ТАШАККУЛИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
Дар ҷаҳони муосир, ки технологияҳои иттилоотӣ босуръат рушд мекунанд, яке аз равандҳои муҳим ва зарурии ҷомеа, ин таъсиси ҳукумати электронӣ маҳсуб меёбад. Ҳукумати электронӣ шакли муосири идораи давлатӣ буда, бо истифодаи воситаҳои рақамӣ муносибати байни давлат ва шаҳрвандон, ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусиро самаранок, шаффоф ва дастрас мегардонад.
Мафҳум ва моҳияти ҳукумати электронӣ
Ҳукумати электронӣ низоми идоракунии давлатӣ мебошад, ки дар он хизматрасониҳо ба воситаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ амалӣ карда мешаванд. Яъне, шаҳрванд метавонад бо пахши чанд тугмаи мавриди назар ҳуҷҷатҳоро ба мақомот ва идораҳои зарурӣ пешниҳод кунад ва баръакс, маълумоти лозимаро гирад, андоз пардозад, ё бидуни рафтуомад бо идораҳои дахлдор муошират намояд.
Ҳадафҳои асосии ҳукумати электронӣ:
- Шаффофият дар фаъолияти мақомот ва идораҳои давлатӣ: Пешгирии фасод ва таъмини соф будани фаъолияти мақомоти давлатӣ.
- Дастрасии хизматрасониҳо: Фароҳам овардани имконият барои ҳар як шаҳрванди кишвар, новобаста ба сатҳи иҷтимоӣ ва маҳалли зист.
- Суръат ва самаранокӣ: Коҳиш додани вақти коркард ва арзиши хизматрасониҳои давлатӣ.
- Ҷалби шаҳрвандон ба идоракунии давлатӣ: Фаъол гардидани иштироки шаҳрвандон дар раванди қабул ва баҳодиҳии қарорҳо. Ҳамоҳангсозии муассисаҳо, ки тавассути шабакаҳои ягонаи иттилоотӣ бо ҳамдигар робитаи муассир пайдо мекунанд.
Бартариятҳои ҳукумати электронӣ:
- Сода гардидани равандҳои ҳуҷҷатгузориҳои расмӣ ва коҳиш ёфтани бюрократия;
- Коҳиш ёфтани омилҳои коррупсионӣ;
- Дастрасӣ ба маълумоти давлатӣ;
- Афзоиши сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба давлат;
- Паст гардидани хароҷоти давлатӣ ба воситаи рақамисозии хизматрасониҳо.
Масъалаҳои ҳалталаб ва монеаҳо:
Амалӣ гардидани ҳукумати электронӣ дар ҳар кишвар мушкилоти хоси худро дорад. Дар кишвари мо масъалаҳои асосӣ инҳоянд:
- Сатҳи чашмраси фоизи нафароне, ки саводи рақамияшон ба талабот ҷавобгӯ нест;
- Норасоии шабакаи интернетӣ дар баъзе маҳалҳо;
- Набудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар баъзе муассисаҳо;
- Хавфи амнияти иттилоотӣ ва эҳтимоли рахна шудани маълумот.
Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ташаккули ҳукумати электронӣ ҳамчун самти стратегии давлатӣ дар назар аст. Қонун “Дар бораи ҳукумати электронӣ” қабул гардида, якчанд порталҳои давлатӣ фаъол шудаанд, аз қабили “e-hujjat.tj”, “e-tax.tj”, “my.gov.tj” ва ғайра. Ин порталу барномаҳо барои пешниҳоди хизматрасониҳо, муроҷиатномаҳо ва ҳамкориҳо байни шаҳрвандон ва давлат равона шудаанд.
Бо вуҷуди пешравиҳо дар кишвар ҳоло низ сатҳи саводи рақамии умумӣ дар ҷомеа кофӣ нест ва талабот ба раванди боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори рақамӣ эҳсос мешавад. Мусаллам аст, ки ҳукумати электронӣ на танҳо воситаи осон кардани равандҳои давлатӣ, балки заминаест баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисод ва афзоиши шаффофияти идоракунии давлат. Бинобар ин, барои Тоҷикистон низ он як қадами муҳим дар роҳи муосирсозии давлатдорӣ ва ҳамоҳангшавӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ҷиҳати расидан ба ҳукумати рақамии комил зарур аст, ки сиёсати давлатӣ дар самти рақамисозӣ, баланд бардоштани саводи технологӣ ва таъмини дастрасии саросарии аҳолӣ ба интернет ба таври густурдаву устувор идома ёбад.
Маҳтоб ҲОМИДОВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng