Либоси миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги ҳар миллат ба шумор меравад. Он на танҳо воситаи ҳифзи ҳарорат ва эҳтиёҷоти ҷисмонӣ, балки ойинаи таърих, ҷаҳонбинӣ, завқи зебоишиносӣ ва ҳувияти миллӣ аст. Барои мардуми тоҷик либоси миллӣ аз қадимтарин давраҳо то имрӯз ҳамчун ёдгори аҷдодӣ ва нишонаи тамаддун боқӣ мондааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Як бор ба тарзи либоспӯшии модарони худамон нигарем, магар ягон нуқсоне дорад». Ин суханон ҳамчун даъват ба ҳифзи арзишҳои миллӣ садо медиҳанд.

  1. Таърихи пайдоиш ва рушди либоси миллӣ. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, тасвирҳои деворӣ ва сангҳои қадимӣ (аз давраи Суғд ва Бохтар) шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз ҳазорсолаҳои пеш дорои намудҳои гуногуни каллапӯш, курта ва ороишҳои миллӣ будаанд. Тадқиқотҳои этнографӣ (Андреев, 1958; Ершов ва Широкова, 1969) нишон медиҳанд, ки либоси тоҷикон дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон каме фарқ дошт: дар шимол - либосҳои пурпахта ва дар ҷануб - сабуктар ва гулдор. Дар асрҳои миёна бо рушди тиҷорати абрешим либосҳо аз атлас, адрас ва алочӣ омода мешуданд. Дар давраи шуравӣ либоси аврупоӣ паҳн гардид, аммо анъанаҳои миллии беҳтарин ҳифз шуданд. Баъди истиқлолият эҳёи либоси миллӣ бо дастгирии давлатӣ авҷ гирифт.

Либоси занона аз курта (якқад ё камзӯлчадор), эзор (пойҷома), пойафзол (маҳсӣ, кафш), сарбанд (рӯймол, тоқӣ, фаранҷӣ) ва ороишҳои сару гардан иборат аст. Куртаҳо ду намуданд: дарозу доманвасеъ (барои арӯсон) ва кӯтоҳтар (куртаи таг). Гиребони куртаҳо пешкушод ё буғак буда, бо гулдӯзӣ, юрма ва зеҳ оро дода мешуданд. Дар ҷануб куртаҳо бо чакан (гулдӯзии дастӣ) зебу зинат меёфтанд. Эзорҳо васеъ ва поён танг буда, аз матоъҳои сафед ё ранга дӯхта мешуданд. Дар асрҳои қадим фаранҷӣ ва чашмбанд низ истифода мешуд.

Чакан - гулдӯзии анъанавӣ бо нақшҳои рамзӣ (дарахти ҳаёт, гулҳои офтобӣ, рамзҳои муҳаббат) - соли 2018 ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд. Либосҳои занонаи атласу адрасӣ дар ҷашнҳои Наврӯз, тӯйҳо ва маросимҳо истифода мешаванд.

Либоси мардона аз эзор (исҳон), курта (куйлак), ҷелак ё яктаҳ, чопон (ҷома), камарбанд ва сарпӯш (тоқӣ, чустӣ, салла) иборат аст. Куртаҳо аз як порчаи матоъ дӯхта шуда, дарозӣ то зону буда, гиребонашон уфуқӣ ё шоқулӣ аст. Чопонҳои абрӣ ё моҳутӣ зимистона пурпахта ва тобистона сабук мебошанд. Камарбандҳо (миёнбанд ё камарбанд) на танҳо ороиш, балки нишонаи вазъи иҷтимоӣ ҳастанд. Тоқиҳои чустӣ ва арақчинҳо бо гулдӯзӣ оро дода мешаванд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ либоси миллӣ ҳамчун муқовимат ба тақлид ба фарҳанги бегона нақши муҳим мебозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ»-ро нашр карда, ташвиқи либоси миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷашнҳои давлатӣ мегузаронад. Дар фестивалҳои байналмилалӣ либосҳои тоҷикӣ диққати ҷаҳониёнро ҷалб мекунанд. Мутаассифона, дар байни ҷавонон ҳанӯз ҳам бегонапарастӣ вуҷуд дорад, ки ин масъалаи тарбиявиро талаб мекунад.

Хулоса, либоси миллӣ ганҷи бебаҳои миллатӣ аст, ки таърих, фарҳанг ва ҳувияти тоҷиконро инъикос мекунад. Ҳифз, омӯзиш ва тарғиби он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Миллате, ки фарҳанги худро ҳифз мекунад, ояндаи дурахшон дорад. Ояндаи либоси миллӣ дар омезиши анъана ва навовариҳо.

 

Шарофат ҚАЙСОВА,

муаллими калони кафедраи забони русӣ

Ишқина ТАВАКАЛОВА,

ҳуҷҷатнигори кафедраи забони русӣ