Одамрабоӣ яке аз ҷиноятҳои хавфнок ва мураккаби замони муосир ба ҳисоб меравад, ки ба пояҳои асосии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҷиноят бо вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, амният ва қадру қимати шахсӣ алоқаманд буда, хисороти ҷиддии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва равонӣ ба бор меорад. Одамрабоӣ аксаран бо мақсадҳои гуногун, аз қабили гирифтани фидя, истифодаи маҷбурии меҳнат, истисмори ҷинсӣ, савдои инсон ва дигар шаклҳои манфиатҷӯӣ анҷом дода мешавад.

Дар аксари ҳолатҳо, одамрабоӣ ҳамчун ҷинояти муташаккил дар шакли гурӯҳӣ сурат мегирад. Гурӯҳҳои ҷинояткор бо истифода аз фиреб, таҳдид, зӯроварӣ ё суиистода аз ҳолати осебпазири шаҳрвандон одамонро ба доми худ мекашанд. Бештар қурбониёни ин ҷиноят занон, кӯдакон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсоне мебошанд, ки дар шароити душвори иҷтимоӣ қарор доранд. Ин омилҳо сабаб мегарданд, ки одамрабоӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд ва минтақаҳои дорои мушкилоти иқтисодӣ бештар паҳн шавад.

Яке аз сабабҳои асосии афзоиши ҷинояти одамрабоӣ рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ, муҳоҷирати фаъол, бекорӣ, камбизоатӣ ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Аз нигоҳи ҳуқуқи ҷиноятӣ, одамрабоӣ ҳамчун амали ҷиноятии вазнин эътироф гардида, барои он ҷавобгарии сахт пешбинӣ шудааст. Дар қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ одамрабоӣ ҷинояте маҳсуб меёбад, ки бояд бо тамоми воситаҳои ҳуқуқӣ пешгирӣ ва ошкор карда шавад. Дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва Протоколи иловагии он оид ба пешгирӣ, саркӯб ва ҷазо додани савдои одамон, давлатҳо уҳдадор шудаанд, ки чораҳои муассир барои ҳифзи қурбониён, ҷазо додани гунаҳкорон ва ҳамкории байналмилалиро роҳандозӣ намоянд.

Таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки муборизаи муваффақ бо одамрабоӣ танҳо дар асоси муносибати маҷмуӣ имконпазир аст. Дар баъзе кишварҳо барномаҳои миллӣ қабул шудаанд, ки тамоми соҳаҳоро аз пешгирӣ то барқарорсозии қурбониён-дар бар мегиранд. Қонунгузории чунин давлатҳо бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шуда, барои ҷинояткорон ҷазоҳои сахт пешбинӣ менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мубориза бо одамрабоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Қонунгузории кишвар барои содир намудани ин ҷиноят ҷазоҳои сахт муқаррар намуда, ҳамзамон, чораҳои пешгирикунандаро пешбинӣ мекунад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини ҷойҳои корӣ, ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи роҳҳои асосии коҳиш додани ин зуҳурот мебошанд.

Илова бар ин, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат ва таъмини дастрасӣ ба маориф метавонанд омили муҳими пешгирии ин ҷиноят бошанд. Маориф на танҳо дониш медиҳад, балки сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд мебардорад, ки ин худ омили муҳофизат аз ҷинояткорӣ мебошад.

 Ҳамин тариқ, одамрабоӣ ҳамчун ҷинояти иҷтимоию иқтисодӣ мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб рафта ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияти ҷомеа ва рушди давлат таҳдид мекунад.

Миҷгона МИРҲАЙДАРОВА,

ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ