Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз се баробар зиёдтар аз талаботи энергияи барқии тамоми Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Содироти энергияи барқ метавонад ба манбаи муҳими даромади асъорӣ барои кишвар табдил ёбад ва дар таҳкими вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ нақши калон бозад.

Тоҷикистон метавонад ба маркази асосии таъминоти “энергияи сабз” дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Сохтмони хатҳои интиқоли байналмилалии энергия, аз ҷумла лоиҳаи CASA-1000, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон ва Покистон мепайвандад, имкон медиҳад, ки энергияи барқи “сабз” ба бозорҳои нав расонида шавад. Инчунин, густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар самти муборизаи барқ дар шакли алоқамандии низомҳои энергетикӣ пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистон аз тағйирёбии иқлим зиёд азият мекашад ва маҳз ҳамин омил боис гаштааст, ки ташаббусҳояш дар самти коҳиши партови газҳои гулхонаӣ аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ доранд. Аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешаванд. Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба ҷойи сӯзишворҳои анъанавӣ боиси камшавии таъсири манфӣ ба муҳити зист ва коҳиши партови газҳои гулхонаӣ мегарданд.

Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, дарахтон, хок ва дигар захираҳои табиӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошанд. Татбиқи лоиҳаҳои “энергияи сабз” бояд бо риояи принсипҳои рушди устувор ва ҳифзи табиат пеш бурда шаванд. Махсусан, барои лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ аз таъсири манфӣ ба экосистемаҳои дарёӣ пешгирӣ намудан муҳим аст.

Дар доираи чораҳои ҳифзи муҳити зист барномаҳои васеи бунёди ҷангалзор, эҳё ва нигоҳубини минтақаҳои муҳофизатшавандаи табиат амалӣ карда мешаванд. Ин тадбирҳо на танҳо ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, балки ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим низ мусоидат мекунад. Ҷангалзор дар бартараф намудани газҳои гулхонаӣ, нигоҳдорӣ ва паҳншавии гуногунии биологӣ ва ҳифзи хок аз фарсоиш, нақши муҳим мебозанд.

Барои татбиқи муваффақи лоиҳаҳои энергияи сабз кадрҳои баландихтисоси касбӣ лозиманд. Бояд дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барномаҳои навини таълимӣ дар самти энергияҳои барқароршаванда, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои сабз ташкил карда шаванд. Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷӣ барои мубодилаи таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик густариш меёбад.

Барои пайгирии амалишавии Стратегияи миллии рушди иқтисоди “сабз” низоми назорат ва баҳодиҳии самаранокии лоиҳаҳо таъсис дода шудааст.

Афзоиши шаффофияти амалишавии лоиҳаҳои энергетикӣ, ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони саноат ва олимон ба муҳокимаи масъалаҳои муҳими энергетикӣ ва экологӣ барои бехатоӣ ва самаранокии барномаҳои давлатӣ заруранд. Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки шаффофият афзоиш ёфта, коррупсия коҳиш дода шавад.

Барои таъмини самаранокии лоиҳаҳои “энергияи сабз” такмили базаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ зарур аст. Қабули қонунҳои нав ва такмил додани санадҳои меъёрии мавҷуда дар самти истифодаи энергияҳои барқароршаванда, сарфаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сармояи хусусӣ амалӣ карда мешавад.

Барои ҷалби сармояи хусусӣ ба лоиҳаҳои “энергияи сабз” имтиёзҳои андозӣ, кафолатҳои давлатӣ, механизмҳои молиявии самаранок ва содагардонии раванди расмикунии санадҳо пешбинӣ шудааст. Таъсис додани Фонди кафолати қарзҳо метавонад барои соҳибкорони хурд ва миёна, ки мехоҳанд дар самти “энергияи сабз” фаъолият намоянд, дастгирии муҳим пешкаш кунад.

Тоҷикистон аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти рушди энергияҳои барқароршаванда, аз ҷумла Норвегия, Исландия, Канада ва дигарон пайгирӣ менамояд. Ин кишварҳо дар истифодаи энергияи гидроэнергетикӣ дастовардҳои калон доранд ва таҷрибаи онҳо метавонад барои Тоҷикистон муфид бошад.

Тоҷикистон узви фаъоли конвенсияҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти мубориза муқобили тағйирёбии иқлим ва рушди устувор мебошад. Иштирок дар ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, Ҳадафҳои рушди устувор ва ғайра имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз дастгирии техникӣ ва молиявии ҷомеаи байналмилалӣ бархурдор гардад.

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди “иқтисоди сабз” ва истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия стратегияи афзалиятнок мебошад, ки дар Паёми навбатии Президенти маҳбуби кишвар махсус таъкид гардидааст. Ҳадафҳои аниқ, лоиҳаҳои бузург ва таваҷҷуҳи давлатӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон барои гузариш ба иқтисоди устувор ва таъмини истиқлолии энергетикӣ азми қавъӣ дорад.

Истифодаи оқилонаи иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, густариши манбаъҳои алтернативии энергия (офтобӣ ва бодӣ), татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирии сармоягузорон заминаи мустаҳками рушди иқтисоди сабзро ташкил медиҳанд. Ин дастовардҳо на танҳо ба манфиати иқтисодии мамлакат, балки ба солимии ҷомеа, ҳифзи муҳити зист ва ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ низ мусоидати назаррас хоҳанд намуд. Роҳи интихобшудаи Тоҷикистон ба сӯи “иқтисоди сабз” мисоли арзишманде барои дигар кишварҳои рӯ ба инкишоф буда, инъикоси истиқлоли заҳматқаринии халқи тоҷик дар сохтани ояндаи равшан барои наслҳои оянда мебошад.

Дар охир бояд қайд кард, ки муваффақияти ин стратегия на танҳо ба ташаббусҳои давлатӣ, балки ба иштироки фаъолонаи ҳамаи соҳибкорон, олимон, коршиносон ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. Танҳо бо кӯшишҳои якҷояи ҳамагон мо метавонем ба ҳадафҳои муқарраргардида расида, ояндаи равшану муҳити зисти аз ҷиҳати экологӣ тозаро барои Ватани азизамон созем.

 

Одилҷон АБДУЛЛОЗОДА,

н.и.к., дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ