ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ЗИНДАГИИ ҲАРРӮЗАИ МО
Дар асри XXI пешрафтҳои илму технология ҷаҳонро ба суръати зиёд тағйир медиҳанд. Яке аз муҳимтарин ва баҳсбарангезтарин ихтирооти замони муосир зеҳни сунъӣ ба шумор меравад. Зеҳни сунъӣ на танҳо як самти рушди технологист, балки як ҷараёни инқилобӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонӣ мебошад.
Зеҳни сунъӣ қобилияти барномаву системаҳои компютерӣ барои иҷрои вазифаҳои мураккабест, ки одатан танҳо инсон метавонад онҳоро анҷом диҳад: фикр кардан, омӯхтан, ҳал намудани масъалаҳо, шинохти забон, сухан гуфтан ва қабули қарор. Ин навъи технология имкон медиҳад, ки компютерҳо рафтори инсонро тақлид кунанд ва худомӯз бошанд.
Таъсири зеҳни сунъӣ ба зиндагии ҳаррӯза, аз ҷумла табобат ва тандурустӣ хеле назаррас аст. Имрӯз он дар ташхиси бемориҳо, таҳлили натиҷаҳои тиббӣ ва ҳатто дар ҷарроҳӣ истифода мешавад. Бо кумаки зеҳни сунъӣ ташхиси бемориҳои саратони сина, қанд, бемориҳои дил зудтар ва саҳеҳтар мешавад. Ин усули муосир кори табибонро осонтар мекунад ва хатогиро коҳиш медиҳад.
Дар соҳаи таълим зеҳни сунъӣ барои сохтани платформаҳои таълими интерактивӣ истифода мешавад. Донишҷӯён метавонанд бо ёрии барномаҳои AI сари вақт савол диҳанд, супоришҳоро иҷро кунанд ва аз муаллимони сунъӣ маслиҳат гиранд.
Системаҳои роҳнамо, нақлиёти автоматӣ масалан, мошинҳои бидуни ронанда ва хизматрасонии «ҳушманд» дар соҳаи нақлиёт, самараи зеҳни сунъӣ мебошанд. Онҳо барои кам кардани садамаҳо, роҳандозии ҳаракати самаранок ва коҳиши ифлосшавӣ мусоидат мекунанд.
Дар марказҳои савдо барои тавсияи маҳсулот, идоракунии анбор ва ҳатто дар муошират бо муштариён васеъ истифода мешавад. Чат-ботҳо ба ҷойи одамон кор мекунанд ва шабонарӯзӣ посух медиҳанд.
Бо вуҷуди манфиатҳои зиёд, зеҳни сунъӣ бо хатарҳое низ рӯбарӯ аст:
- Аз даст рафтани ҷойҳои корӣ: автоматикунонии равандҳо метавонад боиси бекорӣ гардад, хусусан барои коргарони дастӣ.
- Масъулияти ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ: агар зеҳни сунъӣ хато кунад, ҷавобгар кист? Сохтани қонунгузорӣ дар ин самт мушкил боқӣ мондааст.
Назорати инсон: эҳтимолияти он, ки зеҳни сунъӣ аз назорати инсон берун шавад, масъалаест, ки олимон ва мутахассисонро ба ташвиш овардааст.
Зеҳни сунъӣ ҳамчун як дастоварди бузурги илму техника, имкон медиҳад, ки ҳаёти инсон боз ҳам осонтар ва самараноктар гардад. Аммо истифодаи он бояд зери назорат ва бо масъулияти ахлоқӣ сурат гирад. Мо бояд на фақат аз он истифода барем, балки омода бошем, ки онро дуруст роҳбарӣ кунем ва дар асоси арзишҳои инсонӣ онро рушд диҳем. Танҳо дар ин сурат, зеҳни сунъӣ метавонад ба як ҳамкори боэътимоди мо табдил ёбад, на ба рақибе, ки хатари ҷойгузини инсонро дорад.
Маҳтоб ҲАМИДОВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng