“Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияи нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиаҳои иноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”

Эмомалӣ РАҲМОН

      Дар шароити ҷаҳони муосир рақамикунонӣ ва инноватсия яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб мешаванд.  Тоҷикистон низ дар доираи сиёсати давлатии худ ба рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани саводнокии  рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва такмили идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки иқтисодиёти рақамӣ роҳи ягонаи пешрафти устувор ва рақобатпазирии мамлакат дар асри XXI мебошад. Рақамикунонӣ ва инноватсия ҳамчун стратегияи миллӣ барои рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон нақши калидӣ мебозанд. Ин раванд имкон медиҳад, ки мамлакат ба иқтисодиёти муосир, рақобатпазир ва дорои имкониятҳои васеъи рушди иҷтимоиву технологӣ табдил ёбад. Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар ин самт таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои афзалиятдорро муайян карда, барои пешрафти иқтисод ва беҳбудии зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат, баробари дигар самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ҳамин буд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид. Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки яке аз омилҳои рушд ва татбиқи ҳадафмандонаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ин тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳа ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна ба 7,7 фоиз расидааст.

Гузариш ба рушди автоматикунонӣ ва иқтисодиёти рақамӣ дар ҷомеаи чаҳонӣ бо экосистемаҳо ва платформаҳои рақамӣ алоқаманд буда, истифодаи зеҳни сунъӣ унсурҳои асосиро дар бар мегирад, ба монанди васеъ кардани соҳаҳои рақамисозӣ, ҳамгироии технологияҳои пешрафтаи  IT, ташаккули сармояи оқилонаи инсонӣ, ки омезиши бунёди нано - технологияҳо, био - технологияҳо ва самти иҷтимоию гуманитарӣ бо миёнарави платформаҳои рақамиро дар бар мегирад.    Мафҳуми “иқтисоди рақамӣ” ва “пули рақамӣ” ҷузъи луғати рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, шореҳони иқтисодӣ, коршиносон ва сиёсатмадорон мебошанд. Ин истилоҳ бори нахуст 25 сол пеш аз ҷониби профессор Николас Негропонте (Донишгоҳи технологии Массачусетс, ИМА) муаррифӣ шуда буд, аммо то ҳол таърифи дақиқе мавҷуд нест, ки ба эҷоди монеаи ҷиддӣ дар роҳи консептуализатсияи он мусоидат кунад. Эҷод ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар бисёре аз кишварҳои пешрафта, аз ҷумла дар Тоҷикистон, вақтҳои охир мақоми самти асосии рушди миллӣ дар сатҳи давлатӣ ва коорпоративиро касб кардааст.    Истифодаи васеи автоматикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ дар татбиқи технологияҳои рақамӣ муддатҳои тӯлонӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонид, равиши рушди иқтисодиёт тамоми самтҳои ҷомеаро дар маҷмӯъ муайян кард. Ин аст, ки рушд ва ташаккули иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои афзалиятноки аксари кишварҳо эътироф шудаанст.

 Иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун соҳаи таъсирбахш дар тамоми самтҳо ба ҳисоб меравад, ки технологияҳои муосир ба ҳама самтҳои иқтисодиёт ва фаъолияти иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ яке аз шаклҳои нави ҳаёт, моделҳои нави пешбурди тиҷорат ва ташкили ҷараёнҳои истеҳсолоти нав мебошад. Тавваҷуҳ ба иқтисодиёти рақамӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки технологияи иттилоотӣ дар рушд намудани тамоми кишварҳои ҷаҳон аҳамияти рузафзун пайдо намудааст. Фаъолияти иқтисоди рақамӣ яке аз фаъолиятҳои иқтисодие ба ҳисоб мераванд, ки дар он маълумотҳои рақамӣ коркард карда мешаванд.

Воситаҳои таълимию методии “Иқтисоди рақамӣ” бошанд, барои омӯзиши рушди иқтисодиёти рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ пешбинӣ шудаанд. 

Ҳамин тариқ, бо дар назардошти масъалаҳои муҳими “Иқтисоди рақамӣ” ширкатҳои қтисодиро зарур аст, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобат пайдо намуда, фаъолияти технологияи иноватсионӣ ва технологияи рақамиро ба роҳ монда, рушди ҳукумати электрониро дар тамоми самтҳои афзалиятноки мамлакат ташаккул диҳанд.

 

Олим ХИДИРОВ,

муҳосиби калони

бахши молу амволи

Раёсати молия ва муҳосибот