МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ФАРДИ ҶОМЕА
Коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин, ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.
Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Коррупсия дар шароити ҳозира монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии давлат ва афзоиши самараноки ниҳодҳои бозаргонӣ мебошад.
Баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат бо коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид. Айни ҳол бошад, мо дар марҳилаи татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” қарор дорем.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омори расмии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бо фасод тавассути Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъоварӣ ва нашр мешавад. Тибқи маълумоти агентӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024, 1267 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шудааст. Аз ин миқдор, тафтиши пешакии 381 парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расонида шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол гардидааст. Ҳамчунин, дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, 290,1 миллион сомонӣ маблағи ошкоршудаи зарар ба манфиати давлат барқарор гардидааст, ки 191,1 миллион сомонии он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ворид шудааст.
Пешгирӣ аз коррупсия як масъалаи муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки тавассути чорабиниҳои фарогир ва ҳаматарафа ҳал мешавад. Роҳҳои асосии пешгирӣ аз коррупсия ба ақидаи мо, ин: устувор намудани қонунгузорӣ ва иҷрои шаффофи он, шаффофият дар фаъолият ва ҳисоботдиҳӣ дар назди халқ, такмили нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО дар тавзеҳи ҳолатҳои коррупсионӣ, тарбия ва маърифати ҳуқуқӣ, оқибатҳои амали коррупсионӣ, мубориза бо омилҳои иқтисодии коррупсия, низоми самарабахши назорат ва тафтишот аз болои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ва ғайра.
Д. НАЗАРАМОНОВА,
А. ҲАМИДОВ,
дотсентони кафедраи менеҷмент
Тоҷ
Рус
Eng