СОЛИ НАВ - РАМЗИ УМЕД ВА ОҒОЗИ НАВ
Соли нави мелодӣ яке аз ҷашнҳои зебо ва пуршукӯҳ дар саросари дунё маҳсуб мешавад, ки дар он одамон бо шодиву нишот, орзу ва ниятҳои нек ба истиқболи соли нав меоянд. Ин ҷашн барои бисёриҳо рамзи оғози тозаи ҳаёт, имкониятҳои нав ва оғози як марҳилаи муҳими дигар дар зиндагӣ мебошад.
Соли нави мелодӣ решаҳои қадимӣ дорад ва аз замони Руми Қадим сарчашма мегирад. Дар ибтидо онро 1-уми март ҷашн мегирифтанд, вале баъдтар император Юлий Сезар тақвими юлианиро ҷорӣ кард ва соли нав ба рӯзи 1-уми январ гузаронида шуд. Ин сана дар тамоми ҷаҳон ҳамчун оғози соли мелодӣ пазируфта шуд ва бо мурури замон ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Дар Тоҷикистон Соли нави мелодӣ дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ ва мазҳабӣ мақоми хос дорад. Ҳарчанд ин ҷашн аслан мазҳабӣ нест, он бештар хусусияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гирифтааст. Дар шаби соли нав мардуми тоҷик оилавӣ ҷамъ шуда, бо дастархони идона, муборакбодӣ, дидани барномаҳои солинавӣ ва оростани арчаи солинавӣ ба истиқболи соли нав меоянд.
Махсусан, кӯдакон дар ин шаб бо шодӣ ва умеди зиёд интизори Бобои Барфӣ ва Барфак мешаванд, ки бо туҳфаҳои солинавӣ меоянд.
Арчаи солинавӣ, чароғакҳо, Бобои Барфӣ ва туҳфаҳо аз ҷумлаи рамзҳои асосии ин ҷашн ба ҳисоб мераванд. Арчаи сабз ҳамчун рамзи ҳаёти нав ва шодмонӣ оро дода мешавад. Туҳфаҳо бошад, нишонаи муҳаббат ва таваҷҷуҳ ба наздиконанд.
Бо фарорасии соли нав бисёре аз мардум барои худ мақсадҳои нав мегузоранд, хоҳ дар зиндагии шахсӣ, хоҳ дар таҳсил, кор ё робита бо дигарон. Ин ҷашн на танҳо барои шодӣ аст, балки барои таҳлили гузашта, бахшидани гуноҳҳо, тарк кардани одатҳои нодуруст ва оғози тоза дар зиндагӣ замина фароҳам меорад.
Соли нав моро ба дӯст доштани якдигар, эҳтиром ба падару модар, кумак ба ниёзмандон ва бештар дӯстию муҳаббат талқин мекунад. Дар ин шабу рӯз, ҳар як инсон бояд кӯшиш кунад, ки на танҳо ҷашн гирад, балки дар дили дигарон низ шодӣ эҷод кунад. Зеро як калимаи нек, як табассум ё дастгирии одӣ метавонад соли наверо барои шахсе гуворотар гардонад.
Соли нави мелодӣ ҷашнест, ки инсонро ба умед, шодӣ ва орзуҳои нек водор мекунад. Ин ҷашн моро ёдрас мекунад, ки ҳар рӯзро бояд бо эҳсоси нек оғоз намоем, нисбат ба дигарон меҳрубон бошем ва барои беҳтар кардани зиндагии худ ва дигарон кӯшиш намоем. Пас, соли навро бо дили соф, ниятҳои пок ва орзуҳои калон истиқбол гирем!
Маҳтоб ҲАМИДОВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng