МАВҚЕЪ ВА МАСЪАЛАҲОИ СОҲАҲОИ ЭНЕРГЕТИКА, САНОАТ ВА ПИРЯХҲО
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки рӯзи 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, самтҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷӣ, бахусус, рушди устувори иқтисодӣ ва экологиро дар бар гирифт. Аз ҷумла, дар он ба масъалаҳои калидии соҳаҳои энергетика, саноат ва ҳолати пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.
ЭНЕРГЕТИКА - ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ
Президенти кишвар таъкид карданд, ки соҳаи энергетика ҳамчун яке аз шохаҳои асосии иқтисоди миллӣ нақши калидӣ мебозад. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо метавонад на танҳо талаботи дохилиро қонеъ гардонад, балки содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсояро таъмин намояд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои нав, аз ҷумла чархаҳои навбатии НБО "Роғун", сатҳи таъмин бо барқ ба таври назаррас беҳтар хоҳад шуд.
САНОАТ - МУҲАРРИКИ ПЕШРАФТ
Дар Паём таъкид шуд, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот, рушди саноат зарур аст. Президенти мамлакат ҳадафи саноатикунонии босуръатро як омили муҳими пешрафти давлат номиданд. Ба роҳ мондани корхонаҳои саноатӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва ҷалби сармоягузорӣ барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аз мавзуъҳои асосии Паём буданд.
ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА МАСЪАЛАИ ПИРЯХҲО
Яке аз нуктаҳои муҳими дигар ин буд, ки Тоҷикистон дар баробари рушди иқтисодӣ ба масъалаҳои экология аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии оби тозаанд, яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ мебошад. Аз ин рӯ, кишвар ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо роҳандозӣ мекунад. Президенти мамлакат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки дар масъалаи ҳифзи экосистемаҳо ва коҳиши тағйироти иқлим ҳамкориҳои густурда ба роҳ монанд.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари нишон додани дастовардҳо, ҳамчунин, самтҳои афзалиятнок ва масъалаҳои ҳалталабро муайян кард. Энергетика ва саноат чун заминаи рушди иқтисодӣ ва пиряхҳо чун манбаи ҳаётии об дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Иқдоми миллӣ ва байналмилалӣ дар ин самтҳо барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва наслҳои оянда муҳим арзёбӣ мешавад.
Маҳтоб ҲАМИДОВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng