МАСТЕР - КЛАСС, СЕРИФИКАТ, ҒОЛИБИЯТИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮИ ДДМИТ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «АМНИЯТИ МОЛИЯВӢ»
Аз 27 сентябр то 2 октябри соли 2026 дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия Олимпиадаи 6-уми байналмилалии «Амнияти молиявӣ» баргузор гардид. Дар он беш аз 700 донишҷӯ ва хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумии 46 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Дар қатори онҳо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳайати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
Олимпиада бо ташаббуси Хадамоти мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Институти шабакавии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва бо дастгирии Президенти Федератсияи Россия баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ҳамоиш баланд бардоштани маърифати молиявӣ, иттилоотӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, ошкор ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодии онҳо, инчунин омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи муосири низоми бехатарии молиявӣ мебошад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар Олимпиада муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода ҳамчун роҳбалад, Мастура Буризода ҳамчун эксперт ва ду донишҷӯи курси чорум: Азизов Умедҷон Киромиддинович, донишҷӯи факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ва Бобоназаров Яҳё Ихтиёрович, донишҷӯи факултети молия ва қарз, намояндагӣ карданд.
Дар миёни ин ҳайат дастоварди Азизов Умедҷон махсусан қобили зикр аст. Донишҷӯи соли чоруми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ дар озмуни байналмилалӣ иштироки фаъол намуда, сазовори Дипломи дараҷаи II гардид. Ин натиҷа на танҳо муваффақияти шахсии донишҷӯ, балки бозгӯи сатҳи омодагии касбӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва иқтидори илмии ҷавонони ДДМИТ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Азизов Умедҷон ва Бобоназаров Яҳё ҳамзамон дар барномаҳои гуногуни Олимпиада, аз қабили бозиҳои зеҳнӣ, мастер-классҳо, семинарҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок карда, бо медал ва сертификатҳо қадрдонӣ шуданд.
Бояд зикр намуд, ки барномаи Олимпиада танҳо бо озмуни дониш маҳдуд нашуд. Дар доираи он мизҳои гирд, мастер-классҳо, вохӯриҳо, ҷаласаҳо, бозиҳои зеҳниву варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими барнома иштироки намояндагони ДДМИТ дар баргузории мастер-класси махсус барои донишҷӯёни кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил буд.
Санаи 1 октябр устодони донишгоҳ Мастура Буризода ва Қутбиддин Муқимзода дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ дар низоми бехатарии молиявӣ: таҷрибаи байналмилалӣ, равишҳои инноватсионӣ ва таҷрибаи ДДМИТ» мастер-класс баргузор карданд.
Интихоби чунин мавзуъ худ аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ дар таъмини бехатарии молиявӣ ба яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти муосир табдил ёфтааст. Барои муассисаи таҳсилоти олии иқтисодӣ низ ворид шудан ба чунин муҳокимаҳои байналмилалӣ имкони хубест барои муаррифии таҷрибаи худ ва ҳамзамон омӯзиши равишҳои нав.
Дар баробари иштироки донишҷӯён, намояндагони ҳайати омӯзгорони ДДМИТ низ дар барномаҳои касбиву омӯзишии Олимпиада фаъол буданд.
Ҳамчунин, Қутбиддин Муқимзода ва Мастура Буризода дар курси такмили ихтисос, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии таълимӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия дар мавзӯи «Муқовимат ба шустушӯи даромад ва маблағгузории терроризм: имкониятҳо, таҳдидҳо ва хатарҳои зеҳни сунъӣ» баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби сертификат шуданд.
Албатта, баргузории чунин курсҳо дар шароите муҳим аст, ки технологияҳои рақамӣ дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои нав, шаклҳои нави таҳдид ба низоми молиявиро низ ба миён меоранд. Аз ин рӯ, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва омодасозии мутахассисоне, ки ин равандҳоро аз лиҳози илмӣ ва амалӣ арзёбӣ карда метавонанд, аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Иштироки ҳайати ДДМИТ дар Олимпиадаи байналмилалии “Амнияти молиявӣ” танҳо як сафари омӯзишӣ ё иштирок дар озмун набуда, он барои донишҷӯён ва устодон майдони воқеии табодули таҷриба, муоширати касбӣ ва пайдо намудани робитаҳои нави илмӣ гардид.
Махсусан, барои донишҷӯён чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки донишҳои назариявии худро дар муҳити байналмилалӣ санҷида, бо ҳамсолони кишварҳои гуногун мубодилаи афкор намоянд ва ба талаботи нави бозори меҳнату илми муосир наздиктар шаванд.
Дипломи дараҷаи II-и Азизов Умедҷон бошад, бешакк, дар ин иштироки ДДМИТ мазмуни дигар бахшид. Зеро дар паси ҳар як дастовард на танҳо натиҷаи як озмун, балки заҳмати донишҷӯ, дастгирии устодон ва муҳити илмии муассисаи таълимӣ қарор дорад.
Барои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки рушди илм, инноватсия ва омодасозии мутахассисони рақобатпазирро аз самтҳои муҳими фаъолияти худ медонад, иштирок дар чунин майдонҳои байналмилалӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас заминаи хуб барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди минбаъдаи иқтидори ҷавонон мебошад.
Аз сӯи дигар, ғолибияти донишҷӯи ДДМИТ дар Олимпиадаи байналмилалии «Бехатарии молиявӣ» нишон дод, ки истеъдодҳои ҷавони донишгоҳ барои ворид шудан ба рақобати байналмилалӣ омодаанд. Вазифаи муҳими минбаъда бошад, фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои рушди чунин истеъдодҳо ва пайвастани дониш, илм ва таҷрибаи байналмилалӣ ба манфиати рушди иқтисоди миллӣ мебошад.
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng