ҶАВОНОН БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТИВУ АРҶГУЗОРӢ БА ТАМАДДУНИ НИЁГОНАМОН ЁБАНД
(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:
“Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон”).
Пас аз қабули ислом низ тоҷикон ҳамеша дар дину имони худ муътақид буданд. Таъкиди олимонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он ки “ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон” эътирофи худогоҳонаву худшиносона ва саривақтӣ мебошад, зеро мо пеш аз зуҳури ислом низ тоҷик будем ва тоҷик будани мо ҳамчун ифтихори миллии мо бояд дар ҳамаи маврид муаррифигари мо бошад.
Тоҷикон пеш аз омадани ислом низ пайрави дини тавҳидии яккахудоӣ, аҳли имону китоб ва соҳиби китобҳои муқаддасе чун «Авасто» буданд. Таърихи ин динномаи бостонӣ аз сарҳади шаш ҳазор сол убур намуда, аввалин китоби навишта дар таъриху тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Худи калимаи «дин» вожаи асили тоҷикӣ буда, дар забони арабӣ ва дини ислом низ ҳамин тавр пазируфта шудааст. Тоҷикон соҳиби дини тавҳидие буданд, ки хирадро бар ҷаҳолат бартар мешумурданд ва нуру рӯшаниро аз торикӣ авлотар медонист, ҳамон гунае ки Фирдавсӣ дар баёни он гуфтааст:
Мапиндор, к-оташпарастон буданд,
Парастандаи поки Яздон буданд.
Дар баробари ин, бо зуҳуру расидани ислом ба минтақа тоҷикон дар густариши он ва китобиву бунёдӣ шудани илмҳои исломӣ саҳми басе бузург гузоштанд. Садҳо фарзандони халқи тоҷик ҳамчун имомон, муҳаддисон, фақеҳон, муфассирон, мутакаллимон, орифон, забондон, муфтиён ва мубаллиғони барҷастаи исломӣ улуми исломиро ба авҷи аълои худ расонида, дар таърихи тамаддуни исломӣ ҳамчун устодон ва бунёдгузорони ин илмҳо сабт гаштаанд.
Баъд аз пош хӯрдани ҳукумати Шуравӣ Тоҷикистон давлати худро дар шакли тамоман нави мустақил барпо карда, эълон намуд, ки минбаъд ҷумҳурии соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ месозад.
Дар моддаи 1-и Конститутсияи кишвар омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.
Тоҷикон баъд аз ҳазор сол дигарбора соҳиби истиқлоли миллӣ гардида, дар дохил ва хориҷи мамлакат сиёсати давлати миллии худро роҳандозӣ намуда истодаанд. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ хеле, ки дар Конститутсия қайд гардидааст, роҳи дунявиро пеш гирифтааст, ки дар асоси он сохтору дастгоҳи нави дорои тамаддуни баланди дунявӣ меистад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин изҳор намудаанд: “Давлати дунявии мо динро ҳамчун як рукни муҳими фарҳанги таърих ва ахлоқи миллат мешиносад ва эҳтиром менамояд. Давлат озодии виҷдони ҳар як шаҳрвандро пурра таъмин менамояд ва динро кори шахсии ҳар як аъзои ҷамъият мешуморад”. (А. Раҳимов, Қ. Расулов. Асосҳои фалсафа: «Маориф ва фаҳанг», 2003. С. 243.)
Дар моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон илова шудааст: “... Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд”.
Президенти кишвар моҳияти давлати дунявиро мавриди баррасӣ қарор дода, онро дар муқоиса бо гуногунии шароити иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии олами ислом арзёбӣ менамоянд: “Ҷаҳони ислом дорои давлатҳои гуногун мебошанд, ки бисёриашон характери дунявӣ доранд. Мамлакатҳои исломӣ дар ҳайати Созмони конфронси исломӣ муттаҳид гардидаанд, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро эътироф менамоянд”.
Ин таъкид барои идроки моҳияти дунявияти кишвари мо хеле муҳим аст, чунки яке аз принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ин эътирофи озодии виҷдон аст. Пас, агар Созмони конфронси исломӣ ин эъломияро қабул дорад, ҳеҷ ихтилофе аз лиҳози мазҳабӣ дар дунявӣ будани мазҳаби мо нест. Ҷудо будани давлат аз ташкилотҳои динӣ ин дар амал пиёда кардани принсипи муҳими демократӣ, озодии виҷдон, озодии гуногунандешии идеологӣ, маънавӣ ва сиёсиро дар назар дорад.
Санади муҳими дигаре, ки муносибати давлатро ба дин ва ташкилотҳои динӣ дар ҳудуди Тоҷикистон муайян менамояд, Қонун “Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ” мебошад, ки 1 декабри соли 1994 қабул шуда, баъдан солҳои 1997, 1999 ва 2011 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд. Қонуни мазкур муносибатҳоеро танзим менамояд, ки мазмуну муҳтавои онҳо аз матни Конститутсия бармеоянд.
Зикри ин нукта зарур аст, ки муносибати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи эҳтиром гузоштан ба мероси пурғановати исломӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои исломӣ, бахусус, анъанаҳои суннатии ташаккулёфта дар асоси таълимоти мазҳаби ҳанафӣ бисёр хайрхоҳона, одилона, самимӣ ва худоҷӯёна аст.
Дини ислом барои мусалмонони кишвари мо ҳамчун сарчашмаи ѓанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ, қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳонӣ, нишонаи имондорӣ ва тарбияи ахлоқи ҳамида азизу гиромӣ мебошад. Маҳз бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ташаккули ҷаҳонбинии илман асосноки динӣ ва таҳкими ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари кулли мусулмонони Тоҷикистон пайрави он мебошанд, бори аввал дар таърихи Тоҷикистон ва умуман, ҷаҳони ислом соли 2009 - “Соли бузургдошти Имоми Аъзам” эълон шуд ва дар сатҳи баланди илмию ташкилӣ Симпозиуми байналмилалии “Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо” (4-5 октябри соли 2009) дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки дар он намояндагони беш аз 50 давлати исломӣ иштирок намуданд.
Чунин иқдоми наҷиби Президенти кишвар аз шаҳомати ифтихори миллӣ ва эҳтироми бузурги ӯ нисбат ба фарҳанги миллӣ ва дини аҷдодию мазҳаби суннатии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад. Тамоми чорабиниҳо ва қонунҳои қабулшуда баҳри пешгирии омилҳои моҷароҷӯву хатарноки паҳншавии равияву ҷараёнҳои динию сиёсии хориҷӣ ва танзиму ба маҷрои муътадил равона сохтани ҳаёти динӣ дар кишвар нигаронида шудааст.
Барои ҷавонони имрӯза тарбияи ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху тамаддуни ғании гузаштагони худ, ҳимояи ватани азизу соҳибистиқлол, пок доштани забон ва арҷ гузоштан ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати бузургвори тоҷик дар мадди аввал бояд бошад, зеро ҷавонони имрӯза фардо пешбаранда ва арҷдорандаи ҳамаи ин муқаддасот, таърих ва тамаддуни мо мебошанд. Агар ҷавонони имрӯзаи мо исломро аз рӯи нуқтаи назари аслии он, таъриху ташаккули он донанд, бо ҳадисҳои саҳобаҳо ва ривоятҳои бузургворони ислом, ба монанди Имоми Аъзам, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон, бо асару эҷодиёти онҳо шиносо бошанд, пас онҳо ба ҷомеа бо назари поку беолоиш нигоҳ мекунанд.
Бо қабул кардани дини ислом арзишҳои динӣ низ дар низоми таркибии фарҳанги миллӣ ҷойгузин шуданд ва дар тули ин давраи таърихӣ бо ҳам омезиш ёфта, фарҳанги миллиро боз ҳам қавитар гардониданд. Вале ин маънои онро надорад, ки бартарият доштани арзишҳои диниро аз арзишҳои миллӣ дар мавриди аввал гузорем. Ҳазорҳо мисол оварда метавонем, ки дар раванди таърих ҳамин масъала боиси низоъҳои хеле мудҳиши халқу қавмиятҳои гуногун гашта буданд. Ҷанги шаҳрвандии дохилии кишвар, ки ҳазорҳо нафарро аз наздикон ва пайвандони худ ҷудо кард, талафоти зиёди молию ҷонӣ овард, мисоли бевоситаи ҳамин масъала шуда метавонад.
Тоҷикон аз азал мардуми соҳибтамаддун буда, фарҳангу тамаддуни онҳо дар ҷаҳон ҷойгоҳи махсусро дошт. Тоҷикон дар тули таърих ҳамеша ҳифзу дифои арзишҳои маънавӣ, ҳувияти миллиро дар зери фишори ҳар гуна ҳуҷуму ҳаводиси қарнҳо дар мадди назар доштанд ва аз дин, мазҳаб ва забону фарҳанги худ дифоъ карда тавонистанд. Таъриху тамаддуни куҳани тоҷикон оинаи рӯшане дар худнигарии ҳар як тоҷик ҳамеша тобанда аст ва мазҳари шинохту талқину рӯйкарди онро маҳз тоҷикон бар дӯш доранд.
Бинобар ин, суханони бузургворонаи Пешвои муаззами миллат “ман фахр мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусалмон” бо як ҳисси бузурги эҳтиром ба таъриху тамаддуни гузаштагони миллат ва ҳамчун роҳнамо баҳри ҳифзи минбаъдаи соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин, таҳкими давлатдории мустақил, аз байн бурдани низоъҳои дохиливу берунӣ нигаронида шудааст.
Дар вуҷуди ҳар як тоҷики ҳисси ватанхоҳию ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ дошта, ки дар шарёни ӯ ин эҳсосот ҷараён дорад, дар кадом гӯшаи оламе, ки бошад, суханони бузургворонаи Пешвои муаззами миллат: “ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон” бояд ҳамчун шиор тантана дошта бошад.
Аз ин рӯ, вобаста ба таҳдидҳои фарҳангию фаромиллии ҷаҳони муосир ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба таърихи тамаддуни бойи ниёгони худ тарбия ёбанд. Ифтихори миллии ”тоҷик будан”-и худро ҳамеша эҳсос намоянд.
Қутбия Ҳомидова,
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng