабабу омилҳо равона намояд. Бинобар, ин мо шаҳрвандон талош кунем, то ин мушкилотро аз ҷомеа решакан намуда, дур созем, то ки дар оянда таъсири манфии он ба насли наврас нарасад. 

Мавзуна САИДОВА,

н.и.ф., муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ