Конститутсия санади олии қонунгузории ҳар як давлат маҳсуб меёбад. Он на танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, арзишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии як миллат мебошад. Конститутсия асоси ҳуқуқии сохтори давлатро муайян мекунад ва танзимкунандаи муносибати байни давлат ва шаҳрвандон мебошад. Дар замони муосир, ки ҷомеаҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рушду тағйироти босуръат овардаанд, нақши Конститутсия дар таъмини субот, адолат ва волоияти қонун беш аз ҳарвақта муҳим арзёбӣ мегардад.

Сарчашмаи вожаи “Конститутсия” аз забони лотинии "constitutio" гирифта шудааст, ки маънояш тартиб додан, созмон додан мебошад. Конститутсия санади ҳуқуқии олист, ки сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлатро муайян менамояд. Он ҳамчун қонуне мебошад, ки ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимиятро муайян мекунад, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад ва муносибати байни давлат ва шаҳрвандонро танзим мекунад.

Хусусияти фарқкунандаи Конститутсия дар он аст, ки он дорои эътибори олии ҳуқуқӣ аст, амалисозии бевосита дорад, яъне бе қонунҳои иловагӣ низ қобили татбиқ аст ва қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ бояд мутобиқ ба он бошанд.

Конститутсия на танҳо маҷмуи қоидаҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ аст, балки рамзи ваҳдати миллӣ ва пояи устувории давлатдорӣ низ мебошад. Он дорои аҳамияти фарогир мебошад. Волоияти қонун асоси давлатдории демократӣ мебошад. Конститутсия манбаи қонунгузорӣ ва меъёри асосии арзёбии қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии дигар мебошад. Дар ҷомеаҳои муосир, ки волоияти қонунро меъёри олӣ медонанд, Конститутсия ҳамчун ҳомии адолат амал мекунад.

Дар ҳама конститутсияҳои муосир бахши муҳиме ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида мешавад. Конститутсия онҳоро на танҳо ба расмият медарорад, балки кафолати амалӣ будани онҳоро низ таъмин менамояд, маҳз тавассути Конститутсия, давлат уҳдадор мешавад, ки ҳуқуқҳои шахсиро эҳтиром ва ҳифз кунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин санад дар шароити душвори сиёсиву иқтисодӣ ва пас аз ҷанги шаҳрвандӣ таҳия ва қабул шуд, ки барои таъмини субот ва эҳёи давлатдорӣ аҳамияти бузург дошт. Конститутсия ҳамчун рамзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар марҳилаи нави таърихии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии инкишофи устувори ҷомеаро фароҳам овард.

Конститутсияи Тоҷикистон дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйирот дида, мутобиқ ба рушди сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар такмил дода шудааст. Тағйироти мазкур бо мақсади таҳкими давлатдорӣ, беҳтарсозии низоми ҳуқуқӣ ва тақвияти кафолати ҳуқуқҳои инсон сурат гирифтааст. Баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, Конститутсия нақши бузург дар барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бозид. Ҳамчун санади ҳуқуқии олии кишвар, он ҳифзи манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеаро таъмин намуд, замина барои рушди қонунгузорӣ ва идоракунии давлатиро фароҳам овард ва тавассути эътирофи гуногунандешӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба иштироки сиёсӣ, фазои мусоиди иҷтимоӣ ва сиёсиро бунёд кард.

Конститутсия омили асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, тартиботи ҳуқуқӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд на танҳо мазмуни онро донад, балки эҳтиром ва иҷрои онро қарзи худ бидонад. Конститутсия на танҳо як ҳуҷҷати расмии ҳуқуқӣ, балки рамзи ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва ояндаи пурифтихори миллат аст.

 

Суҳроб Эгамов,

омӯзгори кафедраи информатикаи иқтисодии ДДМИТ