Либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳамаи давру замонҳо зинатбахши занону модарони тоҷик буданд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб меёфтанд, тарк накунед.

                     Эмомалӣ Раҳмон

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги ҳар як миллат ба шумор меравад. Он на танҳо воситаи пӯшиш, балки ойинаи таърих, ҷаҳонбинӣ, завқи зебоишиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.  

Либоси миллии тоҷикӣ низ таърихи бисёр қадима дошта, аз насл ба насл ба мерос мондааст. Таърих гувоҳ аст, ки занон–модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд.

Боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба занҳои тоҷик муроҷиат намуда, таъкид кардаанд: “Як бор ба тарзи либоспӯшии модарони худамон нигарем, магар ягон нуқсоне дорад?”.

Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеа баъзе аз занону духтарон ба фарҳанги бегона тақлид намуда, либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷик бегонаро ба бар мекунанд, ки чунин рафтори онҳо қобили қабул намебошад. Чунки мардуми моро ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар навбати аввал аз рӯйи либоспӯшиашон мешиносанд. Аз ин рӯ, мо занону бонувон мувофиқа бо фарҳангу тамаддуни хоса ба тақлидкориву бегонапарастӣ роҳ надиҳем, дарвоқеъ, миллати тоҷик унсурҳои миллии хоси худро дорад. Ба бар намудани либоси миллӣ аз кас маҳорат ва маърифату фарҳанги хосро талаб мекунад.

Бояд зикр намуд, ки баробари фарорасии фасли зебои баҳор аз ҷониби занону духтарон талабот ба либосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атласу адрас хеле зиёд мешавад, ки ин, албатта, бесабаб нест. Зеро ба бар намудани либоси миллӣ бо нақшҳои зебо ва гуногунрангии худ ба ҳусни худододи занону духтарони тоҷик ҳусни дигар зам намуда, ҳисси зебоипарастӣ ва табъи хушу болидаи бонуи тоҷикро боз ҳам меафзояд. Либос зеби одам мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “одаму либос, хонаву палос”.

Вобаста ба ин гуфтаҳо яке аз ҳунарҳои волои мардуми тоҷик кашидадӯзӣ ё гулдӯзии чакан мебошад. Чакан таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба тарзи зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад. Чакан ҳамчун либоси миллӣ диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, моҳи ноябри соли 2018 он ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид. Халқи тоҷик, воқеан ҳам, либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии хоси худро дошта, дар ин замина, моро дар ҷодаи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тули қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гӯлдузии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад.

Ҳар як ҷузъи либоси миллӣ дорои маънии махсус аст. Нақшҳои гулдӯзӣ, ки дар либосҳои миллӣ истифода мешаванд, рамзи табиат, муҳаббат, зиндагӣ ва фарҳанги мардумиро инъикос мекунанд. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум зиёд гардидааст.

Либоси миллӣ дар ҷашнҳо ва маросими миллӣ нақши муҳим мебозад. Дар Наврӯз, ки яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки мардуми тоҷик бо либосҳои рангоранг ва зебо ба кӯча мебароянд ва дар рақсҳо ва сурудҳои анъанавӣ иштирок мекунанд. Ҳангоми тӯйҳо ва дигар маросими муҳим либоси миллӣ ҳамчун рамзи ифтихор ва ҳувият истифода бурда мешавад.

Либоси миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ маъруфият пайдо мекунад. Барномаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои мӯд ва фестивалҳои байналмилалӣ, ки дар дар кишварҳои гуногун баргузор мешаванд, имконият медиҳанд, ки либоси миллии тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад. Ин намоишҳо на танҳо зебоии либоси миллиро нишон медиҳад балки фарҳанг ва таърихи бою пурғановати тоҷиконро низ таҷассум мекунанд.

Хулоса, либоси миллии тоҷикӣ ганҷи бебаҳои миллатӣ мост. Он таърих, фарҳанг, завқи зебоишиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷиконро дар худ таҷассум мекунад. Ҳифз, омӯзиш ва тарғиби либоси миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад, зеро миллате, ки фарҳанги худро ҳифз мекунад, ояндаи дурахшон дорад.

Бибигул ДАВЛАТЁРОВА,

омӯзгори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор