МУҲОСИБ - НИГАҲБОНИ САРМОЯ ВА ОИНАИ ИҚТИСОДИЁТ
Мусоҳибаи ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ Муҳаммадалӣ Очилдиев бо доктори фалсафа (PhD), муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии донишгоҳ Аҳлиддин Мирзозода ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳосибон
Дар ҷаҳони иқтисод рақамҳо ҳаргиз хомӯш нестанд. Онҳо аз сарнавишти сармоя, самаранокии истеҳсолот, вазъи молиявии корхонаҳо, натиҷаи фаъолияти инсон ва ҳатто дурнамои рушди давлат қисса мекунанд. Аммо барои хондани ин забони мураккаб касе зарур аст, ки на танҳо рақамҳоро донад, балки маънои иқтисодии онҳоро дарк карда, аз миёни ҳазорон нишондиҳанда ҳақиқати молиявиро ошкор созад. Ин шахс муҳосиб аст.
Ҳоло, ки дунё пуртаҳаввулот ва ҳамеша дар дигаргуниву навоварӣ шудааст, дигар муҳосибӣ танҳо ҷамъу тарҳи рақамҳо ва тартиб додани ҳисобот нест. Ин соҳа ба мактаби дақиқкорӣ, фарҳанги масъулият ва низоми эътимод табдил ёфтааст. Дар шароите ки иқтисоди миллӣ ба марҳилаи нави саноатикунонӣ, рақамикунонӣ ва густариши муносибатҳои бозорӣ ворид гардидааст, нақши мутахассисони ин соҳа боз ҳам муҳимтар мешавад. Зеро дар паси ҳар як қарори иқтисодии асоснок, ҳар як сармоягузории самаранок ва ҳар як иқдоми муваффақи истеҳсолӣ маълумоти дақиқи молиявӣ меистад. Бинобар ин, 10 ноябр, ки Рӯзи байналмилалии муҳосибон эълом шудааст, дар ин арафа фурсати муносибест, ки аз мақоми ин касби масъулиятталаб, рисолати мутахассисони соҳа ва саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёт ёдовар шавем.
Дар ин робита, бо доктори фалсафа (PhD), муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Аҳлиддин Мирзозода, ки беш аз ҳашт сол боз фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худро ба тарбияи мутахассисони соҳа ва таҳқиқи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ бахшидааст, суҳбат оростем. Мавсуф дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба таҳқиқи масъалаҳои ҳавасмандгардонии меҳнат, иқтидори кадрӣ дар корхонаҳо, рушди саноат, такмили низоми баҳисобгирӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ машғул буда, муаллифи як қатор асарҳои таълимию илмӣ мебошад.
- 10 ноябр дар тақвими байналмилалӣ ҳамчун Рӯзи муҳосибон таҷлил мешавад. Ин сана барои аҳли ин касб на танҳо як рӯзи идона, балки фурсатест барои бознигарии ҷойгоҳу аҳамияти муҳосибӣ дар низоми иқтисодӣ. Ба андешаи Шумо, муҳосиб дар иқтисодиёти муосир чӣ мавқеъ дорад ва чаро ин касб ҳамеша ба ҷомеа зарур аст?
- Пеш аз ҳама, ҳамаи ҳамкасбон, устодон, муҳосибон, кормандони соҳаи иқтисод ва муҳобибонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳосибон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки онҳо саломатӣ, барори кор, масъулиятшиносӣ ва комёбиҳои нав орзу менамоям.
Дар ҳақиқат, муҳосибӣ яке аз қадимтарин ва ҳамзамон муҳимтарин соҳаҳои фаъолияти инсон ба ҳисоб меравад. Агар ба таърихи ташаккули тамаддуни иқтисодӣ назар андозем, мебинем, ки зарурати ҳисобу китоби дороиҳо, уҳдадориҳо, даромаду хароҷот ва назорати захираҳо аз замонҳои хеле қадим вуҷуд дошт. Бо рушди муносибатҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ ин фаъолият тадриҷан ба низоми мукаммали илмӣ ва касбӣ табдил ёфт.
Аз рӯи андешаи профессор А. Шерназаров “Ҳисобдорӣ - анатомияи иқтисод, қутбнамои таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ, роҳнамои ояндабинӣ ва забони корчаллонист”. Имрӯз муҳосиб танҳо шахсе нест, ки рақамҳоро ҳисоб мекунад ё ҳуҷҷатҳои молиявиро ба тартиб медарорад. Ӯ яке аз иштирокчиёни калидии раванди идоракунии корхона, ташкилот ва муассиса буда, бо пешниҳоди маълумоти дақиқу боэътимод барои қабули қарорҳои иқтисодӣ замина фароҳам меорад.
Ба ибораи дигар, агар иқтисодиётро низоми мураккаби ҳаракати захираҳои молиявӣ ва моддӣ тасаввур кунем, муҳосиб шахсест, ки ин ҳаракатро ба қайд гирифта, самаранокӣ ва натиҷаи онро муайян менамояд. Аз ин рӯ, дуруст гуфтаанд, ки бе баҳисобгирии саҳеҳ идоракунии самараноки иқтисодиётро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
- Аз гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки муҳосибӣ на танҳо фаъолияти ҳисобдорӣ, балки як навъ низоми иттилоотӣ ва идоракунии иқтисодӣ низ ҳаст. Пас, барои мутахассиси ин соҳа кадом сифатҳо муҳиманд?
- Бешубҳа, касби муҳосибӣ пеш аз ҳама дақиқкорӣ, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва дониши амиқи соҳавиро талаб мекунад. Муҳосиб бо рақамҳое сарукор дорад, ки дар паси ҳар кадоми онҳо маблағ, сармоя, фаъолияти истеҳсолӣ, манфиатҳои корхона, сармоягузорон ва ҳуқуқи кормандон қарор доранд. Аз ин рӯ, ҳатто як иштибоҳи хурд метавонад боиси мушкилоти ҷиддии молиявию иқтисодӣ корхона гардад.
Ба андешаи ман, муҳосиби муосир бояд ҳамзамон иқтисоддон, таҳлилгар ва корбари босалоҳияти технологияҳои иттилоотӣ бошад. Ӯ бояд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ соҳа, қонунгузории андоз, стандартҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиби таҳияи ҳисоботи молиявӣ ва усулҳои таҳлили фаъолияти хоҷагидориро хуб донад. Вале муҳимтар аз ҳама, муҳосиб бояд виҷдони касбӣ дошта бошад. Зеро эътимод ба маълумоти молиявӣ аз ростқавлӣ ва поквиҷдонии шахсе вобаста аст, ки онро таҳия ва пешниҳод мекунад.
- Шумо беш аз ҳашт сол боз дар кафедраи баҳисобгирии муҳосибии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият доред. Ин роҳ аз фаъолияти омӯзгорӣ то ба даст овардани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) чӣ гуна тай шудааст?
- Роҳи касбии ман бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Соли 2016 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ хатм намудам. Баъдан, соли 2018 таҳсилро дар магистратураи донишгоҳ аз рӯйи ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит бо дипломи аъло ба анҷом расонидам.
Худи ҳамон сол фаъолияти меҳнатии худро дар кафедраи баҳисобгирии муҳосибии донишгоҳ оғоз кардам. Дар тули солҳои фаъолият дар вазифаҳои ассистент ва муаллими калон кор намуда, ҳамзамон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шудам.
Барои ман омӯзгорӣ танҳо пешаи интихобшуда нест, балки масъулияти бузург дар назди насли ҷавон ва ояндаи ҷомеа мебошад. Зеро дар ин соҳа ҳамеша бояд омӯзӣ, таҷриба андӯзӣ, донишатро такмил диҳӣ ва онро ба дигарон интиқол диҳӣ.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир дастгирии олимони ҷавон, муҳаққиқон ва ихтироъкорон аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди илм, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти илмӣ дар сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Дар ин самт ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули заминаҳои ташкиливу иқтисодии рушди илми миллӣ равона гардидааст.
Соли 2023 рисолаи илмии худро дар мавзуи «Такмили низоми ҳавасмандгардонии моддии меҳнати кормандони корхонаҳои саноатӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси ташкил ва меъёргирии меҳнат ҳимоя намудам. Аз моҳи апрели соли 2025 фаъолияти худро ҳамчун доктори фалсафа (PhD), муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ идома дода истодаам.
Албатта, дар ин масир дастгирии устодон, роҳнамоии олимони варзидаи кишвар аз қабили академик Хушвахтзода Қ.Х., профессор Шарифов З.Р., профессор Раҷабов Р.К., профессор Низомов С.Ф., профессор Шарофзода Ф.Р., профессор Сафаров Б.Г., профессор Каримов Б.Ҳ., дотсент Бобомуродов Б.Э., дотсент Урунбоев А., дотсент Маъдиев С., Султонова С., Каримов Н.Я. ва дигарон ҳамзамон муҳити созандаи илмии донишгоҳ нақши муҳим доштанд. Барои ин аз ҳамаи омӯзгорону ҳамкороне, ки дар ташаккули касбию илмии ман саҳм гузоштаанд, сипосгузорам.
- Мавзуи таҳқиқоти илмии Шумо ба ҳавасмандгардонии моддии меҳнати кормандони корхонаҳои саноатӣ, бахусус вилояти Хатлон бахшида шудааст. Чаро маҳз ин самтро интихоб кардед ва натиҷаҳои таҳқиқот то кадом андоза метавонанд барои рушди саноати миллӣ аҳамияти амалӣ дошта бошанд?
- Интихоби мавзуъ тасодуфӣ набуда, дар шароити рушди иқтисоди бозорӣ ва густариши равандҳои саноатикунонӣ масъалаи истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ ва баланд бардоштани ҳавасмандии кормандон аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Мо медонем, ки рушди саноат танҳо бо таъсиси корхонаҳои нав, ворид намудани таҷҳизоти муосир ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот маҳдуд намешавад. Дар баробари ин, омили инсонӣ, сатҳи касбият, ҳавасмандии меҳнатӣ ва муносибати корманд ба натиҷаи фаъолияти худ низ аҳамияти ҳалкунанда доранд. Маҳз ҳамин омилҳо маро водор намуданд, ки низоми ҳавасмандгардонии моддии меҳнати кормандони корхонаҳои саноатиро мавриди таҳқиқ қарор диҳам.
Дар ҷараёни таҳқиқот масъалаҳои назариявию методологӣ ва амалии ташаккули низоми ҳавасмандгардонии меҳнат, омилҳои таъсиррасон ба фаъолияти кормандон, механизми пардохти музди меҳнат ва таҷрибаи пешқадами хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ҳавасмандгардонии меҳнат бояд танҳо ба афзоиши музди меҳнат маҳдуд нашавад. Он бояд низоми мукаммали иқтисодию иҷтимоӣ бошад, ки дар он сатҳи музди меҳнат, натиҷаи фаъолияти инфиродӣ, ҳосилнокии меҳнат, шароити кор ва имкониятҳои рушди касбии корманд ба ҳам алоқаманд бошанд. Махсусан, барои вилояти Хатлон, ки дорои иқтидори назарраси саноатӣ ва захираҳои меҳнатӣ мебошад, масъалаи истифодаи оқилонаи неруи инсонӣ аҳамияти калон дорад.
Бовар дорам, ки татбиқи механизмҳои самараноки ҳавасмандгардонӣ метавонад ба баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат, беҳтар шудани сифати маҳсулот ва таҳкими рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ мусоидат намояд.
- Шумо дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба таҳқиқоти илмӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ доред. Мехостем дар бораи дастовардҳои илмии худ ва самтҳои асосии пажӯҳишҳоятон маълумот диҳед.
- Фаъолияти илмӣ барои ман ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти омӯзгорӣ мебошад. Зеро омӯзгоре, ки пайваста таҳқиқ намекунад ва дониши худро такмил намедиҳад, наметавонад ба талаботи тағйирёбандаи низоми таҳсилоти олии касбӣ пурра ҷавобгӯ бошад. То имрӯз муаллифи як китоби дарсӣ, ҳафт воситаи таълимӣ, ду монография ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ мебошам.
Мақолаҳои ман асосан ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ, ҳавасмандгардонии меҳнат, иқтидори кадрӣ, пардохти музди меҳнат, рушди саноат, баҳисобгирии дороиҳо ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми иқтисодӣ бахшида шудаанд.
Дар маҷаллаҳои илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дигар нашрияҳои илмӣ як силсила мақолаҳои таҳқиқотии ман ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалии илмӣ-амалӣ иштирок намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти худро пешниҳод кардаам.
Дар ин замина мехоҳам таъкид намоям, ки барои ман муҳим танҳо теъдоди корҳои илмии нашршуда нест, балки арзиши илмӣ, аҳамияти амалӣ ва имконияти истифодаи натиҷаҳои онҳо дар фаъолияти воқеии иқтисодӣ мебошад.
- Имрӯз яке аз равандҳои муҳимми иқтисоди ҷаҳонӣ рақамикунонии соҳаҳои гуногун, аз ҷумла низоми баҳисобгирии муҳосибӣ мебошад. Ба назари Шумо, технологияҳои рақамӣ то куҷо метавонанд фаъолияти муҳосибонро тағйир диҳанд? Оё онҳо ҷойи мутахассиси соҳаро гирифта метавонанд?
- Ин яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир аст. Рақамикунонии иқтисодиёт тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонро фаро гирифта, баҳисобгирии муҳосибӣ низ аз ин раванд дар канор намондааст. Имрӯз истифодаи барномаҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла “1С: Муҳосибот”, низомҳои электронии ҳисобдорӣ, технологияҳои коркарди маълумот ва воситаҳои таҳлили рақамӣ имконият медиҳанд, ки бисёр амалиёти муҳосибӣ бо суръат ва дақиқии бештар анҷом дода шаванд.
Агар қаблан муҳосиб қисми зиёди вақти кории худро ба иҷрои амалиёти дастӣ, ҳисобу китоб ва тартиб додани ҳуҷҷатҳо сарф мекард, имрӯз технологияҳои рақамӣ ин равандҳоро осон намуда, барои таҳлили амиқтари маълумоти молиявӣ шароит фароҳам меоранд. Аммо ман бар он назарам, ки технология ҳеҷ гоҳ наметавонад масъулияти касбӣ, тафаккури таҳлилӣ ва хулосабарории мустақилонаи муҳосибро пурра иваз намояд. Баръакс, рақамикунонӣ талаботро нисбат ба сатҳи дониш ва малакаи мутахассисон бештар мекунад. Аз ин рӯ, муҳосиби оянда бояд на танҳо қоидаҳои ҳисобдориро донад, балки бо технологияҳои муосири иттилоотӣ низ озодона кор карда тавонад.
Дар ҳамин замина, яке аз самтҳои таҳқиқоти илмии ман низ масъалаи танзими фаъолияти кормандони корхонаҳои саноатӣ дар шароити татбиқи принсипҳои иқтисоди рақамӣ мебошад, ки дар ин самт мақолаи илмии ман соли 2026 дар “Паёми молия ва иқтисоди” ба нашр расидааст.
- Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишвар дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод ба ҳисоб меравад. Дар ташаккули кадрҳои соҳибтахассус кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ чӣ ҷойгоҳ дорад?
- Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия, иқтисод, муҳосибот ва аудит саҳми назаррас гузоштааст. Дар ин раванд факултети ҳисобдорӣ ва омор ва кафедраҳои тахассусии он, бахусус кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ мавқеи муҳим доранд.
Кафедраи мазкур 9 июли соли 2010 ҳамчун кафедраи «Ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит» таъсис ёфта, баъдан дар натиҷаи тағйироти сохторӣ ва ташаккули муассисаи таълимӣ ба сохтори имрӯзаи худ расид.
Дар солҳои фаъолияти кафедра устодону олимони зиёде дар ташаккул ва рушди он саҳм гузоштаанд. Имрӯз низ кафедра бо роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобомуродов Б.Э. фаъолияти таълимию илмии худро идома медиҳад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, аз ҷумла дар бонкҳо ва муассисаҳои буҷетию илмӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ дар саноат мебошад. Дар ин ҷо донишҷӯён на танҳо донишҳои назариявӣ мегиранд, балки бо истифода аз барномаҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла “1С: Муҳосибот”, малакаҳои амалии касбиро низ аз худ мекунанд.
Ба андешаи ман, бартарии муҳими кафедра дар он аст, ки раванди таълим бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва талаботи бозори меҳнат пайваст мебошад. Ин омил барои ташаккули мутахассисоне, ки метавонанд дар шароити воқеии фаъолияти иқтисодӣ кор кунанд, аҳамияти калон дорад.
- Дар омода намудани мутахассисони оянда нақши омӯзгор хеле муҳим аст. Шумо ҳамчун омӯзгор бо донишҷӯён чӣ гуна муносибат мекунед ва барои он ки онҳо соҳиби касби интихобкардаашон гарданд, ба кадом ҷанбаҳои таълим бештар таваҷҷуҳ медиҳед?
- Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки муносибат бо донишҷӯён бар пояи эҳтироми ҳамдигар, масъулиятшиносӣ ва муносибати созанда ба омӯзиш ба роҳ монда шавад. Ба андешаи ман, вазифаи омӯзгор танҳо расонидани маълумоти назариявӣ нест. Ӯ бояд дар донишҷӯ шавқи омӯзиш, қобилияти мустақилона андешидан, ҷустуҷӯ кардан ва ҳалли масъалаҳои касбиро ташаккул диҳад.
Дар раванди таълим кӯшиш мекунам, ки мавзӯъҳои назариявиро бо мисолҳои воқеии фаъолияти корхонаҳо ва муассисаҳо пайванд дода, донишҷӯён моҳияти амалии ҳар як мавзӯъро дарк намоянд. Махсусан, дар шароити имрӯза зарур аст, ки донишҷӯён аз солҳои аввали таҳсил ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, барномаҳои муҳосибӣ, таҳлили маълумоти молиявӣ ва омӯзиши санадҳои меъёрии соҳавӣ одат кунанд.
Ҳамчунин онҳоро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, конференсияҳо, маҳфилҳои илмӣ ва озмунҳои касбӣ ҷалб менамоем. Зеро донишҷӯ бояд дар баробари гирифтани маълумоти олӣ, қобилияти таҳқиқу таҳлил ва мустақилона қарор қабул карданро низ соҳиб шавад.
Мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар як донишҷӯ бояд аз ибтидо дарк кунад: диплом танҳо ҳуҷҷати хатми донишгоҳ нест, балки оғози роҳи мустақилонаи касбӣ ва масъулият дар назди ҷомеа мебошад.
- Дар солҳои охир масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ба назари Шумо, дар ин раванд мутахассисони соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ чӣ саҳм гузошта метавонанд?
- Саноатикунонии босуръати кишвар, пеш аз ҳама, ба ташаккули иқтидори истеҳсолӣ, ҷалби сармоя, истифодаи самараноки захираҳо ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб вобаста мебошад.
Дар ин раванд нақши муҳосибон низ хеле муҳим аст, зеро фаъолияти ҳар як корхонаи саноатӣ бе низоми дурусти баҳисобгирии муҳосибӣ, назорати молиявӣ, таҳлили хароҷот ва арзёбии натиҷаҳои иқтисодӣ самаранок буда наметавонад.
Муҳосибон барои муайян намудани арзиши аслии маҳсулот, таҳлили хароҷоти истеҳсолӣ, баҳисобгирии сармоягузорӣ, назорати истифодаи воситаҳои асосӣ ва муайян кардани натиҷаҳои молиявии корхона маълумоти зарурӣ пешниҳод менамоянд. Ин маълумот барои роҳбарияти корхонаҳо имкон медиҳад, ки қарорҳои асоснок қабул намуда, самаранокии истеҳсолот ва ҳосилнокиро баланд бардоранд. Бинобар ин, дар шароити саноатикунонии кишвар зарурати омода намудани муҳосибони дорои донишҳои муосири иқтисодӣ, малакаҳои рақамӣ ва қобилияти таҳлилӣ боз ҳам меафзояд.
- Ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул будани Шумо аз масъулияти баланди касбӣ шаҳодат медиҳад. Дар баробари ин, барои фаъолияти пурсамаратон бо як қатор ҷоизаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидаед. Ин қадрдониҳо барои Шумо чӣ маъно доранд?
- Ҳар як қадрдонӣ, пеш аз ҳама, масъулияти бештарро ба дӯш мегузорад. Ман инро на танҳо арҷгузорӣ ба фаъолияти анҷомдода, балки эътимод ва ҳавасмандӣ барои боз ҳам беҳтар кор кардан арзёбӣ менамоям.
Барои фаъолияти босамар ва хизматҳои илмӣ-таълимӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ифтихорномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаам. Албатта, ин ҳама натиҷаи заҳмати як нафар нест. Дар паси ҳар як дастовард муҳити созандаи корӣ, дастгирии роҳбарият, ҳамкории устодон ва муҳаббат ба касби интихобкарда меистад.
Ман бар он назарам, ки дар фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ набояд ба дастовардҳои имрӯза қаноат кард. Илм сарҳад надорад ва ҳар қадар бештар омӯзӣ, ҳамон андоза зарурати донишомӯзии навро эҳсос мекунӣ.
- Дар фарҷоми суҳбат мехостем ба ҳамкасбони худ, махсусан муҳосибони ҷавон ва донишҷӯёне, ки ин касбро интихоб кардаанд, чӣ паёме доред?
- Пеш аз ҳама, ҳамаи муҳосибон ва кормандони соҳаи баҳисобгириро бори дигар ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳосибон табрик мегӯям. Ба ҳамкасбонам таманно дорам, ки дар фаъолияти пурмасъулияти худ ҳамеша муваффақ бошанд, бо виҷдони пок ва садоқат ба касб кор кунанд ва бо донишу таҷрибаи худ дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳм гузоранд.
Ба ҷавононе, ки роҳи муҳосибиро интихоб кардаанд, гуфтаниам, ки аз омӯзиш ҳаргиз дур набошанд. Забонҳои хориҷиро омӯзанд, технологияҳои рақамиро аз худ кунанд, ба омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи донишҳои нав бошанд.
Дар баробари ин, ҳеҷ гоҳ аҳамияти поквиҷдонӣ ва масъулияти касбиро фаромӯш накунанд. Зеро муҳосибӣ касбест, ки дар он эътимод аз дониш камтар арзиш надорад.
Мехоҳам суҳбатро бо як андеша ҷамъбаст намоям: иқтисодиёти солим ба ҳисобу китоби саҳеҳ, идоракунии оқилона ва мутахассисони соҳибмаърифат такя мекунад. Муҳосиб бошад, яке аз кафилони ин се рукни муҳим аст.
P/S:
Суҳбат бо Аҳлиддин Мирзозода бори дигар собит месозад, ки муҳосибӣ дар иқтисодиёти муосир танҳо як ихтисоси техникӣ нест. Ин соҳае мебошад, ки дақиқии рақамҳо, поквиҷдонии инсон, фарҳанги идоракунӣ ва масъулияти иқтисодиро ба ҳам мепайвандад.
Дар замоне ки иқтисоди миллӣ ба саноатикунонии босуръат, рақамикунонии муносибатҳои иқтисодӣ ва истифодаи самараноки захираҳо ниёз дорад, талабот ба муҳосибони донишманду соҳибтаҷриба ва дорои тафаккури таҳлилӣ низ меафзояд. Аз ин рӯ, омода намудани чунин мутахассисон на танҳо вазифаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, балки сармоягузорӣ ба ояндаи иқтисодиёти кишвар аст.
Аҳлиддин Мирзозода аз ҷумлаи он омӯзгорону муҳаққиқони ҷавонест, ки роҳи касбии худро бо донишомӯзӣ, ҷустуҷӯи илмӣ ва фаъолияти пайвастаи таълимию тарбиявӣ пайванд додааст. Ҳашт соли фаъолият дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҳимояи рисолаи илмӣ, таҳияи асарҳои таълимию илмӣ ва тарбияи мутахассисони оянда аз марҳилаҳои муҳими ин роҳ мебошанд.
Албатта, арзиши аслии фаъолияти ҳар як омӯзгорро на танҳо дараҷаи илмӣ, шумораи мақолаҳо ва ифтихорномаҳо, балки шогирдони соҳибдониш, андешаи созанда ва саҳме муайян мекунад, ки ӯ дар пешрафти ҷомеа мегузорад. Зеро муҳосиб метавонад тавозуни молиявии корхонаро муайян кунад, аммо омӯзгори асил бояд тавозуни дониш, виҷдон ва масъулиятро дар зеҳни шогирдони худ ба вуҷуд оварад. Ин аст рисолати волои омӯзгор ва арзиши мондагори касби ӯ.
Бигзор, дақиқии ҳисоб, покии ният ва баракати заҳмат ҳамеша ҳамқадами фаъолияти Шумо - аҳли заҳмати соҳаи муҳосибот бошад!
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng