Паёми навбатӣ чун солҳои қаблӣ аҳамияти стратегӣ дошта, дар он таҳлилҳои даҳсола ва муқоиса оид ба рушди устувор, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва таҳкими амният, ки ба беҳдошти рӯзгори мардуми Тоҷикистон нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳ карда шуд.

Тамоми ҷанбаҳои муҳим афзоиши буҷет ва идоракунии молиявӣ, истифодаи “Зеҳни сунъӣ”, гузариш ба “иқтисоди сабз”, бунёди муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ, таъмини озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, созмони нақлиёт ва телекоммуникатсия, ислоҳоти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии арзанда ва ҳифзи амният, ваҳдат ва истиқлолият таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки “... даромади буҷети давлатӣ дар 11 моҳи соли 2025 ба 50 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда 65% афзоиш нисбат ба соли 2020 ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 8,5 % афзоиш ёфта, ба 85% расидааст”. Стратегияҳои рушди соҳаҳои муҳимми миллӣ - рушди истеҳсолот, неруи барқ, нақлиёт, сайёҳӣ то соли 2040 пешниҳод шудаанд, ки ин собиткунандаи беҳтаргардонии ҳаёти халқи тоҷик дар солҳои минбаъда мебошад.

Имрӯз дар ҷомеаи пешрафта ва давлатҳои иқтисодиёташон рушдкарда ба хизматрасонии интернетӣ ва истифода аз “Зеҳни сунъӣ” аҳамияти бештар дода мешавад. Дар ҳошияи ин Сарвари давлат сухан намуда, ҷиҳати таъмини дастрасии васеи интернети баландсуръат барои аҳолӣ ва сохторҳои коммуникатсионӣ ба вазоратҳои дахлдор дастур доданд. Зеро он имкон медиҳад, ки ба сатҳу сифати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва умуман, ба фаъолияти босамари ниҳодҳои иҷтимоӣ замина мегузорад.

Ҳамин тариқ, айни замон “Зеҳни сунъӣ” дар соҳаҳои мухталифи илму маориф, техникаю технология, тандурустӣ, нақлиёт, амният ва ғайра васеъ истифода мешавад.

Дар баробари самтҳои асосӣ, нақши занон дар сиёсати давлатӣ, сифати таҳсилот, тарбияи фарзандон ва ҳамчун нигоҳдорандаи фарҳанги тоҷикон мусбат арзёбӣ гардид.

Пешвои миллат аз зиндагии рӯзмарра, аз қабили чӣ гуна сару либос пӯшидани аҷдодони мо, бахусус, модари тоҷик дар хона, дар маъракаҳо ва ҳатто то ба хонаи ҳамсоя рафтан мисол оварда, аз тарзи либоспӯшии махсуси миллати тоҷик ёдовар шуданд. Мутаассифона, имрӯз мардум фирефтаи хурофот шуда, фарҳанги хешро бо фарҳанги дигар халқу миллатҳо омехта намуда, пайравӣ ба тарзи либоспӯшии бегона мекунанд. Дар ин замина, таъкид карда шуд, ки мардуми бегона аввал фарҳанг ва баъдан забонро аз байн бурда, миллатро ба нестӣ мерасонад.

Оид ба фарҳанги либоспӯшӣ сухан ронда, даъват ба амал оварданд, ки ҳар давлату миллатро вобаста ба тарзи либос пӯшиданаш баҳо медиҳанд. Бояд гуфт, ки симои ҳар як шаҳрванд симои миллат, муаррифгари давлат ва фарҳангу тамаддуни башарист.

Мусаллам аст, ки дар солҳои охир, дар масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии таҳсили духтарон, махсусан, дар деҳот, ҷалби занон ба илм ва касбҳои муосир, дастгирии соҳибкории бонувон, қарзҳои имтиёзнок, омӯзиш барои соҳибкасб шудани занҳои хонашин ва ба ин васила, беҳтар кардани шароити зиндагии занону духтарон, тандурустии занон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо, иштироки занон дар идоракунии давлатӣ, роҳбарӣ ва қабули қарорҳо ба занон ва духтарон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Ин аст, ки имрӯз зани тоҷик роҳбар, тоҷир, корманди амният ва ҳифзи ҳуқуқ, муҳофизи ватан, омӯзгор, табиб, ҳунарманд ва аз ҳама воло кадбону ва тарбиятгари фарзандон аст. Нақши зан ҳамчун модар ва поягузори оилаи солим эътироф мешавад.

Дар Паём соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шуд. Дар иртибот ба ин, зарур меояд, ки диққати бештар ба корҳои ободкориву созандагӣ, рушд ва баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ дода, дар тамоми шаҳру деҳоти мамлакат ба бунёдкорӣ, ободонӣ ва беҳбудии ҳамаи самтҳои хоҷагии қишлоқ вусъат ва суръат бахшида шавад.

Ин ҳадаф ба рушду ободии кишвар, аз қабили бунёди иншоот, беҳсозии манзилу роҳҳо ва инфрасохтори муҳимми иҷтимоӣ ва аз ин беш  ба зиндагии арзандаи мардуми кишвари маҳбубамон нигаронида шудааст.

Миллати тоҷик, ки дар арафаи яке аз санаҳои муҳимми тақдирсози хеш 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, эълон шудани «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» моро водор месозад, ки  пайваста пайи ободкориву навсозӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Симои пойтахт, шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто дурдастарин деҳотро намунаи беҳтаринҳо гардонида, бо меҳнати сазовор ба наслҳои оянда ватани зебою обод ҳадя намоем.

Воқеан, Пешвои миллат дар баробари таҳлилҳои иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки фарогири набзи ҷомеаи муосиранд, оид ба китоби муқаддаси дини ислом «Қуръон» ба забони тоҷикӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ѓафуров, ки тайи солҳои охир нашр шуда, ба мардуми тоҷик ҳамчун тӯҳфа дастрас гардиданд, сухан намуда, даъват ба амал оварданд, ки китобҳои мазкурро хонем аз дину оин, фарҳангу тамаддун ва аз асли худ воқиф бошем ва ба фарҳанги дигар халқу миллат нагаравем.

Мутолиаи ин китобҳои арзишманд дар ниҳоди ҳар як фард ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллиро бедор намуда, дар тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши бориз мегузорад.

Хулоса, Паёми ҳамасоларо мардум бесаброна интизорӣ мекашад ва пас аз таҳлилҳо ва корҳои анҷомдода Президенти кишвари маҳбубамон  музди меҳнати кормандони соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, нафақаи иҷтимоиро аз 15 то 25 % баланд мебардоранд, ки ин ҳавасмандкунӣ ҷомеаи кишварро водор месозад, то фаъолияти меҳатиашро боз ҳам хубтар ба роҳ монад.

Умуман, Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳамчун дастури ватандӯстона даъват ба ташаббускорию созандагӣ, масъулиятшиносӣ ва мусоидат ба ташаккули эҳсоси ифтихору ҳувияти миллӣ унвон додан мумкин аст.

 

Кӯҳзод ШОДИЕВ,

н.и.и., дотсент, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими ДДМИТ

К. ШЕРАЛИЕВА,

донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-25010500 – омори ДДМИТ