Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон оид ба сарнавишти Истиқлолу Озодӣ ва тақдири давлату миллат таъкид намудаанд: “Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд, дар назди миллат ва Ватан, дар назди имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт”.

Бо такя ба ин андеша, метавон хулоса кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули воқеии даврони Истиқлол буда, аз иродаи халқ ва талаботи ҷомеа рӯйи кор омадааст. ҲХДТ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ҳимояи манфиатҳои мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи солимро ҳадафи аслии худ қарор додааст. 31 соли фаъолият гувоҳи он аст, ки ҳизб дар таҳкими истиқлоли сиёсӣ, суботи давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим ва таърихӣ бозидааст.

ҲХДТ яке аз ҳизбҳои сернуфуз ва таъсиргузори кишвари мо маҳсуб ёфта, таърихи ташаккули он ба оғози солҳои истиқлол рабт дорад.

Идеяи таъсиси ҳизби нав дар нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардид. Дар он шароит кишвар ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ буд ва ҷомеа ба неруи муттаҳиду масъул ниёз дошт.

Дар ин рӯз Анҷумани муассисон қарори таъсиси ҳизбро қабул карда, барои фаъолияти расмии он асос гузошт. Номи ибтидоии он Ҳизби Халқии Тоҷикистон буд. Оиннома ва барномаи ҳизб дар ҳамин анҷуман тасдиқ гардид.

Санаи 25 июни соли 1997 Анҷумани III номи ҳизбро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иваз намуд. Ин иқдом марҳалаи нави фаъолияти онро оғоз бахшид.

Дар Анҷумани IV, ки 18 апрели соли 1998 баргузор шуд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҲХДТ интихоб гардиданд. Ин рӯйдод ба таҳкими неру, мақом ва эътибори ҳизб дар ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид.

Дар тули зиёда аз се даҳсола ҲХДТ ба неруи воқеии созандаи ҷомеа табдил ёфт. Он дар рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвар саҳми назаррас гузоштааст.

Тақвияти худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ - ҳизб ҷомеаро бо воқеиятҳои таърихӣ ва барномаҳои рушди дарозмуддат шинос менамояд.

Кор бо ҷавонон дар дили насли нав ҳисси масъулият, тақдири Ватан ва ҳувияти миллӣ бедор карда мешавад.

Ҳимояи фарҳанги миллӣ – ҳизб ба тавсеаи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанги давлатӣ ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳад.

Саҳм дар барқарории сулҳ ва таҳкими субот - Тоҷикистон ба шарофати сиёсати созанда ва ваҳдатофарини роҳбарияти давлат ба кишвари амн, устувор ва босубот табдил ёфт.

Давом додани сиёсати рушди иҷтимоӣ - ҳадафи асосии ҳизб таъмини зиндагии шоиста, беҳбуди сатҳи некуаҳволӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон дар баробари кишварҳои амн ва дорои рушди устувор қарор дошта, саҳми ҲХДТ дар ин дастовардҳо назаррас мебошад.

Таърихи фаъолият нишон медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи сиёсӣ ҳамеша ҳомии ғояҳои давлатсозӣ, ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ буда, дар рушду пешрафти ҷомеаи тоҷик нақши муҳим ва муассир дорад.

ҲХДТ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои назаррас ва барномаҳои созандаи худ миллатро ба сӯи фардои дурахшон, ҷомеаи устувор ва давлатдории муосир роҳнамун месозад. Имрӯзҳо ки мо дар арафаи таъсисёбии ин ҳизби созанда, ҳизбе бо рисолати Ватансозӣ қарор дорем, ҳамаи аъзо ва ҷонибдоронашро самимона шодбош мегӯям.

 

Орифҷон Фозилзода,

доктори фалсафа (PhD), устоди кафедраи фанҳои гуманитари ДДМИТ