ОБ - КАФОЛАТИ НАҶОТИ АҲЛИ БАШАР
22 марти соли 2018 иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи санаи биступанҷумини баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об гузаронид.
Об яке аз манбаҳои асосии рӯзгори инсоният мебошад ва бе он мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин ғайриимкон аст. Захираҳои об дар миқёси ҷаҳон хеле зиёд буда, 71%-и масоҳати кураи заминро об ишғол кардааст. Бо вуҷуди ин, инсоният солҳои охир аз нарасидани оби тоза ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст ва ҳоло масъалаи таъмин намудани аҳолии курраи замин бо оби тоза ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Мувофиқи маълумотҳои Созмони Милали Муттаҳид, дар айни замон танҳо 1,2 миллиард аҳолии курраи замин аз оби тоза бархурдоранд. Зиёда аз 3 миллиард нафар оби ғайрисанитарӣ истеъмол менамоянд. Ҳар сол зиёда аз 5 миллион нафар аз бемориҳои вобаста ба олудагии об вафот мекунанд. Кишвари мо ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад, чунки бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рӯ ба рӯ ҳастем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби дигар давлатҳои ҷаҳон пуштибонӣ ёфтаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи октябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Созмони Милали Муттаҳид баромад намуда, пешниҳод намуда буданд, ки соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” эълон карда шуда, барномаи то соли 2015 ду маротиба кам намудани шумораи одамони аз оби тоза маҳрумро қабул намоянд. Ин пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуми Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи давлатҳои калонтарини ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ташкилоту сохторҳои ғайриҳукуматӣ дасгирии ҳамаҷониба ёфта, аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон пазируфта шуд. СММ оид ба ин масъала қарор қабул намуд, ки натиҷаҳои он имрӯз назаррас аст.
Ҷомеаи инсонӣ аз замоне, ки ақлу дини худро дастрас намуд, аввалин эътиқоди онҳо ин эътиқод ба унсурҳои табиат: об, хок, бод ва оташ буд. Инсоният аз азал хусусиятҳои хоси ин унсурҳоро фаҳмида, муҳимияти онҳоро барои ҳаёт дарк намуда буд. Бозёфтҳои археологӣ низ аввалин маротиба ташаккулёбии инсоният ва ҳамчун қабила-қабила зиндагонӣ кардани инсонҳоро дар наздикии дарёҳо ва баҳрҳо муайян намудааст. Зеро об манбаи асосии зиндагонии одамони аввалин будааст. Ҳоло бошад, қисмати зиёди инсоният дар бисёр қитъаҳои олам аз норасоии об азият мекашанд, ки ин албатта, ба зиёдшавии фавт, бемориҳои сирояткунанда ва ғайра оварда мерасонад ва масъала тамоми мардумони курраи заминро дар ташвиш гузоштааст.
Дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ташаббус нишон дод, ки он аз ҷониби Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Питер Томсон ва Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд. Ин муваффақият на танҳо муваффақияти мардуми тоҷик, балки муваффақияти тамоми мардуми курраи замин мебошад.
Ин иқдоми Пешвои миллат барои ҳифзи саломатии мардумони ҷаҳон равона гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯю эътибори мардуми тоҷикро боз ҳам баландтар бардошт. Ин нуқтаро Пешвои миллат дар Паёми соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қайд намуда, мардуми тоҷикро бо ин ташаббуси бузург як бори дигар табрик намуд ва онҳоро барои амалӣ гардонидани масъалаи глобалии даҳсолаи "Об барои рушди устувор» роҳнамоӣ намуд.
Таъмини оби тоза заминаи асосии қонеъ гардонидани талаботҳои асосии зиндагонии инсон, пеш аз ҳама, барои нигоҳ доштани ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар ва ғайра хеле зарур мебошад. Бо ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувори инсоният аст. Бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Осиёи Марказӣ низ солҳои охир гирифтори хушксолӣ ва обхезиҳои зиёди пайдарҳам гардида истодааст. Ҳамаи ин натиҷаи афзоиши эҳтиёҷот ба захираҳои об мебошад, ки ҳаҷми онҳо маҳдуд аст. Дар айни замон, баҳру дарёҳо, кулҳо ва пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии таъминоти об ҳастанд, мисли дигар сарватҳои табиат аз ҷониби одамон бе назардошти оқибатҳои ногувор истифода мешаванд. Аз ҳамин сабаб, масоҳати онҳо торафт маҳдуд мегардад, сифати об бад мешавад, миқдори обе, ки барои зарурати таъминоти инсон лозим аст, сол то сол кам мегардад.
Барои мардумони Осиёи Марказӣ ду масъалаи глобалии экологии дигар, ки аҳамияти махсусан муҳим доранд, ки инҳо масъалаи кули Сарез ва баҳри Арал мебошад. Кули Сарез қариб як аср пеш дар баландии 3262 метр, дар натиҷаи канда шудани куҳпора ва баста шудани маҷрои дарёи Мурғоб дар макони серзилзила пайдо шуда, 70 киллометр дарозӣ, қариб якуним километр бар ва беш аз шонздаҳ миллиард метрии мукааб оби тозаи нӯшокӣ дорад, ки бо чунин захираи об тамоми аҳолии сайёраро дар давоми як сол бо оби аълосифати нӯшокӣ таъмин намудан мумкин аст. Тоҷикистон барои пешгирии ин кор тамоми чораҳои заруриро истифода менамояд. Вале барои ҳалли ин масъалаи глобалии экологӣ ниёзманди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мутахассисон ва коршиносони варзидаи ҷаҳонӣ мебошад.
Масъалаи дигари глобалӣ баҳри Арал мебошад, ки дар натиҷаи ба он рафта нарасидани оби дарёҳои Ому ва Сир хавфи шуршавии заминҳои минтақаро ба вуҷуд овардааст. Солҳои охир гарм шудани иқлими сайёра идома дорад, ки ин боз як хатари нав ба вуҷуд овардааст. Ин бо суръати ғайримуқаррарӣ об шудану торафт кам гардидани майдони мавҷудаи пиряхҳо дар кӯҳистон мебошад. Аҳолӣ низ, ки босуръат меафзояд ва бо он миқдори захираҳои об, ки имрӯз хаст, имкони маҳдудияти оби нӯшокӣ аз гумон дур нест.
Умуман, ҳифзи захираҳои об, истифодаи оқилаи онҳо барои наҷоти аҳли башар аҳамияти бештаре пайдо менамояд. Бинобар ин, ҳам ҳифзи сифати захираҳои об ва истифодаи сарфакоронаву оқилонаи онҳо вазифаи асосии одамон бояд бошад. Ҳалли масъалаи марбут ба об бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки мушкилоти нарасидани об барои халқҳои ҳамсоя на воситаи тафриқаандозӣ, балки омили муттаҳидкунанда гардад. Сиёсатмадорон, мутахассисону коршиносон бояд, ки роҳи ба низом даровардани ин мушкилотро бо назардошти манфиатҳои тамоми халқҳои таърихан ҳамсоя ҷустуҷӯ ва пайдо намоянд.
Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала хеле восеҳу равшан суханронӣ намуданд: «Дар ин замина мусоидат ба эҷоди фазои эътимоду амният атрофи кишвар аз роҳи густариш ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ, саъю талоши пайваста ҷиҳати ҳалли саривақтии масоили мубрами минтақа дар сархати сиёсати хориҷии давлати мо қарор хоҳад дошт. Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созандаи дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш медиҳад».
Тоҷикистон дорои шабакаи васеи ирригатсионӣ, иншооти муқтадири обрасонӣ ва неругоҳҳои бузурги барқии обӣ мебошад ва барои нигоҳдорӣ, таъмир ва таъмини фаъолияти муътадили онҳо низ маблағҳои калон ва мутахассисони кордон зарур мегардад.
Оби тоза ба мисли неъматҳои дигари табиӣ аз ҷумлаи сарватҳои миллии мост ва муносибати хоссаро тақозо мекунад. Тамоми мардуми тоҷикро зарур аст, ки барои амалӣ гардонидани ташаббуси Пешвои миллат дар миқёси ҷаҳонӣ оид ба масъалаи глобалии даҳсолаи "Об барои рушди устувор» масъулият нишон дода, ба он ҳиссагузор бошанд.
А. ҚУРБОНОВ,
ассистенти кафедраи бехатарии иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng