МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
Дар ҷаҳони муосир коррупсия ҳамчун амали номатлуб ва хатарнок мисли экстремизму терроризм ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ва мубориза бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пеш аз оне, ки дар бораи муқовимат бо коррупсия сухан ронем, мо бояд сараввал муайян намоем, ки худи коррупсия чист ва чӣ оқибатҳоро ба бор оварда метавонад.
Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимони соҳа, аввалин нишонаҳо дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим ва дертар дар қонунҳои машҳури Хамураппӣ ба вуҷуд омадаанд. Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия чанд ҳазорсоларо дар бар гирифта, то имрӯз ҳамчун хатари ҷиддӣ ба яке аз масъалаҳои ташвишовар ва муаммои душвори замони муосир табдил ёфтааст. Яке аз мафҳумҳои бештар маъмули коррупсияро Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст, ки он чунин аст: “коррупсия - суистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад”.
Дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” муқаррар гардидааст, ки коррупсия ин кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин, ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.
Коррупсия дар замони имрӯза яке аз мушкилоти доғи рӯзи тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Коррупсия кирдори номатлубу хатарнокест, ки пояҳои давлатро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Мушкилоти коррупсионӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст. Коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст. Коррупсия аз ҷумлаи хатарҳое ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи роҳ додан ба ин кирдори номатлуб ба тамоми шохаҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ паҳн гашта, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохти конститутсионӣ таъсир расонида, эҳтирому боварии мардумро ба давлат ва мақомотҳои он коста мегардонад ва обрӯву эътимоди онро коҳиш медиҳад.
Мутаассифона, тавре мушоҳида мешавад ва таҳлилҳо нишон медиҳад, бо вуҷуди андешидани чораҳои зарурӣ, ҳанӯз ҳам вазъи содир шудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар кишвар масъалаи ташвишовар боқӣ мондааст. Муқовимат ва мубориза бо коррупсия ба яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Давлат ва кишваре нест, ки бо ин мушкилоти хатарнок рӯ ба рӯ нашуда бошад ва бар зидди ин амали номатлуб муборизаи сартосарӣ набарад. Муқовимат бо коррупсия амалӣ дастҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин амали номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд. Баъди ба тасвиб расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар соли 2003, аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат бо коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд.
Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвар фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлубу хатарнок таъмин карда шудааст. Дарвоқеъ, сатҳи муқовимат дар давлатҳои ба ин амали хатаровар гирифтор буда, аз сиёсати пешгирифтаи зиддикоррупсионии ҳар як давлат вобастагӣ дорад. Бояд дарк намуд, ки бе мубориза бо коррупсия наметавонем ба рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва ҷомеаи демократӣ ноил гардем. Самаранокии барҳам задани ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар ва муқовимат бо коррупсия аз муборизаи якҷояи давлату ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад.
Хулоса, пешгирӣ ва рафъи ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлубу зиёновар, махсусан, коррупсия заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб ёфта, мубориза ва муқовимат бо он кори дастҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, албатта зарур аст, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ ҳар як фарди ҷомеа бояд саҳмгузор бошад. Ҳамин тавр, ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро зарур аст, ки бар зидди амалу кирдорҳои коррупсионӣ дар якҷоягӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои бунёди ҷомеаи ободу дур аз фасод ва ҳаёту зиндагии осоишта камари ҳиммат банданд.
Савриддин ЯТИМОВ,
ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng