Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи пешрафт ва рушди устувори ҳар як ҷомеа ба шумор меравад. Ин амали номатлуб на танҳо ба иқтисодиёт, балки ба сиёсат, фарҳанг ва ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванди масъул ва як амри зарурии давлатӣ мебошад.

Коррупсияро метавон ҳамчун суиистифода аз вазифа ва мақоми хизматии давлатӣ бо мақсади ба даст овардани манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ тавсиф кард. Он метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад, аз ҷумла: ришвадиҳӣ, тамаъҷӯӣ, хешутаборбозӣ, хилофкориҳои молиявӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ.

Коррупсия метавонад ба ҷомеа чунин зарарҳо расонад:

Монеаи рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мегардад.

Эътимоди мардумро ба давлат коҳиш медиҳад.

Адолати иҷтимоиро халалдор месозад.

Ба рушди соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ба инҳо монанд осеб мерасонад.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Мардум низ бояд аз чунин амалҳо худдорӣ намоянд:

- аз додану гирифтани ришва худдорӣ намоянд;

- ҳолатҳои коррупсиониро ба мақомоти дахлдор хабардор созанд;

- фарҳанги шаффофият, қонунмеҳварӣ ва ҷавобгарии шахсиро ташвиқ ва риоя намоянд.

Мубориза бар зидди коррупсия роҳҳою механизмҳои гуногунро доро мебошад. Аз ҷумла, яке аз роҳҳои муассири муқовимат бо коррупсия баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷомеа, хусусан ҷавонону наврасон мебошад. Таълим додани арзишҳои адолат, поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносӣ аз синни мактабӣ бояд оғоз гардад. Бинобар ин, соҳаи маориф метавонад ҳамчун заминаи устувори тарбияи шаҳрвандони поквиҷдон ва қонунпараст хизмат намояд.

Инчунин, дар шароити муосир, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ дар коҳиш додани имконияти амалҳои коррупсионӣ нақши калидӣ мебозад. Аз ҷумла, ҷорӣ кардани хизматрасониҳои электронӣ асоси гуфтаҳои боло ба ҳисоб меравад. Тадбирҳои мазкур робитаи мустақим байни шахс ва мансабдорро коҳиш дода, фазои шаффофро ба вуҷуд меоранд.

Аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо коррупсия заминаи ҳуқуқӣ ва сохторҳои махсусро фароҳам овардааст. Таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз 10-уми январи соли 2007, Қабули Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, таҳти №1714, қабули Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2021-2030 аз 3 августи соли 2021, инчунин таҳкими дигари ба инҳо монанди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гувоҳи онанд, ки давлат ба ин масъала аҳамияти хос медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки коррупсия мушкили ҷаҳонист. Барои муборизаи самаранок бо он зарурати ҳамкории байналмилалиро ба бор меорад. Тоҷикистон бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла:

Созмони Милали Муттаҳид (СММ).

Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА).

Бонки ҷаҳонӣ ва дигарон ҳамкорӣ мекунад.

Тавре дар боло ишора шуд, кишвари Тоҷикистон бо ин мақсад як қатор санадҳои байналмилалӣ, қонунҳо, стратегияҳо ва лоиҳаҳои мушаххасро оид ба пешгирии коррупсия ҳамчун як кирдори иҷтимоӣ таҳия ва барои давраҳои нисбатан дарозмуддат қабул намудааст.

Яке аз ин санадҳои муҳимми байналмилалӣ, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид аз 31 октябри соли 2003 оид ба муқовимат бо коррупсия ба шумор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 онро маъқул шуморида, ба он шомил гаштааст.

Аз ин лиҳоз, ин ҳамкориҳо метавонад барои гирифтани таҷриба ва ҷорӣ намудани стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат намоянд.

Хуллас, мубориза бо коррупсия дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон як амри зарурии миллӣ ва омили калидии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Коррупсия на танҳо иқтисодиётро ба буҳрон мебарад, балки ба пояҳои асосии давлатдорӣ, адолат, ахлоқи ҷамъиятӣ ва эътимоди мардум ба сохторҳои ҳокимият зарбаи ҷиддӣ мезанад. Аз ин рӯ, муборизаи самаранок бо он бояд ҳамаҷониба ва фарогир бошад, яъне на танҳо тавассути мақомоти давлатӣ, балки бо иштироки фаъоли ҷомеа, бахусус насли ҷавон, ВАО, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фард амалӣ гардад. Илова бар ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, нақши муҳимро дар ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ мебозад. Маориф ва тарбия бояд аз аввалин зинаҳои зиндагӣ арзишҳои адолат, поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиро дар зеҳни насли навин ҷо намоянд. Дар маҷмуъ, мубориза бо коррупсия бояд бо рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамкории дастҷамъона амалӣ шавад. Танҳо дар сурати амалисозии чораҳои мушаххас, таҳкими қонун, таъмини шаффофият ва таҳияи муҳити солими иҷтимоӣ, метавонем ҷомеаи адолатпарвар, устувор ва беолоиш бунёд намоем.

 

М. НУРОВ,

омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон