Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанг ва худшиносии ҳар як миллат ба шумор меравад. Он на танҳо зебоии зоҳирӣ ва завқи бадеии мардумро инъикос мекунад, балки ҳамчун рамзи ваҳдат, фарҳанг, таърих ва симои сиёсиву иҷтимоии миллат низ баромад менамояд. Либоси миллӣ ойинаест, ки тавассути он ҷаҳониён сатҳи фарҳанг, тафаккур ва арзишҳои маънавии як миллатро мешиносанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси миллӣ ҷойгоҳи махсус дошта, таваҷҷуҳи пайваста ба эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либоси миллии тоҷикӣ зоҳир мегардад. Ин раванд нишондиҳандаи сиёсати фарҳангии давлат ва ифодаи равшани давлатдории миллӣ мебошад. Давлат бо дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги либоспӯшии тоҷикона ва муаррифии он дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба таҳкими ҳувияти миллӣ замина мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ва нишонаи ифтихору ҳувияти тоҷикон аст». Ин андешаҳо бозгӯи онанд, ки либоси миллӣ на танҳо арзиши фарҳангӣ, балки аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ дорад. Сиёсати фарҳангии давлат ба эҳёи суннатҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳои либоспӯшии тоҷикона ва тарғиби он, махсусан дар миёни ҷавонон, равона шудааст.

Имрӯз либоси миллии тоҷикӣ - атлас, адрас, чакан, зардӯзӣ ва тоқии миллӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ ҳамчун рамзи зебоӣ ва фарҳанги волои тоҷикон шинохта шудааст. Дар чорабиниҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор либоси миллиро ба бар мекунанд. Ин амр худ муаррифгари симои сиёсӣ ва фарҳангии давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Либоси миллӣ на танҳо ҷузъи фарҳанг, балки воситаи ифодаи сиёсати фарҳангӣ низ маҳсуб меёбад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва густариши фарҳангҳои бегона, ҳифз ва тарғиби либоси миллӣ ҳамчун иқдоми муҳимми давлатӣ ба таҳкими худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳсоси ифтихори шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Либос яке аз аввалин нишонаҳоест, ки миллатро муаррифӣ мекунад ва симои онро дар зеҳни дигарон шакл медиҳад.

Шарти муҳимтарини симои зоҳирии инсон, бахусус шахсиятҳои расмӣ ва сиёсӣ, покизагӣ ва мутобиқати либос ба меъёрҳои одоби сиёсӣ мебошад. Шахси расмӣ ва сиёсӣ намояндаи давлат ва фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ва меҳмонони хориҷӣ робита дорад. Аз ин рӯ, ӯ бояд ҳамеша поку ботароват, бо чеҳраи боз, виқору салобат ва либоси зебанда зоҳир гардад. Либоси миллӣ дар ин маврид метавонад симои шахсро боз ҳам ҷолиб ва боэътимод нишон диҳад.

Либоси миллии тоҷикӣ ҷавобгӯи тамоми талаботи ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва динии ҷомеаи мо буда, барои тақлид ба либосҳои бегона ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад. Аз нигоҳи мавқеи истифода, либосҳоро метавон ба либосҳои корӣ ва протоколӣ ҷудо намуд, ки ҳар кадоми онҳо талаботи хоси худро доранд.

Либоси корӣ либосест, ки дар муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳангоми иҷрои вазифа пӯшида мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самаранокӣ ва сифати меҳнат то андозае ба намуди либоси корӣ вобастагӣ дорад. Либоси корӣ бояд бароҳат, тоза ва мутобиқ ба муҳити корӣ бошад. Агар дар муассиса навъи ягонаи либос муайян шуда бошад, риояи он барои ҳамаи кормандон ҳатмӣ мебошад. Тозагӣ ва нигоҳубини либоси корӣ на танҳо кафили саломатӣ, балки нишондиҳандаи интизом ва фарҳанги меҳнатии корманд аст.

Либосҳои протоколӣ бошанд, ҳангоми вохӯриҳо бо роҳбарияти олии мамлакат, маҷлисҳои расмӣ, ҷаласаҳои ҳукуматӣ, ҳамоишҳои тантанавӣ ва мулоқот бо шахсиятҳои расмӣ пӯшида мешаванд. Ин навъи либос ҳам барои мардон ва ҳам барои занон қоидаҳои муайян дошта, риояи онҳо ҳатмист. Либоси протоколӣ зебоӣ, фарҳанг, сатҳи маърифат ва симои иҷтимоии шахсро инъикос менамояд.

Маҳз ҳамин либоси миллӣ, ки аз покизагӣ, завқи баланди зебоипарастӣ ва фарҳанги волои тоҷикон шаҳодат медиҳад, имрӯз ба нишонаи шинохти миллати тоҷик табдил ёфтааст. Занону духтарони тоҷик бо ифтихор ва завқи хос либосҳои миллиро ба бар карда, суннатҳои бостониро зинда медоранд ва онҳоро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки либоси миллӣ на танҳо ойинаи зебоӣ, балки тарғибгари сиёсати фарҳангии давлат, ифодагари ҳувияти миллӣ ва тараннумгари симои сиёсии миллат мебошад. Бо пӯшидани либоси миллӣ мо на танҳо зебоии худро нишон медиҳем, балки таърих, фарҳанг ва асолати миллатро ҳифз ва таблиғ менамоем.

Г. ҲУСЕЙНОВА,

мудири кафедраи забонҳои хориҷи ДДМИТ