МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
Коррупсия зуҳуроти хавфноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардида, аз замони пайдоиш, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Нишонаҳои аввалинро дар бораи коррупсия ба ақидаи олимон дар бойгониҳои Бобулистони қадим ва дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои пеш «коррупсия» ҳамчун фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда ва афроди ба чунин амал дастзада аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Дар қатори дигар ҷиноятҳои таҳдидкунандаи хатари вазнин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ коррупсия низ таъсири манфии худро ба пешравии иқтисодиёти ҷаҳонӣ гузоштааст. Бинобар ин ҷомеаи ҷаҳониро зарурият пеш омад, ки бо дарки хатари коррупсия ва оқибатҳои манфӣ доштани он санади байналмиллалиро вобаста ба муқовимат бо коррупсия дар иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 31-уми октябри соли 2003 қабул гардид, ки он 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи Мексика дар ҳамоиши баландпояи сиёсӣ бо ширкати намояндагони давлати ҷаҳон мавриди муҳокима қарор дода шудаааст, ки дар ин замина 14-уми декабри соли 2005-ум, Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия, аз 8 боб ва 71 модда иборат аст, мавриди амал қарор гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, аз 16-уми апрели соли соли 2008 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конвенсияро ратификатсия намуд, ки минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии давлатии мо ба шумор рафта истода, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо дарназардошти меъёрҳои он таҳия ва қабул карда шуда истодаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо коррупсия бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июни соли 2020, таҳти № 116 қабул карда шуд. Ва бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 августи соли 2020, № 59 ҷонибдорӣ карда шуд, асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Пешгирӣ накардани ин ҷинояти вазнин боиси заиф гардидани сутуни давлатдорӣ ва коста гардидани обрӯи давлат дар арсаи байналмиллалӣ мегардад.
Дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия таъкид гардида буд: «Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад».
Барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ дар канорагири нанамуда ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намоянд. Пораву тамаъҷӯи ё худ коррупсия чун вабои тамоми давру замон аз амалҳое ба ҳисоб меравад, чунин нафароне, ки ба давлати худ бо чашми бад менигаранду пешравии онро дидан намехоҳанд, мавқеъ ва ҷазояшон муайян аст ва онҳо дар ҷомеа мақом ва арзише надоранд. Аммо нафароне низ ҳастанд, ки новобаста дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ кор ва фаъолият карданашон ба коррупсия даст зада ба пояи давлату миллат теша мезананд.
Бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бар зидди он тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ба ин васила, шаҳрвандон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба қонун эҳтиром мегузоранд, ҳамаи амалҳои худро дар доираи расмияти қонунӣ ба роҳ мемонанд ва ин аст, ки торафт доираи ҳаракатҳои коррупсионӣ маҳдуд мегардад.
Дар шароити имрӯза муқовимат бо коррупсия як мақсади муҳим ва рӯзмарра мебошад. Чи тавре қайд намудем, пеш аз ҳама, миёни аҳли ҷомеа ва хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ чунин фаҳмише бояд вуҷуд дошта бошад, ки коррупсия зуҳуроти хавфнок барои амнияти миллату давлати мо буда, сиёсати ҳамаҷониба ва фарогири зиддикоррупсиониро ба роҳ монем ва сатҳи коррупсияро дар кишвар паст намоем. Бояд дар ҳар як соҳаи давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, унсурҳо ва омилҳои пешгирикунандаи зиддикоррупсиониро мавриди омӯзиш ва чораҳои самараноки рафъи коррупсия қарор дода шавад.
Айни замон, дар миқёси кишвар барои ба вуҷуд наовардани фазои коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд низ бояд бетараф набошанд, зеро танҳо дар муборизаи ҳамдастонаву ошкоро мо метавонем порахӯрию ришваситониро дар кишварамон коҳиш диҳем.
Маҳкум намудани зуҳуроти коррупсия ва ҳамчунин, андешидани чораҳои ҳамаҷониба ҷиҳати рафъи он аз иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат дар самти муқовимат бо коррупсия дарак медиҳад. Дар шароити Тоҷикистон мубориза бо кирдорҳои коррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон карда шудааст.
Бинобар ин, ҳамаи мақомотҳо, шаҳрвандон ва мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Ҷаноби олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва мунтазам аз байн бурдани он дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаи беамон бурда, ватани азизамон - Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафта ва озод аз коррупсия муаррифӣ намоем.
Шералӣ Бекмирзоев,
Самариддини Шоҳназар
- омӯзгорони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng