Пайдоиши коррупсия дар ҷомеа аз замонҳои қадим сарчашма гирифта, яке аз муҳимтарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо коррупсия яке аз проблемаҳои замони муосир ба ҳисоб меравад, ки мубориза бар он вазифаи ҳар фарди ҷомеа мебошад. Истилоҳи "коррупсия" калимаи лотинӣ «corruptio» маънои харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳиро дорад.

Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар шудааст. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми коррупсия чунин дарҷ гардидааст: “Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.

Бояд қайд намоем, ки аввалин бор кай, дар куҷо ва аз тарафи кӣ пора додан ё гирифтан то ҳол муайян карда нашудааст, аммо дар асарҳои таърихӣ барои пешгирии ин амал файласуфи юнонӣ Арасту чунин қайд кардааст, ки шахсони мансабдор “ба харидан бо ришва дастрасанд ва бисёр вақт корҳои давлатиро қурбони вақтхушии худ мекунанд. Бинобар ин, беҳтар мебуд агар онҳо аз ҳар навъи назорат озод намебуданд”.

Инчунин, муҳаққиқони зиёде дар давраи муосир доир ба амалишавӣ ва пешгирии коррупсия таҳқиқотҳои илмӣ ба анҷом расонидаанд. Онҳо исбот кардаанд, ки мавҷудияти коррупсия ба амнияти давлатҳо таҳдид намуда, боиси боло рафтани қочоқ, паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ, рушди терроризм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мегардад.

Ҳамзамон, муҳаққиқони зиёди ватанӣ низ таъсири коррупсияро ба амнияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Онҳо таҳдиди коррупсияро ба амният ва суботи Тоҷикистон ба таври махсус қайд намудаанд. Ба андешаи онҳо, ҳалли ин мушкилот яке аз мақсадҳои муҳими амниятии кишвар аст. Ба андешаи Зокиров Г.Н., амалҳои коррупсионӣ хосияти муқовиматро пайдо намуда, ба монеаи инкишофи ҷомеаи инсонӣ ва ба навъи махсуси таҳдид ба амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд.

Муҳаққиқи ватанӣ А. Имомов бошад, алоқамандии миёни коррупсия ва ҷинояткории муташаккилонаро махсусан дарҷ намуда, ба чунин хулосае омадааст, ки коррупсияи паҳнгашта дар ҷомеа заминаи мусоидро барои тақвияти ҷинояткории муташаккил ба миён меорад. Ӯ коррупсия ва ҷинояткории муташаккилонаро чун омилҳои воқеии хатарафзо ба давлат ва ҷомеа меҳисобад.

Сиёсати зиддикоррупсионии давлат дар самти муқовимат ба коррупсия яке аз василаҳои муҳимми паст кардани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Дар ин росто, пай дар пай қабул гардидани санадҳои зерин: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7-уми августи соли 2020, таҳти №1714, «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26-уми январи соли 2008, таҳти №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.

 

Фирӯз СОЛИЕВ,

корманди ДДМИТ