Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ ва фарҳангии ниёгони миллати тоҷик ва дигар халқҳои форсизабон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи пурғановати ҳазорсола мебошад. Тавре аз номи ин ҷашни аҷдодӣ бармеояд, Наврӯз маънии «рӯзи нав»-ро дошта, дар оғози соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад.

Ин ҷашни бостонӣ дар бисёр кишварҳо, бахусус дар сарзаминҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва дигар минтақаҳо бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дорои анъанаҳои бисёр ҷолибу гуворо мебошад. Яке аз суннатҳои муҳими он омода намудани таомҳои миллии болаззат ва гуногун барои аъзои оила, наздикон ва дӯстон аст.

Барои миллати тоҷик Наврӯз на танҳо як ҷашни тақвимӣ, балки рамзи фарҳанг, маънавият ва тамаддуни миллӣ мебошад. Дар расму оинҳои ин ҷашни бошукӯҳ хислатҳои зебоипарастӣ, меҳмондӯстӣ, накукорӣ ва хайрхоҳӣ таҷассум меёбанд. Омадани Наврӯз аз бедории табиат дарак дода, пирӯзии равшаниро бар зулмат ва гармиро бар сардӣ рамзӣ нишон медиҳад. Ин ҷашн ба зиндагии мардум шодиву сурур ва умеди нав мебахшад.

Яке аз фазилатҳои муҳими Наврӯз пайванди зичи инсон бо табиат мебошад. Дар ин рӯзҳо мардум ба корҳои созандагӣ, ободкорӣ, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳо машғул мешаванд. Ин суннатҳо дар тӯли таърих ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги Наврӯзи Аҷам ташаккул ёфтаанд ва мардумро ба амалҳои неку созанда ҳидоят менамоянд.

Дар ҷомеаи гузашта ва имрӯза Наврӯз рамзи рӯзи тоза, зиндагии нав ва эҳёи табиат баъд аз сардиҳои зимистон ба ҳисоб меравад. Он, ҳамчунин паёми рӯҳбаландкунанда, нафаси гарми баҳор ва эҳёи эҳсоси муҳаббат ба зиндагӣ мебошад. Бо нури гарми хуршеди баҳорӣ, насими форами саҳаргоҳон, садои найи чӯпон, суруди кишоварзон ва хандаву бозиҳои кӯдакони маъсум Наврӯз ба ҳар хона, кӯю деҳ ва шаҳру диёр шодӣ мебахшад.

Бо ҳамин шукӯҳу шаҳомати худ Наврӯз зиндагии мардумро боз ҳам рангоранг ва гуворотар гардонида, мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ раҳнамун месозад.

 

Зайнуддинзода Гулафзо Алихон,

донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 125010402 - кори бонкии факултети молия ва қарзи ДДМИТ