ОДАМРАБОӢ - ҲАМЧУН ҶИНОЯТИ ВАЗНИН
Дар низоми ҳуқуқии муосир ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз арзишҳои олии конститутсионӣ эътироф карда шудааст. Одамрабоӣ ҳамчун яке аз шаклҳои хатарноки ҷиноят ба амнияти шахс, озодии ҳаракат ва дахлнопазирии инсон таҳдиди ҷиддӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон одамрабоиро ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин муайян намудааст, зеро он ба ҳуқуқҳои бунёдии инсон - озодӣ, амният ва дахлнопазирии шахсият таҳдид мекунад.
Тибқи моддаи 130-и Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста аз розигии қурбонӣ, бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Бо ибораи дигар, ҳар гуна ғуломсозӣ ва аз озодӣ маҳрум сохтани шахс бидуни асоси қонунӣ дар зери мафҳуми одамрабоӣ фаҳмида мешавад.
Аз назари санадҳои байналмилалӣ, одамрабоӣ, аксаран ҳамчун ҷузъи ҷиноятҳои савдои инсон ва истисмор эътироф мешавад. Масалан, моддаи 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон соли 1948 ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва амнияти шахсро эътироф мекунад. Моддаи 9-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, соли 1966 маҳрум сохтани ғайриқонунии шахсро аз озодӣ манъ мекунад. Протоколи Палермо (2000) оид ба пешгирӣ қатъ ва ҷазо барои савдои инсон - одамрабоиро ҳамчун яке аз усулҳои асосии содир намудани савдои одамон мешиносад. Конвенсияи СММ зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ (2000) савдои инсонро ба маънои ҷалби шахс бо роҳи таҳдид, зӯроварӣ, фиреб ё пинҳон бурдан барои истисмор муайян ва манъ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ин санадҳо буда, ҳам Конвенсияи СММ зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва Протоколи замимавии он оид ба савдои инсонро тасдиқ кардааст. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак соли 1989-ро низ тасдиқ намудааст, ки дар моддаи 35-и он мамонияти тиҷорат ва одамрабоии кӯдаконро қатъиян манъ менамояд.
Одамрабоӣ метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад. Масалан, одамро барои савдо (истисмори меҳнатӣ ва ғайра) ё фурӯши кӯдакон (гирифтани узв ва бофтаҳои бадан) рабудан низ одамрабоӣ аст. Ҳамчунин, одамро ба мақсади фидя гирифтан (илова ба пул талаб кардан) ва ё барои маҷбур намудани шахс ба кирдорҳои ғайриқонунӣ низ рабудан ба миён меояд. Дар аксар мавридҳо, одамро барои истифодаи ҷинсӣ, силоҳи ҳабсонӣ ё ҷалб ба амалҳои террористӣ рабудан мушоҳида мешавад. Аломати асосии ин ҷиноят ғайриқонунӣ маҳрум сохтани шахс аз озодии шахсӣ ва интиқол ё нигаҳдории маҷбурии ӯ мебошад. Қонунгузорӣ, инчунин, одамрабоиро аз гаравгонгирӣ (моддаи 181-и КҶ ҶТ) ҷудо мекунад: агар нақшаи одамрабоӣ аломатҳои гаравгонгириро надошта бошад, пас ҷиноят одамрабоӣ ҳисобида мешавад.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқи ҷиноятӣ, таркиби ҷинояти одамрабоӣ дорои чор унсури асосӣ мебошад:
- Объект - озодии шахсӣ ва амнияти инсон
- Тарафи объективӣ - амалҳои ғайриқонунии ғасб, интиқол ё нигоҳдории маҷбурии шахс
- Субъект - шахси ба синни ҷавобгарии ҷиноятӣ расида
- Тарафи субъективӣ - гуноҳ дар шакли қасди мустақим, зеро шахс аз оқибати кирдор огоҳ аст
Агар кирдори одамрабоӣ бо омилҳои вазнин, масалан аз ҷониби гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ, нисбати кӯдаки ноболиғ, истифодаи зӯроварии хатарнок ва ғайра содир шуда бошад, ҷазо то 8-12 сол зиёд карда мешавад. Агар ҷиноят дар доираи гурӯҳи муташаккил, бо мақсади рафторҳои ғайриахлоқӣ ё барои гирифтани узв ва бофтаҳои одам барои пайвастгардонӣ содир шавад ё сабабҳои дигаре ретсидивии махсус ва ғайра вуҷуд дошта бошад, ҷазо метавонад ба 15-20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шавад. Илова ба моддаи 130 одамрабоӣ, Кодекси ҷиноятӣ модди 131-ро ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ мекунад, ки барои маҳрум сохтани шахс аз озодӣ бидуни алоқамандӣ ба одамрабоӣ ё гаравгонгирӣ ҷазоро то 3 сол маҳдуд ё 2 сол маҳрум намудан аз озодӣ муқаррар кардааст.
Дар маҷмуъ, тамоми моддаҳои мазкур барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва қатъи кирдорҳои одамрабоӣ ҷазои вазнинро пешбинӣ кардааст. Ин сиёсати ҷазодиҳӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат сатҳи баланди хатарнокии ҷамъиятии одарабоиро эътироф намуда, ҳадафи асосиро дар пешгирӣ ва қатъи чунин ҷиноятҳо мебинад. Пешгирии одамрабоӣ на танҳо вазифаи давлат ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки уҳдадории тамоми ҷомеа мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, такмили қонунгузорӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқи қурбониён аз омилҳои асосии коҳиши ин ҷиноят ба ҳисоб мераванд.
Гулрухсор БАРОТОВА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng