КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ОЗОДИИ ҲУҚУҚҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ
Ҳуқуқи инсон яке аз масъалаҳои муҳиму ҳассоси ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар татбиқи принсипҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон бетараф нест. Дар ин замина, таҳкими давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёд яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии кишвар маҳсуб меёбад.
Яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон — озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ мебошад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд муқаррар гардида, амалӣ шудани он аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Ин ҳуқуқ на танҳо имкони амалии шаҳрвандонро дар соҳаи иқтисодӣ фароҳам меорад, балки ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ низ мусоидат мекунад.
Ҳуқуқу озодиҳои иқтисодии инсон ва шаҳрванд, дар баробари ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шахсӣ аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд. Тавре ки дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр мегардад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Дар ҳамин замина, машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ низ яке аз муҳимтарин шаклҳои татбиқи ҳуқуқҳои иқтисодии шаҳрванд ба шумор рафта, таҷассумгари амалишавии гуфтаҳои болост.
Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат, ҷомеа ва шаҳрвандонро танзим менамояд. Гарчанде муносибатҳои соҳибкорӣ бештар аз ҷониби қонунҳои соҳавӣ ба танзим дароварда мешаванд, аммо принсипҳои умумӣ ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ маҳз дар Конститутсия ҷой доранд.
Тибқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро, баробарҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият ва ҳифзи ҳуқуқии онҳоро кафолат медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки нисбат ба моликияти давлативу хусусӣ ҳеҷ гуна имтиёз ё маҳдудияти табъизомез роҳ дода намешавад, то ки баробарии ҳуқуқии ҳамаи субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ таъмин гардад.
Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, дар Тоҷикистон дар сатҳи конститутсионӣ таъмин гардида, меъёрҳои он ба санадҳои байналмилалӣ — аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқат доранд.
Яке аз бартариятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он тамоми ҳуқуқу озодиҳои иқтисодии дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар пешбинигардидаро дар худ ҷой додааст. Ҳатто, дар Конститутсия ҳуқуқҳое кафолат дода шудааст, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ин ҳуқуқҳо кафолат дода нашудааст, аз қабили ҳуқуқ ба мерос ва ҳуқуқ ба моликият.
Бидуни шакк, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули иқтисоди миллӣ, таҳкими фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини озодии ҳуқуқҳои иқтисодии шаҳрвандон хеле муҳим мебошад.
Қобили қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба дастгирии ҳамаҷонибаи давлатии субъектони фаъолияти соҳибкорӣ, ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию молиявии онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Ҳамасола дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои фаъолияти соҳибкорӣ, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, имтиёзҳои андозӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ироа мегардад.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 қайд гардид, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Ҷавобан ба ин иқдомҳои некбинонаи субъектони фаъолияти соҳибкорӣ, Роҳбари давлат аз минбари баланди бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.
Қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ карда истодааст.
Масалан, татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад. Аз ҷумла, муқаррароти дар Кодекси андоз доир ба роҳандозии санҷишҳои андоз тибқи низоми идоракунии хавфҳо имкон дода истодаанд, ки шумора ва муҳлати гузаронидани онҳо маҳдуд ва сифатнокӣ таъмин карда шавад.
Тибқи маълумот, соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардидааст.
Инчунин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад.
Бо мақсади амалӣ шудани ин амали нек, ки ба манфиати субъектони фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар мақомоти марбута дар муҳлати як моҳ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба амалисозии пешниҳоди мазкур таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад, қайд гардид дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Ишора шуд, ки танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст. Вобаста ба дастовардҳои мазкур саҳми субъектони фаъолияти соҳибкорӣ назаррас буда ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбати онҳо дар дастгирии давлатӣ бетараф нест.
Ҳамчунин, ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии соҳибкорон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо дар роҳи ободии Ватан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-уми октябр - Рӯзи соҳибкорон эълон гардид. Бо ғамхориҳои давлату Ҳукумат дар кишварамон фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолати рушд қарор дорад.
Аввалин бор дар таърихи давлатдории Тоҷикистон Қонуни асосӣ ба шаҳрвандон озодии фаъолиятро дар самтҳои соҳибкорӣ, сиёсӣ ва идеологӣ кафолат дод. Қайд намудан зарур аст, ки гарчанде дар Конститутсия истилоҳи «иқтисоди бозорӣ» истифода нашуда бошад ҳам, аммо моддаи 12-и Конститутсия пурра мазмуни ин истилоҳро кушода, унсурҳои асосии иқтисоди бозорӣ, аз ҷумла, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, озодии фаъолияти соҳибкориро муайян менамояд. Назар ба конститутсияҳои даврони шуравӣ Конститутсияи муосири Тоҷикистон нақши давлатро дар танзимнамоии иқтисодиёт пурра дигаргун намудааст. Агар қаблан давлат пурра иқтисодиётро танзим мекард, ҳоло бошад, давлат иқтисодиётро дар доираи принсипҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва дигар қонунҳои ҷорӣ танзим менамояд.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи шуравӣ фаъолияти соҳибкорӣ манъ ва барои он ҷавобгарии ҷиноятӣ низ муқаррар гашта буд, чунки он гӯё сабабгори нобаробарии байни одамон мегашт.
Аз рӯйи мазмуни конститутсияи амалкунанда бармеояд, ки барои дахолат намудани давлат ба фаъолияти корхонаҳо ва шаҳрвандон маҳдудият ҷой дорад. Барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ, ҳатто, моддаи 258 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар мекунад.
Дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии давлат, заминаи устувори ҳуқуқӣ барои озодии иқтисодӣ ва рушди соҳибкорӣ фароҳам овардааст. Меъёрҳои он, бахусус моддаҳои 5 ва 12, озодии фаъолияти соҳибкорӣ, баробарии ҳамаи шаклҳои моликият ва ҳимояи ҳуқуқии онҳоро кафолат медиҳад. Ин меъёрҳо бо санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг буда, татбиқи онҳо барои рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таъмини манфиатҳои шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва фароҳам овардани муҳити мусоиди иқтисодиро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон, коҳиши монеаҳои маъмурӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва ташвиқи сармоягузорӣ далели амалии кафолатҳои конститутсионӣ дар соҳаи иқтисодӣ мебошанд.
Ҳамаи ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ва Конститутсия дар якҷоягӣ ҳамчун кафили амалӣ шудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкорӣ амал мекунанд. Бо такя ба ин асосҳои ҳуқуқӣ, кишвар ба самти таҳкими иқтисоди бозорӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд устуворона пеш меравад.
Мирзоев Субҳоналӣ Аҳтамҷонович,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
дотсенти ДДМИТ,
Абдуразоқов Хисрав Раҳмонович,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng