МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ДАВРАИ САНГИ ҚАДИМ ДАР ХОВАЛИНГ
Соли 1973 аз қабати зардхоки Қаратови ноҳияи Ёвон ва баъдтар аз ҳафт ҷойи ҷануби Тоҷикистон, бахусус ҳудуди ноҳияи Ховалинг, аз чуқурии 50-65 метр олоти сангӣ пайдо гардид. Дар равиши ҳафриёт бошишгоҳҳои Қаротов-1 ва Лоҳутӣ (наздикии деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг) шаҳодат доданд, ки дар ин ҷойҳо, осори маданияти то ҳол номаълуме мавҷуданд ва он дар илми бостоншиносӣ маданияти Қаротов ном гирифт.
Бобоҷон Ғафуров дастовардҳои охирини бостоншиносонро ба назар гирифта, “Осори палеолити поён”-ро дар китоби “Тоҷикон” бо ҷумлаҳои зерин ҷамъбаст намудааст.”...маданияти Қаратов аз ҷиҳати тавсифоти худ ба маданияти қайроқсанг мансуб аст ва аз маданияти суонии нимҷазираи Ҳиндустон, ки дар боло номбар шуда буд, ягон фарқи казоӣ надорад. Баъди ин кашфиёт ҷои шубҳа нест, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна сараввал тоифаҳое маскун шуданд, ки ба давраҳои маданияти қайроқсанг тааллуқ доранд”.
Солҳои минбаъда кофтукову тадқиқот идома ёфт. Дар Тоҷикистон садҳо истгоҳу бошишгоҳи одамони ҷамоаи ибтидоӣ ёфт шудаанд ва аз ҳама қадимтарин осори палеолити поён, ки дар тамоми Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Шуравӣ нахустинанд, аз ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ховалинги Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфта шудаанд.
Соли 1975 геолог А. Дадонов (директори Пажуҳишгоҳи хокшиносии шаҳри Москва) дар ҷарии рӯ ба рӯ деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба омӯзиши қабатҳои хок машғул буд. Окладников тахминан 5 киллометр дуртар аз тарафи шимолу шарқии шаҳраки Ховалинг, дар назди собиқ деҳаи Хонақои Севодара олоту асбобҳои дигареро, ки аз давраи палеолити поён дарак медоданд, ёфта, фавран дар ин бора ба Пажуҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар дод.
Моҳи сентябри соли 1976 гурӯҳи бостоншиносон дар Ховалинг ба кор шуруъ намуданд. Ҳангоми ковишҳо маскани одамони асри санг ва як қатор олотҳои сангин, пораҳои аз устухонҳои фил сохташуда ва дигар ёдгориҳо ёфт гардиданд. Дар равиши ҳафриёт аз истиқоматгоҳҳои нахустодамон зиёда аз 30 адад олоту асбобҳои рӯзгордории ҳархелаи сангину устухонӣ дарёфт шуданд, ки онҳо аз қадимтарин осори палеолити поён дарак медод. Ҳамин вақт ковишҳо дар Хонақои Севодара низ идома меёфт. Дар натиҷаи ҳафриёт аз ин ҷо низ ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ пайдо карда шуд. Пас аз тадқиқотҳои зиёд маълум гашт, ки ёдгориҳои бадастомада таърихи 400-ҳазорсоларо доранд.
Соли 1977 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналхалқӣ баргузор гардид, ки дар он олимони машҳури 52 мамлакати олам, аз ҷумла ИМА, Фаронса, Олмон, Маҷористон ва дигар давлатҳо ширкат варзиданд. Осори палеолити поёни қадимтарин аз ҳудуди музофоти Ховалинг бадастомада диққати иштирокчиёни симпозиумро ба худ ҷалб намуд. Яке аз тадқиқотчиёни машҳури ҷаҳон Клакр Хомуел (аз шаҳри Сан-Франсискои Амрико) ба ин ёдгориҳо баҳои баланд дод.
Солҳои баъд бо роҳбарии В.А. Ранов ковишҳои бостоншиносӣ идома ёфтанд. Дар натиҷаи ҳафриёт аз Хонақои Севодара бозёфтҳое ба даст омаданд, ки таърихи 500-600-ҳазорсола доранд. То соли 1900 дар ҳудуди Ховалинг, дар мавзеи Шугнов, наздикии деҳаи Лоҳутӣ, Хонақои Севодара, Чашмаи Нигор ва ҷойҳои дигари Ховалинг дар натиҷаи кофтукову ҳафриёт, истиқоматгоҳҳо ва бисёр нишонаҳои одамони ҷомеаи ибтидоиро дарёфт намуданд, ки онҳо умри гуногун доштанд.
Солҳои 1981-1984 ба мудири бахши Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон В.А. Ранов муяссар гардид, ки қадимтарин осори палеолити поёнро дар қади Кулдара кашф кунад. Дар ин ҷо 30 қабати хоки сиёҳ, зард, сафед, ҷигарӣ ва ғайраро диданд, ки тули бештар аз миллион сол вуҷуд доштанд. Бостоншиносони тоҷик бо роҳбарии В.А. Ранов аз қабати ёздаҳум ва дувоздаҳуми хок маскангоҳи одамони ҷамоаи ибтидоиро ёфтанд, ки ёдгориҳои он осори аз ҳама қадимтарини Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Шуравӣ буда, умри 850-миллионсоларо доранд.
Ёдгориҳои асри санги Кулдараи Ховалинг чун осори қадимтарини давраи палеолити поёнӣ дар таъриху тамаддуни ҷаҳон саҳифаи нав кушод.
Олимони тоҷик ва хориҷӣ то имрӯз дар маҳалҳои харобгаштаи фурӯрафтаи ноҳия 48 қабати хокро ба қайд гирифтаанд, ки охирини онҳо 2,5 млн сол умр дорад. Олоти палеолити поёнии қадимтарини Ховалинг арзиши калони байналмилалӣ дошта, саҳифае аз таърихи тамаддуни умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Дар омӯзишу тадқиқоти махсус оид ба набототу ҳайвоноти қадимтарини ин давраҳо низ комёбиҳои хеле ҷолиб ба даст оварда шудаанд.
Олоти сангине, ки аз мавзеъҳои Кулдара ва Хонақои Саводара ёфт шудаанд, нисбатан қадимтаринанд. Мувофиқи таҳқиқотҳо ва исботи олимон ин ёдгориҳо асосан аз сангҳои дарёӣ (галка) сохта шуда, одӣ мебошанд ва шакли секунҷаю нимдоираи як тарафашон тези қирадор мебошанд. Чунин олотҳо чун яроқҳои ҷангии зарбазан истифода шуда, онҳоро питекантропҳо (одамони маймуншакл) миллион - 500 ҳазор сол пеш истифода мебурданд.
Мувофиқи шаҳодати таърих ва бозёфтҳои бадастовардаи бостоншиносон, питекантропҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар ҷойҳои гарм, дар ғору мағокҳо истиқомат мекардаанд ва тез-тез ҷойҳои худро иваз менамудаанд.
Ёфт шудани ҷоғи поёни маймун аз Хонақои Севодара, дандонҳои паланг, мамонт, каркаданги душоха, гӯрхар ва ғайра аз қади Талимазор, Боймушт, Хонақои Севодара, Кӯлдара, Кулолон, Қади Гармак, Ҳашар, шаҳраки Ховалинг ва ҷойҳои дигари ҳудуди Ховалинг ба ин шоҳиданд. Ҳайвонҳои дигари шамшердандон ё гурбашер маълум гаштанд, ки он бештар аз 30 миллион сол пеш пайдо шуда, чаҳорсадҳазор сол пеш аз байн рафтаанд.
Омӯзишу тадқиқот оид ба давраи палеолит ва умуман асри санг, дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг аз соли 1968 оғоз ёфта буд. Ин нахустин соле буд, ки бостоншинос В.А. Ранов дар Шугнов ба ҳафриёт оғоз кард ва аз он ҷо маскангоҳи одамони асри санг, давраи палеолити болоро дарёфт кард. Ба кофтукову таҳқиқотҳои В.А. Ранов аз соли 1993 олими олмонӣ Иёҳим Шефер ҳамроҳ гардид.
Ховалинг ҳамчун яке аз музофотҳое ба ҳисоб меравад, ки қабати хоки зарди он ба вожаи франсавӣ “лиёс” машҳур аст, то ба 200 метр мерасад ва муддати 2,5 миллион сол пеш пайдо шудааст. Аз ин миқдор миллион солаш дар давраи одамони ҷамоаи ибтидоӣ гузаштааст.
То имрӯз дар ягон гӯшаи олам чун Ховалинг дар қабатҳои такрорнашавандаи истиқоматгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ зиёд ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин ҷо боқимондаҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ аз қабатҳои гуногуни хок ёфт шудаанд. Аз 48 қабати хок, ки дар Ховалинг ба қайд гирифта шудааст, аз қабати 12-ум (950 ҳазор сол пеш) то қабати якум (100 ҳазор сол пеш) омӯхта, тадқиқот гузаронида шудааст.
Масалан, истиқоматгоҳи қадимтарини одамони ҷамоаи ибтидоӣ дар Кулдара (миллионсола, соли ҳафриётҳо 1981-1984, 1995), Хонақои Севодара (200-700 ҳазорсола), Лоҳутӣ (500 ҳазорсола, соли ҳафриёт 1976-1979) буда, Оби Мазор (400 ҳазорсола, 1984-1995), Хонақо - 3 (200-700 ҳазорсола, 1994-1995) буда, онҳо ба тамоми олимони ҷаҳон маълум мебошанд ва дар таърихи тамаддуни олам саҳифаҳои нодир ба шумор мераванд.
Ҳар сол олимони шинохтаи ватанӣ ва хориҷӣ муддати муайян дар ин ҳудуд ҳафриёту таҳқиқот мегузаронанд. Доктори илм Роҳи Кумар Пант (Ҳиндустон), Нгуен Ван Ши (Ветнам), Ричард Девис (ИМА), Герхард Базинский, Иёҳим Шефер, Дитрих Молиа (Олмон), А. Дадонов (Москва), В.Н. Гладилин, М. Пахомов (Украина) ва бисёр дигарон ба Ховалинг омада. оид ба асри санг кофтукову тадқиқотҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.
Конгресси байналмилалие, ки соли 1982 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва дигар конгрессу симпозиумҳои илмии ба асри санги Ховалинг бахшидашуда дар олами илми бостоншиносӣ хеле заруру муфид мебошанд.
Чунончи аз 20 то 30 сентябри соли 2017 экспедитсияи муштараки Академияи илмҳои Федератсияи Россия ва Академияи илмҳои Тоҷикистон бо сарварии мудири бахши бостоншиносии Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев дар Ховалинг оид ба омӯзишу таҳқиқоти бошишгоҳҳои асри санги ҳудуди Хонақоҳи Севодара машғули фаъолият буданд.
Мақсади экспедитсияи мазкур аз он иборат буд, ки бояд бошишгоҳҳои асри санг замони палеолити поёни “Хонақо-1”, “Хонақо-2”, “Хонақо-3” ва дигар бошишгоҳҳои одамони ибтидоиро омӯхта, аз нуқтаи назари илмӣ аз нав баҳо дода шавад, зеро ки кофтуков, омӯзиш ва таҳқиқотҳои асри санги Тоҷикистон, бахусус Ховалинг дар замони Шуравӣ ҷараён ёфта буд.
Барҳақ синни асри санги Ховалинг (Кулдара) дар илм миллион сол қабул карда шудааст. Аммо олимону мутахассисони омӯзиши замони асри санги ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ дар он ақидаанд, ки асри санги Ховалинги Тоҷикистон (Кулдара) аз нав омӯхта шуда, дақиқу аниқ карда шавад. Барои ҳамин бо роҳбарии ҷонишини директори Пажуҳишгоҳи бостоншиносиву мардумии шуъбаи Сибирии АУ Федератсияи Россия, доктори илми таърих, профессор Андрей Инокентович Кривошанкин экспедитсияи омӯзишиву тадқиқотӣ ташкил карда шуда, аз тариқи Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон пурра гардонида шуда, ба Ховалинг равон карда шуда буд.
Хулосаи экспедитсияи байналмилалӣ дар он аст, ки Ховалинг нодиртарину арзишмандтарин гӯшаи дунё буда, дар ин ҷо ёдгориҳои зиёди давраҳои гуногуни таърихӣ арзи вуҷуд доранд.
Қутбия ҲОМИДОВА,
н.и.т., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng