Ба ҳамагон маълум аст, ки 13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд [2].

Бо қабули ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера ба мақсади пешбурди ҳамкориҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ ба вежа тавассути баргузории тадқиқот ва мониторинги илмии алоқаманд ва талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.

Дар ин қатънома аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба криосфера барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дарҷ гардидааст. Бо ташаббуси Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо санаҳои 29-31-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид [3].

Бояд қайд намуд, ки оид ба ташаббуси қабули даҳсолаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки санаи 11 июни соли 2024 дар ш. Душанбе баргузор гардидааст, аз кишварҳои узви СММ даъват ба амал оварданд, то аз ин ташаббус пуштибонӣ намоянд. Пешбарии ин ташаббус аз натиҷаҳои Нишасти қутбии “Як cайёра”, ки он 8 ноябри соли 2023 дар ш. Париж баргузор гардидааст, бармеояд [3].

Боиси зикр аст, ки бо қабули ташаббуси мазкур нақши боризи кишвар дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит гардида, кишварҳои узви СММ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар доираи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034” иброз намуданд [7].

Криосфера - қисми қабати географии Замин аст, ки об дар он дар ҳолати ях (сахт) қарор дорад, яъне ин қабати яхӣ, оби яхкардашуда, ки дар намудҳои: яхҳои баҳрӣ, яхбандии дарё ва кӯл, барфҳои доимӣ 22, пиряхҳо, сарпушиҳои яхбандӣ, сипарҳои яхбандӣ ва хоки яхбаста (аз ҷумла, яхбандии абадӣ - пермафост) мавҷуданд. Криосфера як ҷузъи муҳими низоми иқлимӣ буда, дар танзими ҳарорати Замин, инъикоси радиатсияи офтоб ва ташаккули гардиши атмосфера ва уқёнусҳо нақши калон дарад.

Дар ҳар яке аз ин намудҳо об муддати муайян дар ҳолати сахт мемонад. Сарпӯши барф, яхбандӣ ва яхҳои дар дарёҳою ва кӯлҳо мавсимӣ мебошанд, яъне бо фаслҳои сол пайдо мешаванд ва кам мешаванд. Дар навбати худ, устувории яхҳои бахрӣ (ба ғайр аз яхҳои қисми марказии уқёнуси Шимолӣ) чандин сол давом мекунад [2].

Дар ҳамин ҳол, сипари яхбандӣ ё яхҳои зеризаминӣ аз 10 000 то 100 000 сол ё бештар аз он яхбаста боқӣ мемонад. Гумон меравад, ки ях дар қисматҳои Антарктидаи Шарқӣ ҳатто метавонад беш аз як миллион сол дошта бошад [2].

Антарктида, махсусан яхбандии Шарқии Антарктида то 90% ҳаҷми яхи ҷаҳонро дар бар мегирад. Дар нимкураи шимолӣ, инчунин, майдони калонтарини барф ва ях дар зимистон мавҷуд аст (дар зимистон, криосфера тақрибан 23% сатҳи нимкураро ишғол мекунад) [2].

Криосфера дар ташаккули системаи иқлими Замин нақши муҳим мебозад. Барф ва ях қисми зиёди радиатсияи офтобро инъикос намуда, сайёраро терморегулятор мегардонанд. Илова бар ин, ҷойгиршавии барфу ях ба тафовути ҳарорати атрофи Замин марбут аст, ки омили ташаккули бодҳо ва ҷараёнҳои уқёнусӣ мебошад.

Ҷузъҳои криосфера асосан дар минтақаҳои қутбӣ вомехӯранд, аммо онҳо қариб дар арзҳои гуногун пайдо мешаванд ва нишондиҳандаҳои таъсирбахши тағирёбии иқлими глобалӣ мебошанд. Аз рӯи вазн, яхи хушкӣ дар маҷмуъ тақрибан 75% оби тозаи рӯи заминро дар бар мегирад [2].

Яхҳо об мешаванд ва қисми зиёди оби ҳосилшуда ба уқёнус меафтад. Ин чиз барои олимон таваҷҷуҳи хоса дорад ва ҳадафи таҳқиқоти густарда аст, зеро пиряхҳои Гренландия ва Арктика метавонанд ба баланд шудани сатҳи баҳр мутаносибан 7 ва 57 метр мусоидат кунанд [2].

Коршиносон қайд менамоянд, ки «дар пеши назари мо мавзуи криология - илми криосфера тағйир меёбад; доираи манфиатҳои он чунин соҳаҳои гуногун, монанди пайдоиши ҳаёт ва зиёд кардани самараи кишоварзӣ, тадқиқи кайҳони наздик ва сабти воқеаҳои таърихиро дар бар мегирад. Барои ба қадри кифоя фаҳмидани ҳамдигар ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои ҳалталаби байнисоҳавӣ дастгоҳи мафҳумӣ (консептуалӣ)-ро такмил додан, қобилияти консепсияҳо (фаҳмишҳо)-ро зиёд кардан зарур аст.

Дар айни замон, аз марзҳои сунъии байни фанҳо дур шудан, ба моҳият ва ва мазмуни мавзуъ, усулҳои тадқиқоти он бо назардошти дастовардҳои навтарини илмҳои дигар нигоҳи васеъ ва панорамӣ гирифтан ва ташаккул додани минбари як самти нави фалсафӣ дар онтология-криософия махсусан муҳим аст [4, 106].

Моҳияти криософия дарк кардани ҷой ва нақши материяи сард дар пайдоиш ва таҳаввулоти мутақобилаи материя ва энергия дар коинот, дар пайдоиш ва нигоҳдории ҳаёт мебошад. Он бояд хусусиятҳои умумии муҳимтарини криосфераро бо тамоми зуҳуроташ ва муносибатҳои бунёдии он бо дигар қисмҳои Олам омӯзад, ҳам равишҳои классикиро дар омӯзиши низомҳои одии физикию химиявӣ ва ҳам синергетикиро дар омӯзиши мавҷудоти мураккаб ва зинда, ки дониш ҳосил мекунанд ва усулҳои логистикаи иттилоотиро, ки донишро дар бораи дониш ҳосил мекунанд, истифода барад [4, 105].

Криософия - самти илмест, ки криосфераро меомӯзад. Он равандҳои зеринро таҳқиқ мекунад: пайдоиш ва ташаккули барфу пирях, динамикаи пирях, яхбандии абадӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба минтақаҳои яхпӯш. Яъне, агар криосфера объекти омӯзиш бошад, крисофия илме мебошад, ки онро меомӯзад.

Хулоса, криосфера ҳамчун қисми қабати географии Замин маҷмуи ҳамаи обҳои Замин аст, ки дар ҳолати ях (сахт) қарор дорад. Ба он пиряхҳо, яхҳои баҳрӣ, дарё ва кӯл, яхбандии абадӣ дохил мешаванд. Криосфера дар танзими иқлим ва ҳарорати Замин нақши муҳим дарад.

Криософия самти илм аст, ки криосфера, яъне барфу ях ва равандҳои вобаста ба онҳоро меомӯзад.

Адабиёт

  1. Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-уми майи соли 2010, №209.
  2. Қаюмов А. Сомонаи интернет,.tojikmatlubot.tj https://tojikmatlubot.tj>abdyl amid
  3. Маҷмаи Умумии СММ қатънома таҳти унвони “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034”-ро қабул намуд. (ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардида буд)
  4. Мельников А. и др.: Холод и мудрость как судьба и смысл жизни академика // Эпоха и личность. М., Эпоха, 2010, с. 154–165.
  5. Пуштибонии ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ URL: https://www. mfa.tj /tg/ main/ view /11780/pushtibonii-tashabbusi-navbatii-prezidenti-jumhurii-tojikiston-oid-ba-elon-namudani-soli-2025-hamchun-soli-bainalmilalii-hifzi-piryakhho-az-jonibi-jomeai-jahoni Санаи муроҷиат 28.03.2025
  6. Climate emergency: 2025 declared international year of glaciers UN News URL: https:// news. un. org /en / story / 2025/01/1159236 Санаи муроҷиат 2. 04.2025
  7. www.president.tjПаёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Дилшод АБДУНАЗАРОВ,

донишҷӯйи бахши 1-уми ихтисоси 1-960101-и факултаи хадамоти гумуруки ДДМИТ