ТАЪСИРИ КОРРУПСИЯ БА ИҚТИСОД ВА ҶОМЕА
Коррупсия яке аз масъалаҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Он ба рушди иқтисодӣ, суботи сиёс ва некуаҳволии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҳар ҷомеае, ки дар он корупсия паҳн шудааст, адолат поймол гардида, эьтимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа мебошад.
Аз ин бармеояд, ки ришвахурӣ ва ришваситонӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа таърихи қадима дошта, то ба имрӯз ба ҳеҷ давлати ҷаҳон муяссар нагардидааст, ки ин вабои чандинасраро пурра решакан намояд.
Коррупсия яке аз ҷиноятҳои вазнинтарини муқобили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, обруву нуфузи давлатро дар сатҳи байналмилалӣ коҳиш дода, ҷиҳати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Яке аз хусусиятҳои ба ҷамъият хавфнокии коррупсия дар он аст, ки нисбат ба содиршавиаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камтар ба қайд гирифта мешавад ва бештар мавридҳо ошкорнашуда боқӣ мемонад, зеро ҳам порадиҳанда ва ҳам порагиранда кӯшиш мекунанд, ки ин кирдор пинҳонӣ содир шавад, зеро тарафҳо оид ба ошкор гардидани кирдори пинҳониашон ҳавасманд намебошанд.
Коррупсия дар ҷаҳони муосир ба рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоии ҷомеа монеа эҷод намуда, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инчунин ба сохти конститутсионӣ таъсири манфӣ расонида, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш дода, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.
Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.
Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Ҳодисаҳое аз қабили ришваситонӣ, тамаъҷӯӣ, қаллобӣ, азхудкунӣ, хешутаборбозӣ ва таъсиррасонӣ ба дигарон мисоли фасод мебошанд.
Коррупсияро аксар вақт бемории вазнин меноманд, ки аз як ташкилот ба ташкилоти дигар ва аз як муассиса ба муассисаи дигар паҳн мешавад. Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба масъалаи коррупсия меафзояд. Ҳоло коршиносон ва сиёсатмадорон ба ин натиҷа расидаанд, ки коррупсия ба гунае падидаи фарогир шудааст, ки на танҳо дар кишварҳои фақир ва дар ҳоли рушд, балки дар кишварҳои пешрафта низ ҳолатҳои зиёди коррупсионӣ ба мушоҳида мерасад.
Коррупсия натанҳо натиҷаи набудани ахлоқи хуб дар байни мансабдорон аст, балки натиҷаи якчанд омилҳои мураккаби иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои коҳиш додани сатҳи коррупсия ва дар сатҳи давлат ташкил намудани пешгирии он як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.
Қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ташкил намудани мақомоти махсуси муборизабаранда –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, шомил шудани Тоҷикистон ба Созишномаи мубориза бо корупсияи Созмони Миллали Мутаҳид, мувофиқсозии қонунгузорӣ бо меьёрҳои байналмилалӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандони давлатӣ, афзоиши шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва барномаи давлатии зидди корупсия барои солҳои 2021-2026 равандҳои истиқболкунандаест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули кишвар анҷом додааст.
Дарёфти манбаъ ва аз байн бурдани решаҳои коррупсия нисбат ба мубориза бар зидди он авлотар аст. Асли кор ин аст, ки мубориза алайҳи фасод бо садову шиор ва бархӯрди мустақим ғайриимкон ва бефоида аст. Aз ин рӯ, мо бояд донишу таҷрибаро барои аз байн бурдани решаҳои коррупсия афзун намуда, барои расидан ба ин ҳадаф ҷиҳати ислоҳоти сохторӣ чораҳои таъхирнопазир андешем. Гузашта аз ин, муайян кардани агентҳои фасод дар ин самт як қадами муҳим арзёбӣ мешавад. Истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ низ дар ин самт хеле муҳим аст. Дар ҷаҳон оид ба сабабҳои коррупсия тадқиқотҳои зиёд гузаронида шудаанд ва мо бояд бо масъалаи мубориза бо коррупсия ба таври махсус машғул шавем.
Мубориза дар ин самт ҳамон вақт муассиру таъсирбахш метавонад бошад, ки давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди ин кишвар дар ҳамбастагӣ барои решакан намудани он нақши ҳалкунандаи худро дошта бошанд.
Бояд ин мубориза дар доираи сохтор ва ҳамоҳангӣ амалӣ карда шавад. Маҳз ҳамин мубориза аз қисматҳо ва нуқтаҳои ҳассос оғоз гардад ва ҳадаф хушк кардани реша бошад, на буридани барг, ки дар акси ҳол баргҳои нав пайдо мешаванд. Маънии реша ин ҳама омилҳое аст, ки имкони даст задан ба фасодро фароҳам меорад.
Коррупсия як зуҳуроти хатарнок ва монеаи асосӣ дар роҳи рушди давлату миллат мебошад. Мубориза бо он танҳо тавассути қабули қонунҳо ва таъсири ниҳодҳо имконпазир нест. Зарур аст, ки тамоми ҷомеа аз шаҳрванд то мансабдор, аз омӯзгор то рӯзноманигор ва дигар қишрҳо дар ин ҷараён фаъолона иштирок намоянд.
Ҳар шахс бояд дарк намояд, ки танҳо бо роҳи поквиҷдонӣ, ростқавлӣ ва риояи қонуну муқарароти ҷорӣ метавонем ҷомеаи боадолат ва муваффақро бунёд кунем. Мубориза алайҳи коррупсия кори якрӯза набуда, раванди пайваста ва устуворест, ки саъю кушиши дастҷамьонаро тақозо дорад.
Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.
Фирдавс САЙФИДДИНОВ,
мутахассиси шуъбаи
робитаҳои байналмилалии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng