Савдои одамон, бахусус занон ва кӯдакон, воқеияти замони мост. Гарчанде ки худи ғуломдорӣ беш аз 200 сол пеш барҳам дода шуда бошад ҳам, аммо замони муосир ниҳоди монандро эҳё кардааст.

Савдои одамон шакли муосири ғуломдорӣ мебошад, ки зимни он занҳо, мардҳо ва кӯдакон бар хилофи иродаи онҳо барои истисмор харидорӣ, интиқол ва нигоҳ дошта мешаванд. Сарфи назар аз манъи ғуломдорӣ, ин амали ҷиноӣ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба ҳуқуқ ва амнияти инсон боқӣ мемонад. Тибқи иттилои созмонҳои байналмилалӣ, ҳамасола садҳо ҳазор дар саросари ҷаҳон қурбонии савдои одамон мегарданд.

Аз рӯйи маълумотҳои оморӣ, савдои одамон динамикаи рӯ ба афзоишро дар солҳои ахир нишон дода истодааст. Савдои одамон аз рӯйи хулосаи коршиносон, дар баробари қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир, аз лиҳози ҷузъи фаромиллии он, сеюмин самти даромадноки ҷиноятҳои муташаккил маҳсуб меёбад.

Аз нуқтаи назари меъёрҳои ҳуқуқӣ бо мақсади муқовимат намудан бо савдои одамон ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи махсус аз 1 августи соли 2003 ворид карда карда шуд, ки дар натиҷаи он савдои одамон ҳамчун кирдори ба ҷамъият хавфнок дониста шуда, аз рӯйи он Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар менамояд.

Дар меъёри мазкур унсурҳои асосии ҷиноят: ҷалб, интиқол, нигоҳ доштан ва инчунин, мақсадҳо - истисмори ҷинсӣ, меҳнати маҷбурӣ, ғуломӣ ё шароити ба ин монанд пешбинӣ гардидааст.

Зиёдшавии шумораи савдои одамонро баъзе коршиносон бо шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ алоқаманд месозанд. Сатҳи баланди бекорӣ, камбизоатӣ, имкониятҳои нобаробари иқтисодӣ ва набудани ҳифзи иҷтимоӣ шаҳрвандонро хеле осебпазир месозад. Ҷавонон, бахусус занон, аксар вақт муҳоҷиратро василаи беҳбуди зиндагии худ медонанд.

Мушкилоти хариду фурӯши одамон гуногунҷанба буда, на танҳо вокуниши фаврӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тағйироти амиқи сохториро низ дар ҷомеа тақозо мекунад. Дар байни тадбирҳои пешгирикунанда, сиёсати таълимӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад, зеро он дорои иқтидори таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинӣ, бартараф кардани ноогоҳӣ ва коҳиш додани осебпазирии иҷтимоӣ мебошад, ки аксар вақт омилҳои хавф мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ҳадафҳои сиёсати маорифро возеҳ муайян кардааст, ки ба ташаккули масунияти устувори иҷтимоӣ нисбат ба амалҳои марбут ба хариду фурӯши одамон нигаронида шудаанд. Ҳамин тариқ, таълим на танҳо як василаи додани дониш, балки воситаи фаъоли назорат ва ҳимояи иҷтимоӣ табдил меёбад.

Сиёсати таълимӣ оид ба пешгирии хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути як қатор чораҳои ҳатмӣ ва низомнок, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ин чораҳо барои таъмини ҳифзи ҳамаҷонибаи хонандагон ва худи муҳити таълимӣ равона карда шудаанд. Яке аз талаботҳои бунёдӣ ин ҳифзи кадрии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Қонунгузор манъи мустақими дастрасӣ ба фаъолияти омӯзгориро дар муассисаҳои таълимӣ ба шахсоне, ки чунин фаъолият ба онҳо бо ҳукми суд ё хулосаи тиббӣ манъ шудааст, инчунин, шахсоне, ки барои ҷиноятҳо дар самти савдои одамон доғи судӣ доранд, пешбинӣ менамояд. Ин механизм барои кам кардани хатари истисмори хонандагон аз ҷониби афроде, ки ба онҳо дастрасии мустақим доранд, тарҳрезӣ шудааст, ки барои таъмини бехатарии муҳити таълимӣ муҳим аст.

Ғайр аз ин, арзёбии ҳатмии маводи таълимӣ пешбинӣ карда шудааст. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимие, ки дар раванди таълим барои истифодабарӣ пешниҳод мегарданд, бояд аз ташхиси ҳамаҷониба гузаронда шаванд. Ҳадафи ин арзёбӣ муайян ва бартараф кардани ҳама гуна таблиғи ошкоро ё пинҳонии амалҳои марбут ба хариду фурӯши одамон, инчунин, таблиғи хидматҳое мебошад, ки метавонанд бо ин фаъолияти ҷиноятӣ алоқаманд бошанд. Самти калиди ин ҳамгироии мустақими донишҳои зидди савдои одамон ба раванди таълим мебошад.

Сиёсати таълимӣ таҳия ва ҳамгироии барномаҳои махсусро дар бар мегирад, ки масъалаҳои хариду фурӯши одамон, механизмҳои ҷалб ва усулҳои мубориза бо онро ошкор месозад.

Ҳамгироии дониш тавассути дохил кардани курсҳои махсус оид ба пешгирии хариду фурӯши одамон дар барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таҳсилоти олӣ анҷом дода мешавад.

Гузашта аз ин, дар муассисаҳои таълимии махсусгардонидашудаи кӯдакон, инчунин, дар дигар мақомоту муассисаҳое, ки ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон машғуланд, барномаҳои махсус таҳия ва амалӣ карда мешаванд.

Барои таъмини самаранокии низоми мубориза бо савдои одамон, омӯзиш ва бозомӯзии кормандони давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хеле муҳим мебошад. Ин на танҳо омӯзиши меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки рушди малакаҳоро дар муайян ва ошкор кардани қурбониён, кор бо гурӯҳҳои осебпазир ва инчунин, истифода бурдани барномаҳои муосир ва технологияҳои иттилоотиро дар самти мубориза бо савдои одамон низ дар бар мегирад.

Тахассуси кормандоне, ки мустақиман дар самти мубориза бо савдои одамон  машғуланд  гарави иҷрои бомуваффақияти нақшаҳои миллӣ мебошад.

Сиёсати таълимӣ, инчунин, назорати фаъолияти муассисаҳои таълимиро дар робита бо мубодилаи байналмилалӣ фаро мегирад. Назорат аз болои ташкили таҷрибаомӯзӣ, омӯзиш, бозомӯзӣ, мубодилаи таҷриба ва озмунҳо ва олимпиадаҳо барои донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо дар хориҷа амалӣ карда мешавад. Ин механизм барои коҳиш додани хатарҳои ҷалби марбут ба муҳоҷирати байналмилалӣ барои мақсадҳои таълимӣ кумак мекунад.

Ташаккули сиёсати таълимӣ дар алоҳидагӣ аз вазъияти воқеии ҷинояткорӣ сурат гирифта наметавонад. Таҳия ва ислоҳоти он ҳатман вазъияти кунунӣ, тамоюлҳо ва пешгӯиҳои рушди ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамонро ба назар мегирад.

Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки барномаҳои таълимӣ дар сатҳи муосир нигоҳ дошта шавад ва бо методҳои муосири муқовимат, аз ҷумла бо чораҳои профилактикӣ ва ҳуқуқмуҳофизати пурзӯр карда шаванд. Бо туфайли ин барномаҳои таълимӣ фарогири маъслаҳои мубрам гардида, ба таҳдидҳои нав, ки аз ҷониби ҷинояткорон истифода мешаванд, вокуниш намояд.

Сиёсати таълимие, ки қонунгузорӣ муқаррар гардидааст, нақши ёридиҳанда не, балки стратегӣ ва низомофарандаро дар самти муқомиват бо савдои одамон иҷро менамояд. Ҳадафи он бунёди заминаи устувори иҷтимоӣ дар асоси огоҳӣ, саводнокии ҳуқуқӣ ва қобилияти дифоъ аз худ мебошад.

Татбиқи бомуваффақияти ин тадбирҳо на танҳо шумораи қурбониёнро кам мекунад, балки ба қурбониён низ кумак мекунад, ки пурра ба ҷомеа баргарданд, ки ҳадафи ниҳоии талошҳои башардӯстона ва ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамон мебошад. Аз ин рӯ, барномаҳои таълимӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба хариду фурӯши одамон нақши калидӣ мебозанд. Он унсури ниҳоиест, ки пешгирӣ, ҳифз ва баланд бардоштани шуурнокиро муттаҳид намуда, заминаи устуворро барои муқовимат ба ин амали номатлуб фароҳам меорад.

 

Т. ШАРИФЗОДА,

Б. ЮНУСОВ,

устодони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ