МАҚОМИ ЗАН- МОДАР ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дарвоқеъ таҳлили мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” нишон медиҳад, ки сиёсати халқпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат ба рушди Тоқикистони азиз нигаронида шуда мебошад, ки барои мо сокинони кишвари соҳибистиқлолу соҳибиқбол боиси ифтихору сарфарозист.
Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила боло баромада, кӯдакон ва ҳама аҳли оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад. Занҳо на танҳо тарбиятгари башар, балки поягузори ҳаёти маданӣ низ ба шумор мераванд. Ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат ҳам дар роҳи ҳарчи бештар ҷалб намудани занон ба мақомоти роҳбарикунандаи ҳокимияти давлатӣ муваффақона пеш меравад.
Бояд гуфт, ки таҳлили Паёми имсолаи Роҳбари давлат нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз беҳбуди вазъи зиндагии мардум, иззату эҳтироми Зан-Модар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ғамхорӣ зоҳир намудан ба шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳи пойдор ва инчунин тинҷию оромӣ ва суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бартараф намудани камбудиҳо ва масоили дигар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Зимни ироаи Паём, Ҷаноби Олӣ доир ба нақши бонувон дар ҷомеа суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки: «Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон иззату эҳтироми Зан - Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».
Мо занону бонувон ин нуқтаро комилан эътироф менамоем, ки маҳз расидан ба истиқлолӣ давлатӣ буд, ки зан дар ҷомеаи имрӯза мақоми хоса пайдо намояд ва ҷойгоҳи ӯ марҳала ба марҳала рушд ва густариш ёбад.
Маҳз самараи соҳибистиқлолии кишвар аст, ки имрӯзҳо занону бовунон на танҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, балки дар дигар соҳаҳои хоҷагии мамлакат бо як нерӯи тоза софдилона хизмат менамоянд, ки ин нуқтаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, чунин шарҳ додаанд: «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».
Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ занону бонувони матиниродаву болаёқат дар баробари мардон дар ҳама сохторҳои давлатӣ бо шукргузорӣ аз фазои озодӣ, сулҳу субот, бомуваффақият ва устуворона баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон заҳматҳои шабонарӯзи мекашанд. Имрӯз соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд, ки ин аз дастгирию ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бахусус, таъсиси квотаи президентӣ, ки бо мақсади дастгирӣ ва ҷалби духтарони болаёқати деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дорои арзиши ҳаётӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат таъкид намуданд, ки "Аз оғози таъсиси Квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор нафар духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд”. Боиси шарфмандист аст, ки Пешвои миллат нисбати занону бонувон бо як боварии комил иброз доштанд, ки: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Хоҳарон ва модарони сарбаланди сарзаминам, сазовори эътимоди Президенти кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистон будан чизе фаротар аз пазириши масъулият аст ва бо меҳру самимияту садоқат ба Ватан мо метавонем ба ин бовару эътимод шоиставу сазовор бошем.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки зан ҷавҳари ҳастӣ ва ободию осудагии ҳар як манзил аст. Мебояд занонро дар руҳияи худшиносӣ, маърифати баланди меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ, дурандешу қавиирода, бо илму донишҳои замони муосир, бо тафаккури илмӣ тарбият кард, ки созанда ва тарбиятгари наслҳои нав гардида, барои наслҳои оянда самараҳои нек ба бор оранд.
Латифамо ХОҶАЕВА,
муаллими калони кафедраи
забони русии ДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng