Аз оғози даврони истиқлолият то ба мрўз таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи асосии давлат ва ҳукумат мебошад. Истиқлолият дар баробари дигар падидаҳои пурарзиши миллӣ ва давлатӣ барои рўи кор омадани мақомоти андоз ҳамчун рукни устувории ҳокимияти давлатӣ дар пойдории низоми констутсионӣ заминаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ фароҳам овард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди дигаргуниҳои куллии низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, гузариш аз иқтисодиёти нақшавӣ ба иқтисодиёти миллии навъи бозорӣ  ва дар солҳои охир дар бахши пешравии иқтисодиёти миллӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид. Бояд гуфт, ки танҳо дар 7 соли охир даромади буҷети давлатӣ беш аз 4 баробар афзоиш ёфта, пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми он соли 2027 ба 57,6 миллиард сомонӣ расонида шавад. Вобаста ба ин, ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, имсол танҳо ба ин мақсад қариб 30 миллиард сомонӣ равона карда шудааст, ки ин рақам зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Инчунин ба мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 24 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Гузаштан ба муносибатҳои бозорию шакл гирифтани иқтисодиёти бозории самараноки иҷтимоию самтнок дар мамлакат ба роҳ монда шудани ислоҳоти қатъии иқтисодиро талаб кард.ки муҳимтарин қисми таркибии он ислоҳоти андоз гардид, ки бо татбиқ намудани сиёсати андоз дар барпо намудани низоми андози усулан нави ҷавобгў ба хусусияти талаботи муносибатҳои бозорӣ нигаронида шудааст. Албата низоми андози давлатамон дар зери таъсири омилҳои гуногун ташаккул ёфтааст ва табиист, ки он аз низоми андози дигар давлатҳо бо шумора ва меъёрҳои андоз, тартиби ситонидан, шумораи имтиёзҳо ва дигар аломатҳо фарқ мекунад. Вале сиёсати андоз бояд чунин таҳия ва роҳандозӣ гардад, ки ҳамеша ба пешравии иқтисодиёт, афзоиши истеҳсолот, ободии Ватан ва баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд  Механизми амалии сиёсати андози ин ё он давлат гуногун мебошад. Дастуру роҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохўрию мулоқотҳои ў бо соҳибкорон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар якҷоягӣ ва бо ҳамдигарфаҳмӣ фаъолият бурдани кормандони мақомоти андоз ва соҳибкорон кафили ноил шудан ба комёбиҳои назаррас мебошад. Манфиатҳои миллии Тоҷикистон танҳо дар асоси рушди устувории иқтсодиёт ва фаъолияти самараноки низоми андоз имконпазир мебошад. Бояд гуфт, ки бо назардошти кодекси амалкунандаи андоз, меъёрҳои қонунгузории андоз аниқтар гардида, низоми андози ҷумҳурӣ такмил дода шуда, барои ба буҷети давлатӣ сари вақт ва пурра ворид гардидани маблағҳои пешбинишудаи  даромадҳои андозӣ шароити мусоиди андозсупорӣ муҳайё карда шудааст. Инчунин қонунгузории андоз, дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ нисбатан устувор гардида, барои субъектҳои соҳибкории хурд низоми муккамалтари соддакардашудаи андозбандӣ ҷорӣ гардидааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки давлату Ҳукумати кишвар ҳамеша дар пайи дастгирии соҳибкорон-андозсупорандагонанд ва дар Кодекси андоз як нав имтиёзҳо нисбати онҳо ба назар гирифта шудааст. Ин аст, ки матни Кодекси амалкунандаи андоз  бо забони ҳаддалимкон соддаю фаҳмо таҳия гардида, нисбат ба Кодекси андози қаблан амалкунанда шумораи камтари андозҳоро дарбар гирифтааст. Дар шароити таъмини болоравии иқтисодиёти миллӣ яке аз омилҳои авалиндараҷаи он-ин инкишофи оянда ва такмили низоми андози амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мавриди  зикр аст, ки дар 10 соли охир тағиротҳои куллӣ дар қонунгузории андоз амалӣ карда шудаанд, ки дар натиҷа нисбат ба солҳои пешин  Кодекси андози нав қабул шуда мавриди истифода қарор дода шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани вазифаи ҳавасмандии андозҳо ва мунтазам паст намудани гаронии андозбандии соҳибкорон меъёрҳои андозҳо тадриҷан паст карда шудаанд. Масалан бо пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъери андоз аз даромад ба 13% ва андоз аз арзиши иловашуда мутаносибан  ба 14%, расонида шуд.Чи тавре,ки нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳад вазни қиёсии воридоти маблағҳои андозӣ дар даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли афзоишро дорад ва дар соли 2026 ба 53,4миллиард ва  дар соли 2027 ба 57,6миллиард сомонӣ дар назар аст. Мақсад аз ин гуфтахо  аз он иборат мебошад, ки дар асоси омўзиш ва таҳлили вазифаҳои андоз пеш аз ҳама вазифаи асосии он хазинавӣ, назоратӣ дар мисоли андозҳои ғайримустақим мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода дар мисоли андозҳои алоҳида вазни қиёсии онро муайян намоем.

Маълум аст, ки низоми андоз ба хусусиятҳо ва қонуниятҳои амали низоми иқтисодии муайян вобаста мебошад. Ба таври дигар гўем, ҳар як низоми иқтисодӣ низоми андози муайян ва мутобиқи худашро тақозо менамояд. Аз ин ҷо бармеояд, ки муносибатҳои андозу андозбандиро берун аз низоми муайяни иқтисодӣ омўхтан ғайриимкон аст. Андозҳо ҳамчун пардохти зарурии шаҳрвандон барои таъмини ҳокимияти умумӣ ҳангоми тақсимшавии ҷамъият ба синфҳо ва ташакулли давлат пайдо шудаанд. Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти андоз чунин таъйин гардидааст: «Андоз пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба буҷет ба ҳисоб рафта, ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад» . Бояд гуфт,ки бо назардошти аҳмияти бузурги низоми андоз Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ба такмил додани механизмҳои иқтисоди озод,сода гардидани низоми андозбандӣ,ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки ба дастгирӣ ва рушди бахшҳои гуногуни иқтсодиёт мусоидат мекунад,тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар ҳақиқат ,солҳои охир барои фаъолияти бахши хусусӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ фазои басо мусоид фароҳам оварда шудааст. Маҳз чорабиниҳои дар ин муддат амалигардида,махсусан эълон гардидани мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ,тақвият бахшидани ҳамкории байни давлат ва бахши хусусӣ ва қабули Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2020-2028 ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, бешубҳа,такони ҷиддӣ бахшидаанд. Алҳол хуб эҳсос мешавад,ки миёни андозсупорандагон ва мақомоти андоз доир ба пешбурди дурусти муҳосибот ва самтҳои дигари муносибатҳои андоз ҳамкории судманд ташкил шуда, хароҷоти андозсупорон ҷиҳати ҳисоб ва пардохти андозҳои муқарраршуда камтар гардиданд. Чи таваре,ки Президенти кишвар дар Форуми иқтисодӣ қайд намудаанд “То имрӯз дар кишвари мо дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, соддагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва рушди соҳаҳои дигар ислоҳоти муҳим гузаронида шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир барои сармоягузорон ва соҳибкороне, ки бо коркарди маҳсулот ва ашёи хом машғуланд, як силсила имтиёзҳо ҷори  намуд.

Муҳимтарини онҳо қарорҳои ҳукумати мамлакат дар бораи аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукҳ озод намудани техникаи таъиноти кишоварзҳ, таҷҳизоти истеҳсоливу технологҳ ва маснуоти такмилии онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил дода, ба Тоҷикистои ворид карда мешаванд, инчунин, дар бораи тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани ашёи хоми ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон дар доираи баланд бардоштани самаранокии идоракунии маблағҳои давлатӣ ва такмили маъмуригардонии андозҳо чунин омилҳо бояд ба назар гирифта шавад: - татбиқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ; - ҷиҳати такмилу навсозии маъмуригардонии гумрукӣ тадбирҳо дар самти муносибгардонии тарифҳои гумрукӣ, танзими заминаи ҳуқуқӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотии барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ, сохтмони иншооти иловагии инфраструктураи гумрукӣ, дар назар дошта шудааст; - тадбирҳои махсус барои баланд бардоштани самарабахшии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла такмили раванди буҷетӣ ва тақсими дақиқи нақши ҳамаи мақомоте, ки ба ин раванд ҷалб шудаанд, инчунин масъалаҳои ба ҳам пайвастани буҷет бо афзалиятҳои миллӣ пешбинӣ гардидаст; - дар самтҳои тақвияти иқтидор оид ба таҳия ва иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ҷорӣ намудани механизми судманди давлатӣ, такмили системаи назорати давлатии молиявӣ тақвият дода шавад. Инчунин бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешанд;

Ҳамин тариқ тули якчанд солҳои охир, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шуд.

 

Раҳматулло ТЕМУРОВ,

муалими калони кафедраи андозбандӣ ва суғурта