МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ - ВАЗИФАИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Дар шароити иқтисоди муосир коррупсия ба сифати мушкилоти мураккаби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷомеа мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар илми ҳуқуқ ва идоракунии давлатӣ коррупсия ҳамчун сӯиистифода аз мансаб ё ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ маънидод карда мешавад. Ин падида ба принсипҳои адолат, қонуният, шаффофият ва баробарии шаҳрвандон халал расонида, ба рушди устувори давлат ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Коррупсия яке аз падидаҳои манфӣ ва хатарноки ҷомеа буда, он вақте ба вуҷуд меояд, ки шахс аз вазифа ё ваколатҳои худ барои манфиати шахсӣ истифода мебарад. Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки он ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат таъсири манфӣ расонида, дар натиҷаи он маблағҳои давлатӣ беҳуда сарф мешаванд, сатҳи адолат паст мегардад ва эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ коҳиш меёбад.
Коррупсия дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла гирифтани пора, сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва истифодаи мансаб барои манфиатҳои шахсӣ зоҳир мегардад. Мањз чунин амалҳо боиси коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ ва суст гардидани рушди ҷомеа мешаванд. Ҳамчунин, коррупсия метавонад монеаи пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои муҳим гардад.
Тадқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки коррупсия боиси коҳиш ёфтани самаранокии идоракунии давлатӣ, суст гардидани рушди иқтисодӣ, афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ва паст шудани сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ мегардад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва масъулияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Агар ҳар як шаҳрванд нисбат ба коррупсия мавқеи оштинопазир дошта бошад, сатҳи ин падида дар ҷомеа ба таври назаррас коҳиш меёбад.
Қайд кардан бомаврид аст, ки мубориза бар зидди коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванд аст ва танҳо тавассути ҳамкории давлат ва ҷомеа, риояи қонун ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ростқавлӣ метавон ҷомеаи одилона, пешрафта ва бидуни коррупсияро бунёд намуд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ масъалаи пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи коррупсия аҳамияти махсус касб намудааст. Бинобарин барои расидан ба ин ҳадаф тақвияти заминаҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини шаффофият ва рушди фарҳанги зиддикоррупсионӣ зарур мебошад.
Барои пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия танҳо фаъолияти мақомоти давлатӣ кофӣ нест, балки њар як шаҳрванд бояд ҳисси масъулият дошта бошад ва ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ роҳ надиҳад. Риояи қонунҳо, эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон ва ростқавлӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими мубориза бо коррупсия мебошанд.
Қобили қайд аст, ки нақши ҷавонон дар ин самт хеле муҳим аст. Онҳо бояд бо дониш ва маърифати баланд тарбия ёфта, арзишҳои инсондӯстӣ, адолат ва поквиҷдонро ҳифз намоянд. Аз ин рў барои пешгирии ин падида бояд қонунҳо риоя шаванд, шаффофият дар фаъолияти ташкилоту муассисаҳо таъмин гардад ва сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Бинобарин барои ба чунин мақсад расидан љавонон бояд дар рӯҳияи ростқавлӣ, адолат ва масъулиятшиносӣ тарбия ёбанд.
Дар натиҷаи таҳлил ва омӯзиши масъала муайян мегардад, ки коррупсия падидаи мураккаби иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ буда, ба фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад. Коррупсия боиси вайрон гардидани принсипҳои қонуният, шаффофият ва баробарии шаҳрвандон гардида, сатҳи эътимоди ҷомеаро нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ коҳиш медиҳад.
Таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки омилҳои асосии пайдоиш ва густариши коррупсия норасоии назорати муассир, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, камбудиҳои низоми идоракунӣ ва заъфи механизмҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мебошанд. Аз ин рӯ, коҳиш додани сатҳи коррупсия татбиқи маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва маърифатиро талаб менамояд.
Њамин тариқ самаранокии мубориза бо коррупсия аз таҳкими волоияти қонун, рушди низоми шаффофи идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии мустақим дорад. Танҳо тавассути татбиқи сиёсати муназзами зиддикоррупсионӣ ва ҳамкории давлату ҷомеа метавон барои рушди устувор ва таъмини адолати иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Моҳрӯ ОРМОНОВА,
омўзгори кафедраи андозбандӣ ва суғурта
Тоҷ
Рус
Eng