(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи мақолаи профессор Ятимов С.С. «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ»)

Зиёиён машъалафрӯзони ҷомеа буда, онҳо ҳамчун як навъ “мағзи” миллат амал мекунанд. Воқеияти имрӯзаро таҳлил намуда, ихтилофро ошкор мекунанд ва ба рушди фарҳанг ва худогоҳии ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд. Зиёиён ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа баромад карда, ба рушди илм, санъат ва маориф кумак мерасонанд. Нақши воқеии зиёиён ҳамчун қувваи иҷтимоӣ, ки метавонад барои кишвар ва мардуми худ коре анҷом диҳад, то андозае танҳо баъди дарки равшани сифатҳо ва қобилиятҳои муҳими онҳо ошкор мегардад.

Албатта, бо назардошти сатҳи инкишофи ҳамаҷонибаи худ зиёиён аксаран ба ихтилофи ҳаёти ҷамъиятӣ эҳсосотитар, зудтар ва фаъолтар аз оммаи васеи мардум вокуниш нишон медиҳанд. Аммо вокунишҳои «одамони одӣ» бартариҳои худро доранд. Бисёр вақт маҳз аз суханрониҳои худҷӯшонаи оммавӣ рӯйдодҳое оғоз меёфтанд, ки аҳаммияти таърихӣ доштанд. Ҳамин тавр, вазъ дар Инқилоби Феврали соли 1917 буд. Аз ин рӯ, агар мухолифкунонии зиёиён ва оммаи васеъро муқоиса кунем, маълум мешавад, ки ҳарду ҳам ҷиҳатҳои қавӣ ва ҳам ҷиҳатҳои заиф доранд. Пас, зарур аст, ки онҳо дар ягонагӣ амал кунанд, то неруҳои пешрафтро тақвият бахшида, таъсири онҳоро баҳри рушди ҷомеа бештар намоянд.

Зиёиён - синфи аз ҷиҳати маънавӣ бой ва ҳаракатноки ҷомеа мебошанд, ки дорои чунин хусусиятҳое чун зеҳни рушдёфта, гуногунии манфиатҳо, тарбия ва фарҳанги ахлоқӣ, қобилияти эҷодкорӣ, озодихоҳӣ, таҳаммулпазирӣ, масъулияти иҷтимоӣ, ватандӯстӣ, хоҳиши такмил додани воқеияти атроф ҳастанд. Албатта, зиёиён аз рӯи андешаҳояшон якхела буда наметавонанд, бинобар ин, то андозае гуногунанд. Ин синфи муҳими ҷомеа аз лиҳози маънавӣ мураккаб ва ҳаракатнок аст. Аз ин рӯ, афроде, ки ба он мансубанд, низ аз ҳам фарқ мекунанд. Аз рӯи характери худ онҳо метавонанд реактивӣ ё худҷӯш бошанд - вобаста ба он ки ба такони беруна ниёз доранд ё не. Онҳо метавонанд созанда бошанд - дар асоси он ки воқеияти мавҷударо қабул мекунанд ё чизи нав меофаранд. Ниҳоят, зиёиён метавонанд назариявӣ ё амалӣ бошанд - вобаста ба он ки бо фаъолияти фикрӣ машғуланд ё бо корҳои рӯзмарраи зиндагӣ.

Нақши зиёиён дар ҷомеа, махсусан дар давраҳои ҳассос зиёд мегардад. Оммаи мардум ба онҳо бо умед нигоҳ карда, аз онҳо роҳнамоӣ ва дастурро интизоранд. Дар вазъиятҳои душвор зиёиён нақши «мағзи миллат»-ро иҷро мекунанд, зеро онҳо ҳалли масъалаҳоро бар асоси тафаккури интиқодӣ, дониш ва принсипҳои ахлоқӣ пешниҳод менамоянд. Онҳо ҳамчун манбаи таҳлили объективӣ, ҷустуҷӯи ихтилофҳо ва таҳияи роҳҳои алтернативии рушд баромад карда, омили арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ амал намуда, ба нигоҳдории муколамаи ҷамъиятӣ ва суботи маънавӣ мусоидат менамоянд.

Ба назари мо, яке аз сабабҳои авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар Тоҷикистон ва ба бунбаст дучор шудани ҷомеаи мо маҳз мавқеъгирии нодурусти баъзе зиёиён буд, ки дар матлаби баррасишаванди профессор Ятимов С.С. хеле хуб таҳлил шуда, ба онҳо баҳои воқеӣ ва объективӣ дода шудааст. Тавре аз ин мавод бармеояд, зиёӣ бояд масъулиятшинос бошад, рисолати таърихии худро бидонад, дар мавқеъгирӣ ба эҳсосот дода нашуда, аз рӯи мантиқу хирад амал намояд. Сабақи асосии ин матлаб дар он аст, ки зиёӣ, агар аз як тараф, бо эҷод кардану тадқиқот бурдан обрӯи худро боло карда, дар ҷомеа мавқеи баланд пайдо кунад, аз ҷониби дигар, бар уҳдаи ӯ масъулияти бузург вогузор карда мешавад. Зиёӣ будан танҳо ба маъракаҳову ҷашнвораҳо даъват шудану баромаду суханронӣ намудан нест, балки дар шароитҳои ҳассос ва мураккаби таърихӣ манфиатҳои миллатро дарк карда, новобаста ба эҳсосот дар пайи ҳифзи онҳо шудан аст. Маҳз ҳамин масъала дар маводи баррасишаванда марказӣ ва дарс барои ҳамаи зиёиён аст. Хатоиву иштибоҳи одамони алоҳида ё ягон гурӯҳи ғайризиёӣ барои миллат фоҷиа нест. Ба роҳи ғалат рафтани зиёиён воқеан фоҷиаи бузург барои ҳар як миллат аст.

Дар таърих садҳо ҳаводисе сабт шудаанд, ки маҳз хоинии зиёиён сабаби бадбахтиву мусибатҳои бузурги халқу миллатҳо гардидааст. Мехоҳем якчанд мисолҳои таърихие орем ва нишон диҳем, ки бетарафӣ ё мавқеъгирии нодурусти зиёиён ба сари миллатҳову давлатҳо чӣ бадбахтиҳое овард. Ба ҳеҷ ваҷҳ мо намехоҳем ҳеҷ зиёиеро таҳқир кунем. Ҳадаф танҳо исботи он андешаест, ки мавқеи нодурусти зиёӣ, ки ба манфиатҳои миллӣ асос наёфтааст, метавонад бадбахтиҳоро ба сари давлату миллат биорад.

Солҳои 30-юми асри гузашта қисми зиёди олимону зиёиёни Олмон идеологияи рейхи сеюм ва фашизмро сафед карданд. Дар натиҷа, ҳокимияти фашистӣ барқарор шуда, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз шуд, ки оқибат то 75-80 млн нафар одам кушта шуд. Ҷудоӣ дар миёни зиёиёни Русия дар солҳои 20-уми асри гузашта ва бетараф будану ҳиҷрат кардани қисми зиёди онҳо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар гардид. Солҳои 1970 дар Камбоҷа қисми зиёди зиёиён бо режими Пол Пот ҳамкорӣ карда, ҳаматарафа онро дастгирӣ карданд. Дар натиҷа, чоряки аҳолии ин кишвар қурбони таъқиботи режими Пол Пот гардиданд. Соли 1979 дар Эрон олимону донишҷӯёну зиёиён бо гумони он ки ба инқилоб ҳамроҳ шуда, ба кишвар озодӣ меоранд, баръакс ҳокимияти теократии ғайридемократиро барқарор карданд. Хулосаи ин мисолҳои овардашуда он аст, ки зиёиён метавонанд ҳам қувваи созанда ва мутаассифона, ҳам қувваи сӯзанда бошанд.

Хулоса, таърих нишон медиҳад, ки зиёиён натанҳо «мағзи» миллат мебошанд, балки як омилҳои муҳим дар тақдири он низ ҳастанд. Аз мавқеи ахлоқӣ, омодагӣ ба тафаккури интиқодӣ ва иштироки иҷтимоии онҳо вобаста аст, ки ҷомеа ба пешрафт мерасад ё бо фоҷиа рӯбарӯ мешавад. Бетарафӣ, тақсимшавӣ ё ҳамкорӣ бо режимҳои харобкорона борҳо ба оқибатҳои фоҷиабор, ҳатто ба марги миллионҳо одамон, овардаанд. Дар баробари ин, зиёиёни фаъол ва масъулиятшинос ба рушди илм, фарҳанг, давлатдории ҳуқуқӣ ва демократия мусоидат мекунанд.

 

Хуршед НАСРИДДИНОВ,

н.и.т., дотсент,

мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ