СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ СУЛҲУ СУБОТ
23-юми феврал дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ин сана на танҳо як ҷашни касбӣ, балки рамзи таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таҷассумгари иродаи қавии миллат дар роҳи бунёди давлати мустақил ба ҳисоб меравад. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар оғози солҳои истиқлол, далели равшани масъулиятшиносӣ ва хиради сиёсати роҳбарияти давлат буд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолате қарор дошт, ки набудани пойгоҳи моддиву техникӣ, камбуди кадрҳои касбии низомӣ ва нооромии сиёсӣ ба раванди ташаккули ниҳодҳои давлатӣ таъсири ҷиддӣ мерасонд. Бо вуҷуди чунин вазъи мураккаб, 18 декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллӣ фароҳам оварда шуд. 23 феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он расман Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон шуд. Аз ҳамин рӯз сар карда, 23 феврал ҳамчун Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Бунёди Артиши миллӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз бо ташаббус, иродаи сиёсӣ ва роҳнамоии пайгиронаи Пешвои миллат заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ тадриҷан ташаккул ёфтанд.
Дар марҳилаи аввали таъсисёбӣ, сафи артиш аз ҳисоби хизматчиёни сохторҳои қудратӣ ва шаҳрвандони дорои ихтисоси ҳарбӣ пур карда шуд. Ҳамзамон, барои таҳкими иқтидори кадрӣ, ҷавонони тоҷик ба муассисаҳои олии ҳарбии хориҷӣ фиристода шуданд. Қабули қонунҳои муҳим, аз ҷумла «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, пояҳои устувори ҳуқуқии фаъолияти ин ниҳоди муҳими давлатиро муқаррар намуд.
Ташаккули Артиши миллӣ се марҳиларо дар бар мегирад:
- Марҳилаи таъсис ва фароҳамсозии заминаҳои ибтидоӣ (1992-1995) - ташкили воҳидҳои аввалия, сафарбаркунии кадрҳо ва таҳияи заминаи ҳуқуқӣ;
- Марҳилаи ислоҳоти сохторӣ (1995-2000) - таъсиси навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ташкили системаи ягонаи идоракунӣ ва такмили қонунгузорӣ;
- Марҳилаи таҳким ва навсозӣ (аз соли 2000 то имрӯз) - муҷаҳҳазгардонии техникӣ, баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва рушди инфрасохтор.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ дорои сохтори муназзам, Ситоди генералии марказонидашуда ва навъҳои гуногуни қӯшун мебошанд. Дар солҳои душвори 1992-1997 хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми кишвар нақши ҳалкунанда бозиданд. Фидокорӣ ва садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ заминаи устувории давлатдориро таъмин намуд.
Имрӯз Артиши миллӣ на танҳо неруи ҳомии марзҳои давлатӣ, балки мактаби тарбияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шарафу ифтихори ҷавонмардони кишвар маҳсуб меёбад ва ҳамчун рисолати муқаддаси ҳифзи сулҳу амнияти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Рӯзи 23 феврал ҳамасола бо баргузории парадҳои ҳарбӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, қадрдонии афсарону сарбозон ва супоридани мукофотҳо таҷлил мегардад. Ин ҷашн рамзи эҳтиром ба хизмати содиқона, мардонагӣ ва ҷасорати муҳофизони Ватан мебошад.
Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни амниятӣ, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ рӯ ба рӯст, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд, ки суботи сиёсӣ, якпорчагии марзу бум ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандонро ҳифз намоянд.
Хулоса, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар як муддати кутоҳи таърихӣ аз сохтори навтаъсис ба неруи муназзаму касбӣ табдил ёфт. Он имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлатдорӣ, кафили сулҳу ваҳдати миллӣ ва рамзи устувории давлати соҳибистиқлол хизмат мекунад.
Бигзор, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пуриқтидор, муназзам ва содиқ ба савганди ҳарбӣ боқӣ монда, таҳти роҳнамоии Пешвои миллат дар роҳи ҳифзи сулҳу субот ва амнияти миллӣ рисолати муқаддаси худро сарбаландона иҷро намоянд.
Диловаршо МУРОДЗОДА,
муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ
Тоҷ
Рус
Eng