Дар замони имрӯза, дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон - нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

Коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз муҳимтарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Таърихи башар  гувоҳї додааст, ки аз аввал то ба имрўз пур аз мисолҳои вобаста ба ришваситонӣ мебошад, вале таҳқиқи илмии ин зуҳури номатлуби иҷтимоӣ асосан дар охири садаи бистум оѓоз гардид. Замоне ки муаррихон ҷузъиёти ин ё он зуҳур ва падидаи ришвахӯриро ба қайд мегирифтанд, андешаи ҷомеа дар атрофи он ҳамчун як амали дур аз ахлоқ, ки тобиши ҷиноятомез дорад, ташаккул меёфт.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар таърихи тамаддун якчанд ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Ба андешаи бисёр олимон, нишонаҳои аввалинро дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то мелод), ҳамчунин дертар дар қонунҳои машҳури шоҳ Хаммурапи дучор омадан мумкин аст, ки яке аз бандҳояш чунин аст:   «Агар одам амволи худо ё қасрро дуздида бошад, ин одам бояд кушта шавад; ҳамчунин оне, ки аз дасти вай чизи дуздиро гирифт, бояд кушта шавад».  Дар ин ҷо сухан дар бораи тороҷи мансабї, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсӣ ва аз худ кардани амволи дар натиҷаи ҷинояти коррупсионӣ ба даст овардашуда меравад.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Маънои луѓавии коррупсия “фасод” буда, ин мафҳум ҳанӯз дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишиён ба вуҷуд омада буд. Куруши Кабир ба муқобили фасод ва порахӯрӣ хеле зиёд мубориза бурда буд. Пора истилоҳи форсӣ - тоҷикӣ буда, аз замонҳои қадимтарин дар истифода вуҷуд дошт. Аз забони арабӣ калимаи “ришва” вориди забони тоҷикӣ шуда, баъдан дар адабиёт маъмул гашт.

Дар китоби “Ғиёс-ул-луғот” ин мафҳум ба маънои зайл омадааст: “Ришват - он чӣ ба касе диҳанд, то корсозии баноҳақ кунад ва дар форсии қадим онро пора гӯянд”. Зиёда аз як аср аст, ки истилоҳи “коррупсия” аз забони русӣ вориди забони мо шудааст.  

  Дар Машриқзамин, яъне давлатҳои исломии имрӯза пораситониро “фасоди молӣ” низ меноманд. Аввалин бор кай, дар куҷо пораро кӣ дода ва кӣ онро қабул кардааст, то ҳол маълум нашудааст.

Дар Маѓрибзамин бошад, мафҳуми «коррупсия» (аз лот.corruptio - вайрон кардан, харида гирифтан) дар ибтидо амалҳои ашхосеро, ки ҳадафашон вайрон сохтан, халал расонидан ба рафти муътадили мурофиаи судӣ ё раванди идоракунӣ ба корҳои ҷомеа буд, ифода мекард. Минбаъд зери мафҳуми «коррупсия» харидани шахсони мансабдор, фурӯхташавандагии амалдорон, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсиро мефаҳмидагӣ шуданд.

 Дар сарчашмаҳои таърихии Юнон ва Рими қадим низ коррупсия хотиррасон мешавад. Масалан, дар ёдгории ҳуқуқии Рим Таблисаи 1Х.З. Авл. Гелия, Шабҳои аттикї, XX, 17 омадааст: «Наход ту қарори судро дар хусуси додани ҳукми ќатл ба он судя ва миёнрав, ки барои баррасии парванда таъин шуда буданду оид ба ин кор ришваи пулӣ гирифтанашон фош шуд, бераҳмона шуморӣ?»

Ҳанӯз якчанд аср қабл яке аз мутафакирони бузург Ш.Л Монтеские гуфта буд; «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ, тартиботи хуби ҷаъмиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мегардад. Ин мушкилотро мо метавонем яке аз масъалаҳои глобалӣ эълон намуда дар роҳи несту нобуд ва решакан намудани он тамоми сайру кушишро ба харҷ диҳем».

    Дар асрҳои миёна мафҳуми «коррупсия» боз ҳам васеътар паҳн мешавад. Арбоби намоёни сиёсии он замон Никколо Макиавелли коррупсияро ба беморие шабоҳат додааст, ки дар ибтидо фаҳмиданаш душвору табобаташ осон ва дертар аллакай фаҳмиданаш осону табобаташ қариб имконнопазир аст.

То ҳатто оид ба коррупсия динҳои ҷаҳонӣ низ аќидаи худро иброз намудаанд, ки коррупсияро маҳкум карда, аз ҷумла паёмбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: “Ришвагиранда, ришвадиҳанда ва миёнарави байни ҳарду дар оташи дӯзаханд”. Дар љои дигар Паёмбари ислом ин ашхосро сазовори лаънати Худованд хондааст.

Сарчашмаи пораситонӣ ба замонҳои қадим рост меояд. Дар ҷомеаи ибтидоӣ ва давлатҳои нахустин додани маблағи муайяне ба коҳин ё рӯҳонӣ ба анъана даромада буд.

Тайи солҳои охир ҷомеаи имрўза ба як қатор мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳалли худро тақозо мекунанд. Аз ҷумлаи ин мушкилиҳо боло рафтани сатҳи зуҳуроти коррупсионӣ мебошад, ки ба амнияти давлату миллатҳо, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар умум ҳаёти инсоният таҳдид менамояд.

Коррупсия дар ҷаҳони муосир, дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.  Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Таҳќиќи масъалаи мазкур нишон медиҳад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, бахусус оид ба гирифтану додани пора, азонихудкунии маблағҳои давлатӣ, истифодаи мақоми хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғайра аз ҷониби кормандони соҳаҳои мухталифи давлатӣ корҳои назаррас амалӣ гардид.

Боиси ќайд аст, ки коррупсия дар радифи дигар зуҳуротҳои зиддиҷамъиятӣ, ҳамчун сабаби коҳишёбии реҷаи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, адолат ва боварии мардум ба давлат ва қобилияти давлатро дар ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои қонунии аҳолӣ халалдор менамояд, мегардад. Мубориза ба ин падидаи номатлуб дар тамоми давру замон диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст, чунки он ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо метавонад таъсири фоҷиабори худро расонад.  Мубориза бо коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи масъул ва муҳим мебошад. Ин мубориза бояд дар ҳама сатҳ аз сиёсат ва қонунгузорӣ то фарҳанг ва технология роҳандозӣ шавад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия натанҳо амали ахлоқӣ, балки зарурати ҳаётӣ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ мебошад. Танҳо тавассути ҳамоҳангсозии тадбирҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои нав, таҳкими қонун ва бедории иҷтимоӣ дар заминаи фарҳанги воло метавонем бо коррупсия самаранок мубориза барем ва рушди устувори ҷомеа ва давлатро таъмин намоем.

Барои татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар ин соҳа пурзӯр намудани интизоми молиявӣ, истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва муборизаи беамон бо ҷинояткории коррупсионӣ зарур шуморида мешавад. Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Он барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ошкор ва бартараф намудани шароити коррупсионӣ, пешгирии кӯшишҳои фароҳамоварии имкониятҳое, ки метавонанд боиси ҳолатҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ гарданд, равона карда мешаванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.

Амалисозии чунин тадбирҳо ба раванди тараққиёти кишвар алалхусус дар самти беҳтар намудани идоракунии давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчунин дар соҳаи такмилдиҳии минбаъдаи қонунгузории муқовимат ба коррупсия зарурияти раднопазир мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирї кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд роҳандозӣ карда шавад.

Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин амали номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Биноан, мақомоти марбута ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.

 

Акрамҷон Мирзоев -

муаллими калони кафедраи

фанҳои гуманитарии ДДМИТ,

унвонҷўи Пажуҳишгоҳи рушди маорифи

ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон