Дар даҳсолаҳои охир масъалаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии дар ҷаҳон аҳамияти калон пайдо кардааст.Яке аз роҳҳои муҳими ҳалли ин масъалаҳо рушди иқтисоди сабз мебошад. Иқтисоди сабз ба рушди иқтисодй такя мекунад, аммо ҳамзамон ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолй равона шудааст. Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои табии бой ва муҳити куҳистонй мебошад, рушди иқтисоди сабз аҳамияти махсус дорад.

Иқтисоди сабз шакли рушди иқтисодиест, ки ба кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табии нигаронида шудааст. Дар чунин иқтисод истифодаи энергияҳои барқароршаванда, кам кардани партовҳо, ҳифзи захираҳои обй ва замин, инчунин рушди технологиҳои тоза аҳамияти калон доранд.

Ҳадафи асосии иқтисоди сабз таъмини рушди устувор мебошад.Яъне иқтисод бояд рушд кунад, аммо ин рушд набояд ба табиат зарар расонад. Баръакс, он бояд ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар шудани шароити зиндагии одамон мусоидат намояд.

Тоҷикистон дорои имкониятҳои калон барои рушди иқтисоди сабз мебошад. Яке аз муҳимтарин захираҳои кишвар захираҳои обй мебошанд. Точикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикй буда, қисми зиёди энергия дар кишвар аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Ин намуди энергия нисбат ба сузишвории кандани экологй тозатар ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, Тоҷикистон дорои иқтисоди калон дар соҳаи энергияи офтобӣ ва шамол мебошад. Дар бисер минтақаҳои кишвар рузҳои офтобӣ зиёд буда, истифодаи панелҳои офтобӣ метавонад манбаи муҳими энергия гардад, махсусан дар деҳот ва минтаҳои куҳистон.

Соҳаи кишоварзӣ низ метавонад дар рушди иқтисоди сабз саҳми муҳим гузорад. Истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ, кам кардани истифодаи моддаҳои кимиёвӣ, беҳтар намудани идоракунии обёрӣ ва ҳифзи замин метавонанд ба истеҳсоли маҳсулоти экологи мусоидат кунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ба масъалаи рушди иқтисоди сабз диққати зиёд медиҳад. Иқтисоди сабз система ё модели иқтисодиест, ки фаъолияти иқтисодиро бо ҳифзи муҳити зист мутобиқ месозад. Дар ин система истифодаи самараноки захираҳои табии, кам кардани партовҳо ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳадафҳои асосии иқтисоди сабз як қатор ҳадафҳои муҳим дорад, ки барои рушди устувори ҷомеа мусоидат мекунанд.

Аввалан, яке аз ҳадафҳои асосӣ кам кардани ифлосшавии муҳити зист мебошад. Корхонаҳо ва истеҳсолот бояд технологияҳое истифода баранд,ки партовҳои зарароварро кам мекунанд.

Дуюм ,истифодаи самараноки захираҳои табий мебошад.  Захираҳое, ки ба мисли об,ҷангал, замин ва маъданҳо бояд бо эҳтиёт ва оқилона истифода шаванд, то ки барои наслҳои оянда низ нигох дошта шаванд.

Сеюм, рушди энергетикаи барқароршаванда мебошад. Манбаъҳое ба мисли неруи офтоб, шамол ва об метавонанд ҷоии манбаъҳо ба муҳити зист камтар зарар мерасонанд.

Чорум, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Рушди иқтисоди сабз метавонад ба пайдо шудани соҳаҳои нави иқтисодй ва имкониятҳои корй мусоидат намояд.

Самтҳои асосии иқтисоди сабз ин энергетикаи сабз мебошад. Дар ин соҳа истифодаи неруи офтоб, шамол, об ва дигар манбаьҳои барқароршавандаи энергия рушд дода мешавад. Ин намуди энергия муҳити зистро камтар ифлос мекунад ва барои дарозмуддат муфит аст.

Самти дигар кишоварзии экологӣ мебошад. Дар ин намуди кишоварзӣ истифодаи нуриҳои табий, кам кардани моддаҳои кимиёвӣ ва ҳифзи ба истеҳсоли махсулоти солим ва хифзи табиат мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин коркарди дубораи партовҳо қисми муҳими иқтисоди сабз ба ҳисоб меравад. Бо коркарди дубораи партовҳо метавон миқдори партовҳоро кам кард ва аз онҳо маҳсулоти нав истеҳсол намуд.

Самти дигар нақлиети экологӣ мебошад. Истифодаи мошинҳои барқй, нақлиёти ҷамъиятии каммасраф ва сузишвории тоза метавонад ифлосшавии ҳаворо кам намояд.

Аҳамияти иқтисоди сабз барои ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисодй аҳамияти бениҳоят калон дорад. Аввалан, он ба кам шудани ифлосшавии ҳаво, об ва замин мусоидат мекунад. Ин барои саломатии инсон хеле муҳим мебошад.

Дуюм, иқтисоди сабз ба истифодаи самараноки захираҳои табии мусоидат мекунад. Бо ин роҳ захираҳои табий мусуоидат мекунад. Бо ин роҳ захираҳои табий барои муддати дароз нигоҳ дошта мешаванд.

Сеюм, рушди технологияҳои сабз метавонад ба пешрафти илм ва техника мусоидат намояд. Ин раванд боиси пайдо шудани технологияҳои нав ва беҳтар шудани сифати истеҳсолот мегардад.

Чорум, иктисоди сабз метавонад ба рушди ичтимои низ таъсири мусбат расонад.Бо таъсиси корхонахои нав ва сохахои нав чоихои корй зиёд мешаванд ва сатхи зиндагии мардум бехтар мегардад.

Имрӯз бисёр кишварҳои ҷаҳон барои гузариш ба иқтисоди сабз барномаҳо ва стратегияҳои махсус қабул кардаанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки истифодаи энергияҳои тоза, рушди технологияҳои экологй ва ҳифзи табиатро дастгирй намоянд.

Дар Тоҷикистон низ масъалаи рушди иқтисоди сабз аҳамияти калон дорад. Кишвари мо дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад, ки барои истеҳсоли неруи барқ истифода мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологи тоза истеҳсол карда шавад.

Ҳамчунин ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи замин ва об, инчунин рушди кишоварзии экологй метавонанд ба рушди иқтисодии сабз дар кишвар мусоидат намоянд.

Иқтисоди сабз яке аз роҳҳои муҳими рушди устувори ҷомеа мебошад. Он ба рушди иқтисодй, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии инсон равона шудааст.

Дар шароити афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани мушкилоти экологй, гузориш ба иқтисоди сабз аҳамияти бештар пайдо мекунад. Бо истифодаи технологияҳои нав, манбаъҳои тозаи энергия ва идоракунии оқилонаи захираҳои табий метавон рушди устувори ҷомеаро таъмин намуд.

Аз ин рӯ, рушди иқтисоди сабз бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодй ва иҷтимоии ҳар як давлат бошад. Танҳо дар ин сурат инсон метавонад табиатро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда муҳити солим ва устувор фароҳам оварад.

 

Ф. САЙФИДДИНОВ -

мутахассиси шуъбаи

робитаҳои байналмилалӣ