БИЁ, ЭЙ ҲАМВАТАН ТО ҶОНФИДОИ ИН ВАТАН БОШЕМ!
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тули ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ кардаанд. Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд ва дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд.
Таҷрибаи таърихи башарӣ собит менамояд, ки яке аз пояҳои устувори низоми давлатдорӣ сипоҳи муназзаму мукаммали он ба ҳисоб меравад. Маҳз артиши муназзаму устувор кафолат медиҳад, ки низоми давлатдорӣ ва тамомияти арзӣ нигоҳ дошта шавад. Суботи сиёсӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ аз сатҳи касбият ва рушди низоми ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.
Сарфи назар аз вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилие, ки дар кишвар идома меёфтанд, таъсис додани Артиши миллӣ барои кишвари мо кори саҳл набуд, вале Тоҷикистони тозаистиқлол дар баробари чунин бардхурдҳои шадиди ҳарбию сиёсӣ, ки кишварро таҳдид мекарданд, истодагарӣ намуда, ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар баромаду суханрониҳои худ бевосита таъкид мекунанд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд. Бо мурури замон, Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз неруҳои пурқудрат табдил ёфт. Ин албатта кушишу ғайрати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу амният, осоиштагии ҳаёти мардум, мустаҳкам кардани марзу буми кишвар буд.
Ҳамасола яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, дар кишвар бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад. Рӯзи Артиши миллӣ дар ҳоле таҷлил карда мешавад, ки сокинони мамлакат зери рӯҳбаландӣ ва таассуроти бузурги Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати амалӣ намудани нишондодҳо ва ҳадафҳои асосии он ҷаҳду талош намуда истодаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат, сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Дар ин раванд, барои насли ҷавонони Ватани азизамон муҳимтарин мактаби обутоб ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз, хизмати ҳарбӣ барои ҳаёти ҳар як ҷавонписар мактаби омӯзиши шуҷоату мардонагӣ буда, заминаи азхуд намудани арзишҳои муқаддастарини ҳаёт, меҳвари густаришдиҳандаи эҳтироми Ватан ва ватандорӣ, омили содиқона муҳофизат кардани марзу буми Тоҷикистони биҳиштосоямон ба шумор меравад. Ин аст, ки тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон ва мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ ҳаматарафа ташаккул меёбад.
Артиши миллӣ нишон аз ҳастии давлату миллат буда, он ҳамчун рукни муҳим дар пойдории амнияту ҳифзи марзу буми кишвар ва сипари боэътимоди Ватан фаъолият менамояд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43-юм омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Дар ҳақиқат ҳам, ҳифзи ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад.
Бояд ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба Савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.
Савриддин ЯТИМОВ,
Ҳадиятуллои НЕЪМАТУЛЛО,
ассистентони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ
Тоҷ
Рус
Eng