РӮЗИ ПУЛИ МИЛЛӢ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН
Ҳар як давлат дорои рамзҳои миллии худ мебошад, ки истиқлол ва соҳибихтиёрии онро нишон медиҳанд. Аз ҷумла, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Пули миллӣ ба унвони рамзҳои асосии давлатдорӣ шинохта шудаанд. Дар Тоҷикистон бошад, 30 октябр ҳамчун рӯзи пули миллӣ таҷлил карда мешавад, ки ин сана бо ҷорӣ гардидани пули миллии кишвар сомонӣ алоқаманд аст.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ (соли 1991), Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи душвори иқтисодиро аз сар гузаронид. Дар давраи аввали истиқлол кишвар ҳанӯз аз пули миллии худ маҳрум буд ва аз пули дигарон, аз ҷумла рубли русӣ, истифода мебурд. Аммо, бо мурури замон, зарурати таъсиси низоми мустақили пулию молиявӣ пеш омад.
Бинобар ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 30 октябри соли 2000 пули миллӣ сомонӣ ва воҳиди хурди он дирам ба муомилот ворид карда шуд. Ин рӯйдод яке аз саҳифаҳои муҳим ва таърихии иқтисоди кишвар гардид. Сомонӣ ба ифтихори шахсияти бузурги таърихи тоҷикон Амир Исмоили Сомонӣ - асосгузори давлати Сомониён номгузорӣ шудааст. Ин ном на танҳо рамзи ифтихори миллӣ, балки пайванди таърихӣ миёни гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҷорӣ гардидани пули миллӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва молиявиро пеш барад, сатҳи таваррумро танзим намояд ва иқтисоди миллиро аз вобастагӣ ба дигар давлатҳо раҳо созад. Имрӯз пули миллӣ сомонӣ, ҳамчун рамзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли иқтисодӣ мавқеи худро дар ҷомеа устувор кардааст.
Хулоса, пули миллӣ на танҳо воситаи мубодилаи мол ва хизматрасонӣ, балки нишондиҳандаи қудрат ва устувории иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, бо ёрии он давлат сиёсати пулию қарзиро танзим намуда, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии худро таъмин менамояд. Ҳифз ва устувор нигоҳ доштани арзиши пули миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, зеро сомонӣ рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Пули миллӣ ин пояи истиқлоли иқтисодӣ ва нишонаи соҳибихтиёрии кишвар аст. Таҷлили Рӯзи пули миллӣ моро водор месозад, ки ба қадри суботи иқтисодӣ ва заҳмати давлат дар роҳи рушди молиявӣ бирасем. Пули миллӣ ин на танҳо воситаи ҳисоб, балки рамзи ваҳдат, сулҳ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Зуҳурбек Саидов,
донишҷӯи курси 3 ихтисоси 1-96010103 факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng