ЗИЁӢ ДАР МИЁНИ ФИТНА ВА ВАТАН
(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи мақолаи профессор Ятимов С.С. «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ»)
Солҳои навадум барои Тоҷикистон танҳо давраи ҷанги силоҳбадаст набуд. Он солҳо, пеш аз ҳама, солҳои фурӯпошии ҷаҳонбинӣ, имтиҳони виҷдон, санҷиши зиёӣ ва озмоиши ватандорӣ буданд. Дар он гирдоби хунин на танҳо деҳот сӯхту шаҳрҳо хароб гаштанд, балки ақлҳо, виҷдонҳо ва тақдирҳо шикастанд. Қисмати зиёиёни замон низ аз ин фоҷиа канор намонд.
Сарнавишти профессор Раҳими Мусулмониён - олими маъруф, муҳаққиқи адабиёти классик ва инсоне бо ҷаҳонбинии нозук намунаи равшани фоҷиаи зиёии фиребхӯрда, вале бехиёнат мебошад. Ин қисса имрӯз низ барои ҷомеа аҳаммияти бузурги ахлоқӣ ва сиёсӣ дорад.
Раҳими Мусулмониён шахсияти тасодуфӣ набуд. Ӯ доктори илм, муаллифи асарҳои бонуфуз, устоди донишгоҳ ва намояндаи қабати равшанфикри миллат ба шумор мерафт. Солҳо дар фазои илм ва адабиёт зиндагӣ карда буд. Аммо таҷрибаи таърих бори дигар исбот кард, ки дониш ҳамеша сипари эмин аз фиреби сиёсӣ шуда наметавонад.
Солҳои навадум замоне буданд, ки фазои ҷомеа пур аз шиорҳои зебо, ваъдаҳои эҳсосӣ, таблиғоти мазҳабӣ ва дасисаҳои геополитикӣ гашта буд. Дар чунин шароит, қисме аз зиёиён аз рӯйи содагӣ, ҳиссиёт, нотавонии таҳлили сиёсӣ ва баъзан мансабталошӣ дар канори ҷараёнҳое қарор гирифтанд, ки миллатро ба гирдоби ҷанги бародаркуш бурданд.
Фоҷиаи Раҳими Мусулмониён дар он буд, ки ӯ низ муддате ба доми ҳамин фазо кашида шуд. Ӯ маҷбур гардид Тоҷикистонро тарк кунад ва дар ғурбат умр ба сар барад. Аммо муҳим он аст, ки ӯ виҷдонан аз Ватан ҷудо нашуд.
Вохӯрии ӯ бо муаллиф дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон шаҳодати ҳамин аст. Ҷасорате, ки як зиёии гуреза ба худ иҷозат медиҳад, то ба сафорати кишвари худ ворид шавад, аз як ҳақиқати бузург дарак медиҳад, ки хоин аз рӯшноӣ мегурезад, ватандор - ҳатто дар гумроҳӣ ба рӯшноӣ бармегардад.
Суханони ӯ дар бораи хиёнат, дар бораи бозии пушти саҳна ва дар бораи фиребҳое, ки дар муҳити мухолифин ҷараён дошт, аз бедории дерҳангом, вале содиқонаи ӯ дарак медод.
Лаҳзаи хондани ғазали Ҳофиз аз ҷониби профессор яке аз таъсирбахштарин қисматҳои ин қисса аст. Шеър дар ин ҷо танҳо сухани зебо нест, балки фарёди даруни виҷдони як зиёии саргардон аст, ки байни гузаштаи пурифтихор ва имрӯзи пурдард мондааст.
Ин ҳолат нишон медиҳад, ки зиёӣ ҳатто дар ғарибӣ низ наметавонад аз забон, фарҳанг, хотираи таърихӣ ва муҳаббат ба Ватан канор бимонад.
Бузургии аслии профессор дар марҳилаи дуюми зиндагияш падидор мешавад, вақте ки ӯ ба муборизаи маънавӣ алайҳи таҳрифи таърих ва бадномсозии Ватан шуруъ мекунад. Дар ҳоле ки баъзе аз зиёиёни фирорӣ дар матбуоти хориҷӣ корҳои давлати тоҷикро сиёҳ мекарданд, ҷомеаро ақибмонда намоиш доданд ва ҷанги шаҳрвандиро «ҳаракати озодихоҳона» мешумориданд, Раҳими Мусулмониён роҳи дигарро интихоб кард - роҳи ҳақиқат.
Бо ташаббуси ӯ, мақолаи машҳури устод Айнӣ «Дар Фаранг аз бехарӣ муҳтоҷи роҳи оҳананд» дар яке аз нашрияҳои Эрон нашр гардид. Ин на танҳо як иқдоми адабӣ буд, балки як зарбаи маънавӣ ба чеҳраи сохтае буд, ки «зиёиён»-и чоплус барои бегонагон офарида буданд.
Дар муқобили симои Раҳими Мусулмониён симои дигаре низ вуҷуд дорад зиёиёнеро, ки худро ба ифротгароён фурӯхтанд. Онҳо аз гузашта нон хӯрда имрӯз ба гузашта санг заданд, аз давлати худ мансаб гирифта, имрӯз давлатро таҳқир карданд, аз номи миллат сухан гуфта, имрӯз миллатро паст мезананд.
Ин гурӯҳ на аз имтиҳони таърих гузашт, на аз доварии виҷдон. Сарнавишти профессор Раҳими Мусулмониён имрӯз ба мо як саволи ҷиддиро пеш меорад, ки зиёӣ кӣ аст? Оё касе, ки танҳо китоб мехонад? Ё касе, ки дар лаҳзаи хатар дар канори миллат меистад? Оё унвони илмии зиёиро месозад? Ё мавқеи шаҳрвандӣ?
Таҷрибаи солҳои навадум нишон дод, ки зиёӣ бидуни виҷдон метавонад ба абзори фоҷиа табдил ёбад ва дар айни замон, зиёие, ки хато кардааст, метавонад бо ҷасорат роҳи ҳақиқатро боз интихоб кунад.
Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва рушд қарор дорад. Аммо ин оромӣ бо хун, бо ятимӣ, бо муҳоҷират, бо фурӯпошии ҳазорҳо тақдир ба даст омадааст. Ва вазифаи насли имрӯз танҳо зиндагӣ кардан нест, балки ҳифзи сабақи таърих аст.
Сарнавишти профессор Раҳими Мусулмониён моро меомӯзонад, ки аз эҳсосоти кӯр бояд ҳазар кард, аз шиорҳои беандеша бояд дур монд ва Ватан бояд ҳамеша болотар аз ҳама ихтилофҳо ва манфиатҳои шахсӣ қарор дошта бошад.
Ҳамин Раҳими Мусулмониён ҳамчун як инсон хато кард. Аммо ҳамчун зиёӣ ҷуръати эътирофи ҳақиқатро пайдо намуд. Ӯ собит сохт, ки баргаштан ба ҳақиқат ҳамеша имконпазир аст, агар инсон виҷдон ва муҳаббат ба Ватанро аз даст надода бошад.
Ин сарнавишт барои мо танҳо як қисса нест, он як оинаи таърих аст, ки бояд дар он худ ва роҳу равиши худро бубинем.
Далер САНГИНОВ,
муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng