Конститутсия санади муҳиме мебошад, ки пойдевори давлати ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва демократиро ташкил дода, он низоми сиёсию иҷтимоиро муайян ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳимоя мекунад. Ҳар як давлате, ки мехоҳад ҷомеаи одилона ва пешрафтаро бунёд кунад, бояд дорои конститутсияи мукаммал ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бошад.

Конститутсия мисли оинаест, ки шакли идораи давлат, ҳудуд, низоми ҳокимият, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва муносибатҳои байни онҳо бо давлатро пурра инъикос мекунад. Маҳз тавассути конститутсия давлат тавозуни қудратҳоро миёни ҳокимиятҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян месозад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия рӯзи 6 ноябри соли 1994 қабул гардид ва он санади сарнавиштсозе буд, ки ҷомеаро ба марҳилаи нави рушди сиёсиву ҳуқуқӣ ворид кард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзишҳои умумибашарӣ такя намуда, ҳимояи ҳуқуқи инсонро яке аз ҳадафҳои асосии худ эълон кардааст.

Яке аз аввалин ҳуҷҷатҳои таърихие, ки дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон сухан мекунад, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад. Ин эъломия, ки дар шакли санги гилӣ - “Силиндраи Куруш”, соли 539 пеш аз милод ҳангоми озод намудани мардуми Бобил аз асорат навишта шудааст, имрӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф гардидааст.

Дар ин санад Куруши Кабир, подшоҳи бузурги Эрони қадим, аз озодии виҷдон, эҳтиром ба фарҳанг ва динҳои гуногун, озодии иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон сухан мегӯяд. Ин арзишҳо имрӯз ҳам дар асоси конститутсияҳои муосир, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи муҳимеро дар бар гирифтааст.

Конститутсияи имрӯзаи Тоҷикистон идомаи мантиқии арзишҳои башардӯстонаи гузашта мебошад. Агар Куруши Кабир нахустин шуда, дар бораи ҳуқуқи инсон сухан гуфта бошад, имрӯз Конститутсияи мо ин ғояҳоро дар шакли муосир таҷассум мебахшад. Дар моддаҳои Конститутсия чунин меъёрҳо мавҷуданд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ маҳсуб мешаванд. Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин суханон идомаи ҳамон ақидаҳои инсонпарваронаест, ки беш аз 2500 сол пеш Куруши Кабир дар Эъломияи худ иброз дошта буд.

Хулоси калом, конститутсия на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, адолат ва озодии миллат мебошад. Он кафолати суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Бо эҳтиром ба таърих ва арзишҳои умумибашарӣ, мо бояд Конститутсияи кишвари худро дӯст дорем, онро омӯзем ва ба иҷрои он содиқ бошем. Чуноне ки Куруши Кабир гуфта буд: «Ман сулҳ ва озодиро барои ҳамаи халқҳо мехоҳам». Имрӯз ин орзуи ӯ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воқеият табдил ёфтааст.

Муҳаммад Каримов, омӯзгори ДДМИТ