ИСТИҚЛОЛИЯТ: АЗ ҲИФЗ ТО ТАҲКИМ ВА РУШДУ ТАКОМУЛ
Имрӯзҳо мо дар арафаи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 35-солагӣ қарор дорем. Дар ин муддати на он қадар тӯлонии таърихӣ дастовард ва муваффақиятҳои бадастомада Ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва комёбиҳои беназир мушарраф гардонид.
Дастоварди аз ҳама нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ бинобар сабаби мудохилаи қувваҳои беруна гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуда, авзои сиёсии мамлакатро ба муҳлика кашиданд.
Новобаста аз душвориҳо, бо ташабусҳои хирадмандона, дурандешона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз ҳама он ниятҳои бадбинонаи омилҳои беруна ва дохила баромада, ба яке аз кишварҳои ободу рӯ ба рушд табдил ёбад.
Бо такя ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки хеле ба маврид аст: «Истиқлолият ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои давлати соҳибихтиёр, рамзи саодати миллат, ҳувият, озодӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик ва шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва саҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро мустақилона пеш мебарад”.
Қайд кардан ба маврид аст, ки истиқлолият маҳз ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
Дар як давраи на он қадар тӯлонӣ, Тоҷикистони азиз ба дастоварду музаффариятҳои бузург сазовор шуд, ки ба рушду инкишофи кишвар ва таҳкими истиқлоли миллӣ заминаи боэътимод гузошт.
Худи Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург барои миллати тоҷик маҳсуб меёбад. 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардида, аз 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти комили худро ба даст овард.
Дастоварди дигар аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардидани Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки барои рушди сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакат аҳамияти бузург дорад.
Маҳз эътимод ба Сарвари давлати мо ва амнияти кишварамон аст, ки ҳаминак Тоҷикистони азизи мо солҳои ахир мизбони чандин конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Матни Суруди миллӣ фарогири тамоми орзую умед ва ниятҳои некбинонаи халқи тоҷик буда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, санади муҳими сиёсӣ, ҳуҷҷати тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардуми тоҷик мебошад, ки дар марҳилаи хеле мураккабу сарнавиштсози ташаккулёбии давлатдории миллиамон қабул гардид.
Инчунин, яке аз муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ расидан ба Ваҳдати миллии комил ва сулҳу суботи пойдор дар байни мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Бо талошҳои пайвастаи пайгирона ва хастанопазири Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон» қабул гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба ошёни Сулҳу Ваҳдати миллӣ мубаддал гашт.
Дар баробари ин, дастоварди дигари муҳим, ин узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ - Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони давлатҳои исломӣ ва ғайраҳо гардидан ба ҳисоб меравад.
Дигар дастоварди ниҳоят муҳим аз соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар бо Сомонӣ, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, эълон гардид
Бо ташаббусҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, соли 2003-ро «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015-ро “Даҳсолаи байналмилалии амалиёт барои об” ва солҳои 2018-2028-ро “Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор” эълон намуда, дар ин раванд масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ оид ба об, аз ҷумла, истифодаи оқилонаи об, муҳофизати обҳои тоза, мубориза бар зидди ифлос гардидани об, ташкили самараноки идораву истифодаи захираҳои обӣ фаро баррасӣ шуданд, ки ин ташаббусҳо Тоҷикистонро бори дигар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак” яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва дастоварди арзишманди давраи Истиқлол ба ҳисоб мераванд, ки барои беҳбудии вазъи некӯаҳволии мардум, баланд бардоштани сатҳи эҳсоси ватандӯстиву худшиносии онҳо, таълиму тарбияи мукаммали насли наврас ва масъулиятшиносии волидон дар ин самт мусоидат менамоянд.
Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид яке аз ҷашнҳои миллӣ Наврӯзи аҷам аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо кард, ки ҳамасола ҳамчун яке аз ҷашнҳои бузурги дар сатҳи баланд таҷлил мешавад.
Ҳамзамон, таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд унсурҳои фарҳанги моддию ғайримоддии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд, аз ҷумла ҷашни миллию мардумии “Наврӯз”, мусиқии суннатии “Шашмақом”, таоми миллии “Оши палов”, матои миллии “Чакан”, инчунин, якчанд ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷашнвораҳои таърихии мардуми тоҷик шомил шуданд, ки боиси ифтихору сарфарозӣ ва нишонаи фарҳангиву адабпарварии миллати тоҷик мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ бунёду мавриди истифода қарор додани бузургтарин нақбҳо, аз қабили “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон”, “Дӯстӣ”, “Озодӣ”, бунёди шоҳроҳҳои сатҳи байналмилаливу аҳамияти ҷумҳуриявидошта, аз қабили “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, “Айнӣ-Панҷакент”, “Қулма-Қароқурум”, “Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб”, роҳи оҳани “Душанбе-Кӯлоб” ва дигар роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти минтақаҳои кишвар заминаи боэътимодро фароҳам оварданд.
Дар ин замина, камар бастан ба бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва дар як муддати кӯтоҳ ба истифода додани ду агрегати он, инчунин, дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург дар миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо ин роҳ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пурра амалӣ гардида истодааст.
Дар ин давра бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи фарҳангии “Кохи Наврӯз” ба рӯйхати “8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай” ворид гардид.
Эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро набояд аз лавҳи хотир баровард, зеро татбиқи ин тадбирҳо барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихии меъморию табиӣ, эҳёву инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ, бунёду азнавсозии иншооти гуногун дар деҳот ва дар маҷмуъ баҳри рушди маҳал заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Дар охир бояд иброз намуд, ки Истиқлолият асоси пойдории давлат, рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмат, дастоварди бузуругу бебаҳои таърихӣ маҳсуб ёфта, яке аз арзишҳои бебаҳо ва беназири миллати тоҷик ин худи Пешвои муаззами миллат ва сиёсати созандаю бунёдкоронаашон мебошанд, ки ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ бо садоқат ва сипосгузорӣ аз ин неъмат бояд бо хушнудӣ истиқбол намояд.
Ҷавобан ба ин ҳама, мо мардуми шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки ба пешравиҳои кишвар ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, баҳри гул-гул шукуфоии Тоҷикистони азизи худ боз ҳам саҳмгузор бошем.
Ш. БЕКМИРЗОЕВ -
муаллими калони кафедараи андозбандӣ ва суғурта,
С. МУМИНЗОДА -
ассистенти кафедараи андозбандӣ ва суғурта
Тоҷ
Рус
Eng