Терроризм баҳри дигаргунсозии сохти иҷтимоию иқтисодӣ, вайронсозии идеологияи давлатӣ, тағйирдиҳии идоракунии давлатӣ ва аз байн бурдани ягонагии ҳудудӣ бо методҳои ҷиноӣ мебошад. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардиданд.

Ҳамин тавр, зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабори ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Яъне, имрӯз танҳо муборизаи дастҷамъонаи аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи амалҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар Ватани азизи хеш зиндагии ободу осоишта ба сар барад.

Амалиёти террористӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро анҷом дода мешаванд, яке аз хатарҳои ҷиддии замони муосир ба шумор мераванд. Амалҳои тахрибкоронаи аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ба суботу амнияти давлат, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ латмаи ҷиддӣ мерасонанд.

Терроризм зӯровариро таблиғ карда, бо истифода аз дин ва эҳсосоти мардум кӯшиш мекунад ҳадафҳои ғаразноки сиёсиро пиёда созад. Амалҳои террористӣ, сарфи назар аз шиору ниқобҳое, ки пушти он пинҳон мешаванд, моҳиятан зиддиинсонӣ ва зиддиқонунӣ мебошанд.

Таҷрибаи талхи солҳои гузашта нишон дод, ки ифротгароӣ ва даъват ба зӯроварӣ танҳо ба фоҷиа, талафоти ҷонӣ ва ақибмондагии ҷомеа меорад. Ҳар нафаре, ки ба чунин гуруҳҳо мепайвандад, на танҳо ояндаи худро зери хатар мегузорад, балки ба амнияти тамоми ҷомеа таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, зиракӣ ва мавқеи шаҳрвандии фаъол дар муқобили чунин амалҳо аҳамияти калидӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо терроризм ва экстремизм сиёсати устуворро пеш мебарад. Ин мубориза вазифаи ҳар як шаҳрванди огоҳу масъулиятшинос мебошад. Тақвияти худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ аз роҳҳои муассири пешгирии ифротгароӣ ба ҳисоб мераванд.

Нақши ҷавонон дар ин раванд махсусан муҳим аст. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки дониш, меҳнат, эҷодкорӣ ва иштирок дар ҳаёти созандаи ҷомеа роҳи ягонаи рушди шахсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Гумроҳшавӣ зери таъсири таблиғоти ифротӣ ба бунбасти зиндагӣ меорад.

Яке аз хатарҳои асосии терроризм дар он аст, ки он бештар ҷавононро ҳадаф қарор медиҳад. Террористон бо таблиғоти ифротӣ бо шиорҳои фиребанда, ваъдаҳои дурӯғин ва таҳриф кардани ояту ҳадисҳои динӣ кӯшиш мекунад шуури ҷавононро заҳролуд созад, дар ҳоле, ки роҳи ҳақиқии худшиносӣ ва пешрафт донишандӯзӣ, меҳнат, масъулият ва иштироки фаъол дар ҳаёти созандаи ҷомеа мебошад.

Ҷомеаи Тоҷикистон таҷрибаи талхи оқибатҳои ифротгароиро аз сар гузаронидааст ва маҳз ҳамин таҷриба моро водор месозад, ки нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти терроризм мавқеи қатъӣ ва оштинопазир дошта бошем. Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва қонунмандӣ арзишҳое мебошанд, ки бо заҳмати зиёд ба даст омадаанд ва ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Васоити ахбори омма, зиёиён ва фаъолони ҷомеа бояд дар фош намудани моҳияти аслии терроризм ва ифротгароӣ саҳми фаъол гузоранд. Шарҳи дурусти воқеият, муқовимат ба иттилооти бардурӯғ ва ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ метавонад садди роҳи паҳншавии ақидаҳои хатарнок гардад.

Ҷомеаи солим зӯровариро қабул надорад ва роҳи пешрафтро танҳо дар сулҳ, қонунмандӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебинад. Танҳо бо муттаҳидӣ, ҳушёрӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавон амнияти кишвар ва ояндаи осоиштаро таъмин намуд.

 

Ҷиёнхони АШӮРАЛӢ,

ассистенти кафедраи менеҷменти ДДМИТ