ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – АСОСИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ
Ҳаёту зиндагонӣ чунон офарида шудааст, ки ҳар кас барои беҳбудии рӯзгори хеш талош менамояд. Ба қавли яке аз донишмандони машҳур ва барҷастаи форсу тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ “Ҳаёт кӯшиш аст, он лаҳза ки даст аз кӯшиш бардоштем, марг оғоз меёбад”. Орзуву ормон, ҳавасу интизориҳо аз оянда низ паҳлӯи муҳими маънои зиндагии одамонро ташкил медиҳанд. Яъне, аҳли башарият ҳамеша сарват ва шӯҳратро орзу мекунанд. Аз ин рӯ, агар ҳеҷ яке аз онҳоро бо роҳи рост ба даст овардан мумкин набошад, бояд аз онҳо канорагирӣ кард. Одамон аз фақр ва норавшанӣ метарсанд, вале даст задан ба фасод набояд роҳи ҳалли масъала бошад. Зеро қонуни ҳаёт мураккаб аст ва ҳар як нафар кӯшиш ба харҷ медиҳад, то мавқеи худро дар ҷомеа мустаҳкам намояд ва эътиборашро назар ба дигарон густариш дода, барои обрӯяш талош варзад. Тавре донишманди барҷаста Конфутсий таъкид намудааст: "Агар аз ҳеҷ кадоме бе аз даст додани шараф пешгирӣ карда нашавад, бояд онҳоро қабул кард". Аз маънои фалсафии ин ҳикмат бармеояд, ки шаъну шарафро бояд дар ҷойи аввал гузошт ва даст задан ба амалҳои коррупсионӣ низ баёнгари ин панду насиҳати бузургон аст, ки касро беобрӯву шармзада менамояд.
Коррупсия воқеан як мушкили муҳим аст, ки бе иштироки фаъоли ҷомеа дар маҷмуъ бартараф карда намешавад. Зеро вазъият дар як кишвар аз он вобаста аст, ки шаҳрвандон ба амалҳои коррупсионӣ чӣ гуна менигаранд ва ба онҳо то куҷо вокуниш нишон медиҳанд. Кӯшишҳои мунтазам барои бартараф кардани манфиатҳо бо мақсади тақвияти мубориза бо коррупсия дар ҳама сатҳҳо ва баланд бардоштани огоҳии кормандон дар бораи он, ки ҳеҷ кас наметавонад амалҳои ғайриқонунии худро пинҳон нигоҳ дорад, идома доранд.
Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ва буҳрони шадид фарогир шуд. Новобаста аз мураккабии вазъ ва печидагии низоми муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ рушди иқтисодиёт ва татбиқи ислоҳоти густурда дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, аз аввали солҳои истиқлол раванди гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва даст кашидан аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ эълон карда шуд. Дар ин замина нахустин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ, хусусигардонӣ ва рушди бахши хусусӣ таҳия ва қабул гардид, ки ҷиҳати табдили модели иқтисоди миллӣ замина гузоштанд. Дар баробари ташаккули шаклҳои гуногуни моликият, корҳои назаррас дар самти озод кардани нархҳо ва савдои хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак ба анҷом расонида шуданд. Ҳамаи ин имконият дод, ки аллакай дар нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта ниҳодҳои иқтисодии боэътимод ташаккул ёфта, рукуди иқтисодиёт ва коҳиши нишондиҳандаҳои рушди он пешгирӣ карда шуд.
Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои музиму зарурӣ барои пешгирииҳуқуқвайронкуниву қонуншиканиҳо дар ин самт равонашуда мувофиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирифташуда ва барномавӣ пайваста амалӣ карда мешаванд, ки дар коҳиши ин амали номатлуб саҳмгузорӣ менамоянд.
Ҳамасола дар ҷаҳон 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсияро, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ эълон шудааст, қайд карда мешавад. Дар ин рӯз дар соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи коррупсия ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат давлатҳои имзокунандаро вазифадор мекунад, ки ришвахорӣ, азхудкунии маблағҳои давлатӣ ва шустани даромадҳои коррупсиониро ҷиноят эълон кунанд. Тибқи иттилои СММ, таъсиси ин рӯз ба пешгирӣ ва решакан кардани коррупсия дар саросари ҷаҳон, ки ба рушди иқтисодӣ халал мерасонад, ниҳодҳои демократиро заиф мекунад, тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад ва эътимоди мардумро коҳиш медиҳад, мусоидат мекунад.
Ҳадафи Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия амиқтар фаҳмидани мушкилоти коррупсия ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ ва нақши Конвенсия дар пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия мебошад. Мубориза бо коррупсия на танҳо татбиқи чораҳои ҳуқуқии марбут ба таъқиби ҷиноятҳои коррупсионӣ, балки корҳои пешгирикунандаро барои баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби меъёрҳои рафтори зиддикоррупсионӣ, таълим ва омӯзиш ва тарбияи рафтори зиддикоррупсионӣ дар шаҳрвандон дар бар мегирад.
Дар паёми худ аз 9 декабри соли 2015, Юрий Федотов - директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ қайд кардааст: “Вақте ки коррупсия ва ришвахорӣ муваффақ мешаванд ва баробарӣ ва адолат ноком мешаванд, тамоми ҷомеаҳо метавонанд бе инфрасохтор, беморхонаҳо ё мактабҳои зарурӣ боқӣ монанд. Ғайр аз ин, коррупсия пояҳои чаҳорчӯбаҳои муҳими ҳуқуқиро коста мегардонад, ба соҳа зарар мерасонад ва мафҳуми рақобатро таҳриф мекунад”.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсияро СММ 9 декабри соли 2003 дар рӯзи баимзорасии Конвенсияии СММ бар зидди коррупсия эълон намуд. Дар айни замон, Конвенсияи мазкурро 140 давлат ба имзо расонида, 80 кишвари дигар тасдиқ намудаанд. Миёни тасдиқкунандагон, ки ҳамзамон, аъзои он низ мебошанд, давлатҳои Озарбойҷон, Белорус, Қирғизистон, Латвия, Русия, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳастанд.
Ин шартномаи байналмилалӣ чораҳоро барои пешгирии фасод, ҷазо додани гунаҳкорон, ҳамчунин, раванди ҳамкориҳои байналмилалиро дар мубориза бо он дар бар мегирад. Он давлатҳои аъзоро барои гузаронидани сиёсати зидди фасодӣ, қабул намудани қонунҳои мутобиқ ба он ва равона намудани мақомоти махсусро барои мубориза бо ин зуҳурот вазифадор менамояд.
Мастура БӮРИЕВА,
декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng